«Хатлон» озмуни навбатиро ҷамъбаст намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 211
Идораи рӯзномаи “Хатлон” дар арафаи Соли нави 2024 озмуни навбатии эҷодиро муштаракан бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон таҳти унвони “Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан” ҷамъбаст ва ғолибонро эълон намуд.
Бо мақсади қадрдонии ғолибони озмун дар маҷлисгоҳи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо иштироки масъулин ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ҷамъомад сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Н. Маъмурзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Р. Насриддинзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст, Н. Маъмурзода доир ба раванди озмун, маводҳои пешниҳодшуда, талабот ва тартиби интишори маводҳо суханронӣ намуд.
- Дар доираи озмуни мазкур ба идораи рӯзномаи “Хатлон” беш аз 40 довталаб маводҳои худро пешниҳод намуданд, ки аз ин шумора 21 матлаби довталабон ба талаботи озмун ҷавобгӯ буд ва дар нашрия ва саҳифаҳои рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонида шуданд, - гуфт сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”. - Мақс ади асосии баргузории озмуни “Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан” арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва муаррифии онҳо ба шаҳрвандон буд, - таъкид дошт зимни баромади худ Р. Насриддинзода.
Мувофиқи хулосаи комиссияи босалоҳият матлаби журналист аз ноҳияи Муъминобод Ҷамахони Бобохон таҳти унвони “Нақши Пешвои миллат дар ҳаёти оилаи ман” сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Ҳамчунин, маводҳои Д. Қурбонов, раиси созмони ҷавонони ДДБ ба номи Носири Хусрав “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” – зодаи Истиқлол”, Р. Раҳматова, корманди рӯзномаи “Хатлон”, таҳти унвони “Об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност...” сазовори ҷойи дуюм, мақолаи Ф. Шарифзода, корманди суди шаҳри Бохтар “Мактаби дипломатияи Пешвои миллат”, Албинаи Абдусаттор, рӯзноманигори телевизиони “Хатлон”, “Шуҷоати Президенти мардумӣ” ва Шердил Исуфов, омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ “Калиди соҳибдавлатӣ” сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Ҳамзамон, муаллифон С. Шарипов, дотсенти ДДБ ба номи Носири Хусрав, Адолати Маҳмадалӣ, корманди радиои вилояти Хатлон, Умедҷон Амонӣ, узви Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯёни ИДМ ва Шабнам Абдуллоева, магистранти ДДК ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб шуданд. Ғолибон бо дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии идораи рӯзномаи “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.
Дар назар аст, ки маводҳои дар доираи озмун дар рӯзномаи “Хатлон” интишорёфта дар шакли маҷмуаи мақолаҳо нашр ва дастраси омма хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни муштараки эҷодии идораи рӯзномаи “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон таҳти унвони “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2023 эълон гардида буд.
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00