Нишондиҳандаҳои рушди вилояти Хатлон дар соли 2023 назаррасанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 247
Соли 2023 барои мардуми шарифи вилояти Хатлон дар ҷодаи татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон соли бобарор ва самарабахш арзёбӣ мегардад.
Дар давоми соли 2023 барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт, пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти вилоят, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, рушди комплекси агросаноатӣ, коммуникатсия, хизматрасонии коммуналӣ, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, вусъатбахшӣ ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, ки аз рўйи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, дар вилояти Хатлон тадбирҳои мушаххас андешида шуд.
Идораи рӯзномаи “Хатлон” тасмим гирифт, ки вобаста ба дастовардҳои вилоят дар соли сипаришуда маълумоти фишурдаро манзур намояд. Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилоят дар соли 2023 ба 36 миллиарду 64,7 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбат ба соли 2022-юм 8,3% мебошад. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 27,6% аст.
АНДОЗ
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2023 ҳамагӣ 105,1% таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 392,5 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст. Ин нишондод нисбат ба нақша 117,1 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2022-юм 337,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо 105,6% таъмин гардида, 2 миллиарду 10,6 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки ба қадри 107,2 миллион сомонӣ бештар аз нақша аст.
МОЛИЯ
Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 2 миллиарду 966,9 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шуда, 2 миллиарду 618,3 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,3%-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
НАФАҚА
Шумораи нафақагирон дар вилоят 284134 нафар буда, талаботи нафақапулӣ, ки 1 миллиарду 178,2 миллион сомониро ташкил мекунад, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст. Ҳисоби миёнаи маблағи нафақа 365,08 сомонӣ мебошад, ки нисбат ба соли 2022-юм 47,42 сомонӣ зиёд гардидааст.
БОНКҲО
Дар соли 2023 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 3 миллиарду 965,5 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 955,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад (131,7%). Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағи умумӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 1 миллиарду 77,5 миллион сомонӣ (27,2%), саноат 156,2 миллион сомонӣ (3,9%), сохтмон 143,1 миллион сомонӣ (3,6%), нақлиёт 21,7 миллион сомонӣ (0,5%), хӯроки ҷамъиятӣ 3,4 миллион сомонӣ (0,1%), хизматрасонӣ 323,6 миллион сомонӣ (8,2%), савдои хориҷӣ 360,5 миллион сомонӣ (9,1%), истеъмолот 1 миллиард 783,3 миллион сомонӣ (45 %) ва дигар соҳаҳо 96,2 миллион сомонӣ (2,4%) равона карда шудааст.
САВДО
Гардиши мол дар соли 2023 ба 14 миллиарду 946,7 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2022-юм 132% ё ин ки 3 миллиарду 619,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 2 миллиарду 623,6 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022-юм 113% ё баробари 299,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
САВДОИ ХОРИҶӢ
Дар соли 2023 гардиши савдои хориҷӣ 503,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2022-юм 101,1% ё ин ки 5,3 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти мол ба 232,9 миллион доллар расида, воридот ба вилоят 270,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
САРМОЯГУЗОРӢ
Дар вилоят 44 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда 1 миллиарду 36 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар вилоят ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида шуда, дар соли ҷорӣ 59,3 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 52 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, ба вилоят 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ
Ба ҳолати 1 декабри соли 2023 дар вилоят 66023 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, аз ҷумла аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ - 7117 ҷой ва аз ҳисоби шахсони воқеӣ - 58906 ҷойи корӣ.
КИШОВАРЗӢ
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 35 миллиарду 326 миллиону 251,2 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба соли 2022-юм ба 106,8 фоиз баробар гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 103,1% (24 миллиарду 640 миллиону 108,2 ҳазор сомонӣ); соҳаи чорводорӣ 116,5% (10 миллиарду 686 миллиону 143,0 ҳазор сомонӣ).
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи растанипарварӣ дар соли 2023-юм 1086171 тонна ғалладона, 229089 тонна пахта, 227331 тонна картошка, 1788155 тонна сабзавот, 764295 тонна полезӣ, 276234 тонна мевагиҳо, 92600 тонна ангур, 823212 тонна хӯроки чорво ба ҳисоби воҳиди хӯрока ва 28873 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва гулҳо истеҳсол гардид.
Дар соҳаи чорвопарварӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 236686 тонна (117,6%), шир 575455 тонна (106%), тухм 134086,4 ҳазор дона (110%), пашм 5970 тонна (104%), пилла 115,6 тонна (64,2%) асал 1219,6 тонна (100,5%) ва моҳӣ 3928,0 тоннаро (110,4%) ташкил дода, афзоиши ҳаҷми истеҳсол нисбат ба соли 2022 аз 0,5 то 17,5 фоизро ташкил медиҳад.
САНОАТ
Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиарду 662,1 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2022-юм 1 миллиарду 53,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 57%, истихроҷи маъдан 4,3%, истеҳсоли неруи барқ 38,2% ва хизматрасонии об 0,5%-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 саноати коркард 104,8%, истихроҷ 110,8%, истеҳсоли неруи барқ 118,5% ва хизматрасонии об 103,4% афзоиш ёфт.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят 24500,3 тонна гӯшт ва каллапоча (103,2%) ва 567,4 тонна ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ (117,5%), 2156 тонна маҳсулоти шири холис (107,6%), 16549,3 тонна равғани растанӣ (110,4%), истеҳсоли консерва 33449,5 ҳазор қуттии шартӣ (101,7%), коркарди намаки ошӣ 14821,2 тонна (106%), маҳсулоти қаннодӣ 1499,3 тонна (120,6%), маҳсулоти макаронӣ 504 тонна (106%), обҳои ташнагишикан 85262 декалитр (109%), матои адрас 34 ҳазор метри мураббаъ (107%), маҳсулоти дӯзандагӣ ба маблағи 59348,1 ҳазор сомонӣ (117,4%), матои трикотажӣ 2348,7 ҳазор метри мураббаъ (5,2 баробар), истеҳсоли бензин 4064,4 тонна (8,5 баробар), симтӯр 669398,3 метри мураббаъ (4,1 маротиба), қувваи барқ ҳамагӣ 18232,1 миллион квт. соат (103,8%) истеҳсол шудааст, ки истеҳсоли аксар маҳсулот дар қиёс нисбат ба соли 2022 мутаносибан аз 100 фоиз то 4,1 маротиба зиёд мебошад.
Дар соли 2023-юм 119 корхона ва коргоҳ таъсис дода шудааст. Дар корхонаҳои навтаъсиси соҳаи саноат 879 ҷойи кории нав фароҳам оварда шудааст.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
28-12-2023, 16:56
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...