ЭЪЛОН! Озмуни онлайнии “ВАССОФИ ОМӮЗГОР” баргузор мешавад.
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 401
Озмун аз тарафи идораи РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" ва Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташкил карда шудааст.
Ҳадафи аслии баргузории озмун муаррифӣ ва ситоиши омӯзгору мураббӣ, бузургӣ, нақш ва мақоми мондагори омӯзгор дар ташаккул ва рушди ҷомеа мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат мақоми омӯзгорро дар ҷомеа баланд ва махсус арзёбӣ карданд. Таҷассуми муҳаббати шогирд ба устод, дӯст доштан, эҳтиром кардан, арҷгузорӣ ба ранҷу заҳмат ва мақому манзалати омӯзгор аз ҷумлаи ҳадафҳои озмуни мазкур мебошад.
Озмуни “Вассофи омӯзгор” барои беҳтарин қироати онлайнии шеър ва хониши адабӣ дар ситоиши омӯзгор гузаронида шуда, ҳар касе, ки парвардаи устод аст, аз тамоми гӯшаву канори кишвар иштирокчии он буда метавонад.
Дар озмуни беҳтарин қироати онлайнии шеър ва хониши адабӣ дар ситоиши омӯзгор маводҳои видеоӣ дар ҳаҷми на бештар аз 3 дақиқа дар формати 16:9, бо ишора ба муаллифи шеър (тарона, лавҳа) ва зикри ному насаби ровӣ, фаъолият ё машғулияти довталаб қабул карда мешавад.
Маводҳои видеоии довталабон дар шабакаҳои иҷтимоии рӯзномаи “Хатлон” нашр ва дар саҳифаи фейсбукии Раёсати маорифи вилояти Хатлон бознашр мегарданд. Барои баҳогузорӣ шумораи “писанд” (лайк), “шарҳ” (комментария) ва миқдори фарогирии тамошобинон (охват) низ ба инобат гирифта мешавад. Видеои довталабоне, ки қаблан ё ҳамзамон дар озмунҳои дигар истифода шудааст, барои баҳогузорӣ пешниҳод намегарданд.
Ҳайати ҳакамон то якшанбеи ҳафтаи якуми моҳи октябри соли 2024 ба ифтихори Рӯзи омӯзгор натиҷаҳои озмунро ҷамъбаст менамоянд.
Ғолибони озмун бо Диплом ва мукофотҳои арзишманд дар арафаи Рӯзи омӯзгор қадрдонӣ карда мешаванд.
Довталабон метавонанд, ки маводи видиои худро тариқи Ватсап (+992 900-10-84-60) ва Телеграм (+992 918-56-29-00) ирсол намоянд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...