Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БРЕНДҲОИ МАҲАЛЛӢ. Чаро аз онҳо истифода намекунем?


БРЕНДҲОИ МАҲАЛЛӢ. Чаро аз онҳо истифода намекунем?




Дар ҷаҳон раванди ташкил намудани рамз (символ, намод, бренд)-и шаҳрҳо рӯ ба рушд ниҳодааст. Онҳо яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон ва муаррификунандаи маҳал дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа мебошанд.

Брендҳои маҳаллӣ муаррифгари ин ё он давлат мебошанд. Онҳо дар зеҳни инсонҳо таассуроти ёдмандеро дар бораи шаҳру минтақа ё кишвари муайян шакл медиҳанд.

Масалан, дар баробари шунидани Манораи Эйфел – Париж, соати Бигбен - Лондон, Аҳром - Миср, Кализей - Рим, ҳайкали Исои Масеҳ - Рио-де- Женейро, Кремл-Москва, Регистон-Самарқанд ва ғайра ба хотир меояд.

Савол ба миён меояд, ки оё вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он чунин бренд, нишон, логотип ё рамзи худро доранд? Агар дошта бошанд, чаро истифода намешаванд? Ва агар надоранд, чаро? Барои интихоб, коркард ва роҳандозии онҳо кадом сохтор масъул аст? Чаро то имрӯз аз ин василаи тарғиб истифода намекунанд?

Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон буда, аз ҷиҳати сайёҳӣ бо мавзеъҳои бисёр хушманзараву мусоидаш ҷаззоб аст. Дар вилоят 139 мавзеи сайёҳӣ ва 22 харитаи сайёҳӣ мавҷуд аст.

Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Алимаҳмад Ниёзов, тӯли чанд сол мешавад, ки аз ҷониби шуъбаи мазкур бренди вилояти Хатлон дар соҳаи сайёҳӣ мавриди истифода қарор дорад. Бренди мазкур ранга буда, аз чанд аломат иборат аст, ки инъикоскунандаи баъзе аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят мебошад. Дар бренд нақшу нигори чакан дар шакли доира, гирди он нурҳои офтоб, ду қуллаи кӯҳ ва дар зери бо забони англисӣ навиштаҷоти “KHATLON land of legends” (“Хатлон - сарзамин афсонавӣ”) ҷой дода шудааст.

Тибқи иттилои ӯ, аз ҷониби сохторҳои дахлдори сайёҳии вилоят айни замон лоиҳаҳои ангоравии брендҳои сайёҳии 10 шаҳру ноҳияи вилоят пас аз таҳия ва коркарди мутахассисон дар муҳокимаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қарор дорад. Аммо аз номбар намудани он, ки кадом шаҳру ноҳияҳоанд, худдорӣ намуд.

Дар ҳамин баробар, мо мавзеъҳои сайёҳии якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро доир ба ин масъала мавриди таҳлил қарор додем. 

Шаҳри Норак яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ буда, обанборҳои НБО “Норак” ва “Бойғозӣ”, истироҳатгоҳҳои “Пули Сангин”-у “Чашма”, Боғи “Анор” аз ҷумлаи мавзеъҳои сайёҳии шаҳр ба ҳисоб мераванд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак анорро ҳамчун бренди шаҳр дар солҳои охир васеъ истифода бурда истодаанд. Ҳатто дар як гӯшаи шаҳр муҷассамаи рамзии анорро гузоштаанд.

Дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара чанд сол пеш сутунпояи хӯшаи гандум гузошташуд. Ин манора аллакай бренди ноҳия гардидааст. Аммо аниқ нест, ки он расман эълон ва ё тасдиқ шудааст ё не.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин яке аз ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон буда, аз маркази вилоят дар масоҳати 221 км ҷойгир аст. Ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳия метавон майдони Парчами давлатӣ, кӯҳи Эмом Аскар дар баландии 3000 метр, роҳи байналмилалии автомобилгарди Кӯлоб - Ш. Шоҳин, мамнуъгоҳи “Даштиҷум” ва ғайрро шомил намуд. Мутаассифона, то имрӯз ноҳияи мазкур ба худ бренди сайёҳӣ надорад. Дар ин маврид, метавон яке аз ҷонварони нодири табиати кишвар, ки дар бештар мавридҳо дар ин ноҳия вохӯрдан мумкин аст - бузи куҳии пармашохро пешниҳод намуд.

Кӯлоб яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буда, бо махсусиятҳои худ аз дигар шаҳру ноҳияҳо фарқ дорад.

Дар Кӯлоб Муҷтамаъ ва осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, оромгоҳи мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб, маҷмааи “Дуои модар” маконҳои асосии сайёҳии шаҳр мебошанд.  Шаҳри Кӯлоб ҳам мисли қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои вилоят рамзи муайяни сайёҳии худро надорад.

Маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар солҳои 30-юми асри ХХ мақоми шаҳрро гирифтааст. Аммо то ҳол аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ бренди ягонаи муаррификунандаи шаҳр мавҷуд нест.

Дар шаҳр қалъаи таърихии Қӯрғон, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншоотҳое мавҷуданд, ки метавон онҳоро ҳамчун бренд истифода бурд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО-и кишвар акси қалъаи таърихии Қӯрғон ҳамчун символи ғайрирасмии шаҳри Бохтар истифода мешавад.

Кӯҳнаварди машҳури хатлонӣ Фарҳод Муъминов ба он назар аст, ки доштани брендҳои сайёҳӣ барои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба манфиати кор буда, боиси ҷалби бештари хориҷиён ва муаррифии он мегардад. Ӯ пешниҳод менамояд, ки барои шаҳри Левакант ҳамчун рамзи сайёҳӣ бояд садди НБО-и “Сарбанд” ё кӯҳе, ки миёни мардум панҷангушта ном дорад ва он дар ҳудуди ин шаҳр ҷойгир аст, интихоб намуд.

-Кӯҳе, ки панҷангушта ном дорад, дар ҳақиқат аз дурӣ ба панҷ ангушти дастони инсон шабоҳат дорад. Метавон онро ҳамчун бренди шаҳри Левакант интихоб намуд. Зеро яке аз принсипҳои асосии интихоби брендҳо ин мавзеъҳои ғайриоддӣ ва ҷолиб мебошад, - мегӯяд кӯҳнаварди хатлонӣ.

Дар ин ҷо мо ҳамчун ғизо барои андеша намунаи брендҳои сайёҳиро пешниҳод менамоем: шаҳри Бохтар-қалъаи таърихии Қӯрғон, Муъминобод-мавзеи Чилдухтарон, Балҷувон- мавзеи Сари Хосор, Восеъ-Қалъаи таърихии Ҳулбук, Шаҳритус-мадрасаи Хоҷа Машҳад ё муҷасаммаи Тӯс, Носири Хусрав-Чилучорчашма, Дӯстӣ-“Бешаи палангон”, Ҷайҳун-лимӯ, Ҷалолиддини Балхӣ- муҷассамаи Мавлоно Балхӣ ё қалъаи Ҳалевард, Қубодиён-Тахти Сангин, Ховалинг- мақбараи Султон Увайси Қаранӣ, Вахш-дайри буддоии Аҷинатеппа, Темурмалик- муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, Панҷ-дарёи Панҷ, Фархор қалъаи Золи Зарро метавон истифода намуд.

Ин вариантро аз мавзеъҳои таърихие гирифтем, ки дар ноҳия мавҷуданд. Аммо дигар шаҳру ноҳияи вилоят Кӯшониён, Хуросон, Ёвон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки аз ҷиҳати сайёҳӣ нисбатан камтаваҷҷуҳанд, метавонанд бо истифода аз тарроҳу дизайнерони графикӣ ба ноҳияи худ рамзеро офаранд, ки инъикосгари ҳаёту фаъолият ва ҷолибияти мавзеи зисти онҳо бошад.

Толиб ТОЛИБЗОДА,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода