Сарваре, ки “Шоҳнома” тақдим мекунад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 282
Аз андешаҳои муҳаққиқон бармеояд, ки китоби безаволи Абулқосими Фирдавсӣ -“Шоҳнома”, на танҳо як асари адабиёт, балки таърихи зиндаи миллат мебошад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо урфу одат, маданият, хирад, давлатдорӣ, салтанат, сиёсат ва дигар паҳлуҳои гунонуни ҳаёти гузаштаи моро дар худ таҷассум намудааст ва ҳифз кардааст. Ба ибораи дигар, “Шоҳнома” пандномае аз гузаштагон барои имрӯзиён мебошад.
Тақдими китоб ба ҳар оила, доир намудани озмунҳои маърифатпарварона шаҳодат аз он аст, ки миллати тоҷик аз азал китобдору соҳибдевон буда, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоссаро бо илму адаб касб намудааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо пешниҳод ва иқдоми наҷиби маорифпарваронаи Сарвари давлат китоби безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дубора чоп ва ба ҳар оилаи тоҷик дастрас карда шуд. Ин иқдом барои шинохти миллат ва воқиф шудан аз таъриху тамаддун ва фарҳанги пурғановати ниёгон саҳми назаррас гузошт. Ҳоло ҳар як оилаи кишвар аз ин асари таърихӣ истифода мебаранд ва фарзандонро баҳри шинохти асли хеш роҳнамоӣ месозанд.
Пешниҳоди маорифпарваронаи Пешвои миллат
Зимни баргузории Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Ҳамчунон, ки китоби “Тоҷикон”-ро тарҷума карда, паҳн намудем, асари безаволи “Шоҳнома”-ро низ чоп карда, ба ҳар як оилаи кишвар тақдим мекунем”. Албатта, ин пешниҳоди маорифпарваронаи Пешвои миллат аз ҷониби аҳли сокинони кишвар хуш пазируфта шуд. Ин тасмим сокинони кишварро рӯҳбаланд намуд.
Рустам Казаков, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДБ ба номи Носири Хусрав, пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба наздиктарин фурсат “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро аз ҳисоби фонди президент нашр карда, ба тамоми аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданро ташаббуси беназир медонад. Ин иқдом саривақтӣ буда, барои боз ҳам ғанӣ гардонидан ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии шаҳрвандон заминаи хубе хоҳад шуд.
-Дар ҷомеае, ки дар ҳоли рушд аст, ҳаёти иқтисодӣ субот дорад, равандҳои си ёсӣ дар чорчӯбаи қонун авҷ гирифта истодааст, ба роҳ мондани чунин чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои рушди тафаккури созандаи ҷомеа, махсусан ҷавонон саҳми назарр ас дорад, - иброз медорад, Р. Казаков.
Гадомат Зулфиев, устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, чунин назар дорад: “Ба кулли иқдомоти Сарвари давлат назар афканем, баръало эҳсос мегардад, ки Пешвои муаззами миллат талош бар он доранд, ки мо ҳарчи бештар ба асолати хеш пайвандем. Аз оне ки ба фарҳанги бегона рӯ меорему побанди тақлидкорӣ, урфу одати онҳо мешавем, бигзор ба фарҳанги аслии хеш рӯ оварем. Муаррифгари фарҳангу тамаддуни худ буда, вориси бузургон ва чеҳраҳои таърихии худ бошем”.
Натиҷаи ин пешниҳодҳо
Олимону адабаиётшиносон бар он назаранд, ки агар миллати тоҷик таърихи хешро аз “Тоҷикон” омӯзанд, фарҳангу тамаддун ва шеъру суханро аз “Шоҳнома” дармеёбанд. Аз ин рӯ, тақдими ин асар дар баланд шудани ҳисси ватандӯстии сокинон нақши калон хоҳад бозид. Зеро ҷавҳари асосии “Шоҳнома”-ро Ватану ватандорӣ, арҷгузорӣ ба миллату давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун ташкил медиҳад. Миллати тоҷик китобхону китобдор буд ва эҳёи дубораи он ва гузаронидани озмуну чорабиниҳои гуногун боиси васеъ шудани дониши аҳолӣ хоҳад шуд.
Номзади илмҳои филологӣ Муҳаббат Маҳмадалиева мегӯяд: «боиси фараҳмандии аҳли зиё ва умуман тамоми ҷомеаи Тоҷикистон гардидааст, ки бо ибтикори Сарвари давлат “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр шуда, дастраси ҳамагон мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари оне, ки дар пешбурди Тоҷикистон дар тамоми ҷабҳаҳо саъю талош меварзанд, боз барои баланд гардонидани маърифату маданият, худшиносии ин миллат андешаҳову иқдомоти бисёр ҳам боризе доранд. Ибтикороти эшон барои боз ҳам ба қуллаҳои баланди маънавиёт расидани мардум мусоидат менамояд».
Дарвоқеъ барои арҷ гузоштан ба осори ниёгон, ба хотири боз ҳам боло рафтани сатҳи маданияту маърифат ва худшиносии мардуми тоҷик, тақдими “Тоҷикон” ва ин навбат “Шоҳнома” гувоҳи ин гуфтаҳо буда метавонад. Ба боварии комил метавон зикр намуд, ки иқдомоти неки Пешвои миллат баҳри афзун намудани донишу малакаи нафарони китобдӯсту маърифатпарвар заминаи мусоиде хоҳад буд.
Чи тавре ки Давлаталӣ Алимов, доктори илмҳои таърих, қайд намуд: “Агар китоби “Тоҷикон” аз таърихи ба вуҷуд омадани миллат дар солҳои қадиму асри миёнаву давраи нав дарак диҳад, “Шоҳнома” дараҷаи фарҳангиву шахсияти миллати тоҷикро боз ҳам зиёдтар мекунад. Доир ба таърихи фарҳангу воқеаҳои таърихие, ки аз сари миллати тоҷик гузаштаанд, муборизаҳои халқи тоҷик барои ватандорӣ ва ватандӯстӣ меравад. “Шоҳнома” мақоми бузург дорад. Ба боварии комил метавон гуфт, ки баъди тақдими “Шоҳнома” халқи тоҷик бори дигар бо ин асари безаволи гузаштаи худ аз наздик шинос мешавад ва барои баланд бардоштани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ саҳми назаррас мегузорад”.
Дар тӯли 32 соли ба даст овардани истиқлоли комили кишвар Пешвои муаззами миллат тавонист бо иқдомоти маорифпарваронаи хеш миллати тоҷикро бо фарҳангу тамаддун, урфу одат, расму оини хоси тоҷикона дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Абдулло РИОЕВ , “ХАТЛОН ”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...