Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Пули нимасохте, ки ба нестӣ меравад (навор)


Пули нимасохте, ки ба нестӣ меравад (навор)



Наздик ба 3 сол мешавад, ки ронандаҳо ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон ҳангоми гузаштан аз ин мавзеи харобу садамабор дучори мушкилӣ мешаванд. Ин пул воқеъ дар деҳи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, ду ноҳияро бо ҳам мепайвандад. Пули мазкур чанд сол пеш дар натиҷаи омадани сел хароб гардида, зоҳиран, аз таваҷҷуҳи масъулин дур мондааст. Набудани аломати огоҳкунанда ва харобии роҳ борҳо ронандаҳоро дучори садамаҳои нақлиётӣ гардонидааст. Касе медонад, ки кай ва кӣ бояд ин пулро таъмиру азнавсозӣ кунад?

Навобод 2-и Ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, чуноне ки дар боло зикр кардем, дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел аз доманакӯҳҳо пурра хароб гардидааст. Ба гуфтаи сокинони маҳал се сол боз ин мушкилӣ ҳалли худро наёфтааст. Сокинон ва ронандаҳо ҳангоми гузаштан аз ин мавзеъ, бахусус дар фасли баҳор, дар пайи боришоти борон ба мушкилиҳои зиёд мувоҷеҳ мегарданд.

Чи тавре ки Раҷабалӣ Муродов, роҳбари идораи роҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод: “Ин пул баҳори соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва якбора омадани сел аз кӯҳи Хоҷамастон пурр а аз байн рафт.

Соли 2022 корҳои таъмиру таҷдиди он оғоз гардид аз сабабе ки ин мавзеъ селбур аст, мутахасс исон 20 метр дохили онро кофта, бетону арматурбофӣ карданд. Сутунҳояшро мустаҳкам намуда, қисмати болояшро бо плита пӯшониданд. Аммо намедонам аз кадом сабаб бошад, дигар сохтмони пул пурр а ба охир нарасида, нотамом монд”.

Аз мушоҳидаҳо маълум гардид, ки сохтмони пул ба охир нарасида, боз обҳои борон зери сутунҳоро шуста бурдааст. Ҳоло сутунҳои зери пул ноустувор боқӣ монда, “ба умеди боронҳои бошиддати баҳорӣ ҳастанд”, то заҳмати нотамоми сохтмончиёнро шуста барад.

Масъулин чӣ мегӯянд? 

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро сохтусози пул нотамом монд? Раҷабалӣ Муродов, роҳбари муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, зимни суҳбат сабаби воқеии ба анҷом нарасидани таъмирро гуфта натавонист ва ба мо тавсия дод, ки барои дарёфти посухи ин суол ба идораи роҳи вилоят муроҷиат намоем.

Мо барои дарёфти посух ба Нусратулло Ҳақназаров, роҳбари муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар, муроҷиат намудем. Дар суҳбати бидуни сабт ба мо гуфт: “Ҳоло ман имкони дар ин масъала суҳбат карданро надорам, дар сурати аз ҷумҳурӣ маълумот дастрас намудан, маълумотро ба шумо мерасонам”.

Бо ҳамин шева аз утоқи кориаш бошитоб баромада рафт. Баъдан, бо зангҳои телефонӣ низ ҷавоб надод. Маълум гардид, ки аз роҳбарияти вилоятии ин ниҳод сар карда, то ноҳия харобии ин роҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, нисбати таъмиру азнавсозии он умуман таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд.

Ронандагон шикоят мекунанд, ки...

Хароб шудани ин пул ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт таъсири манфӣ расонидааст. Оид ба ин масъала Сафарбек Назаров, директори Ассотсиатсияи оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд: “Идораи мо, ки дар канори роҳ ҷойгир аст, қариб ҳар рӯз ронандаҳо омада шикоят мекунанд, ки роҳ кай обод мешавад?”.

Ронандаи мошини боркаши тамғаи «Дулан», ки нахост номаш зикр гардад, мегӯяд, ки гузаштан аз ин мавзеи хатарзо бо бори гарон бисёр душвор аст. «Шабона бошад, бо ҳолатҳои вазнин рӯ ба рӯ мешавем. Аз масъулин хоҳиш мекунем, ки ҳарчӣ зудтар ин пулро обод созанд»,- афзуд ӯ.

Бобомурод Тағоев, ронандаи мусофирбар, ки ҳамарӯза аз ин роҳ гузар мекунад, чунин мегӯяд: “Беш аз се сол мешавад, ки мо-ронандаҳо ҳангоми гузаштан аз ин мавзеи хатарзо бо ин мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавем. Вале масъулин парво надоранд. Як муддат таъмир мекарданд, боз бо кадом сабаб кор қатъ гардид. Ҳангоми гузаштан аз ин селроҳа таги мошин мерасад, дар сурати омадани мошинҳои калонҳаҷм танбашавӣ ба амал меояд ва дигар мушкилиҳо сар мезанад”.

Чаро аломати огоҳикунанда насб нагардидааст?

Яке аз сабабҳои асосии рух додани садамаҳои воситаҳои нақлиёт дар ин мавзеъ ин аломатгузорӣ нашудан дар шафати роҳ мебошад. Мутахассисони идораи роҳро мебояд дар ду тарафи роҳ аломатҳои бозгӯкунандаи ҳолати садамавии роҳро насб намоянд. Мутаассифона, ҳеҷ навъи аломат насб нагардидааст. Сокинони деҳаи Навобод чандин маротиба шоҳиди садамаҳои нақлиётӣ аз набудани аломат гардидаанд. Бо суоли “Чаро масъулин аломатҳои лозимаро дар ин мавзеъ насб намекунанд?” ба идораи роҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муроҷиат намудем.

Раҷабалӣ Муродов, роҳбари муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мегӯяд: “Баъди хароб гардидани пул, дар байни роҳ як плитаро гузошта будем, то ба ронандаҳо маълум гардад, ки идомаи роҳ дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Чандин мошин дар ана ҳамон плита бархӯрд намуданд. Боз плитаро гирифта, аломат насб кардем. Шахсан худам шоҳиди як садамаи нақлиётӣ гардидам. Аз дохили дара мошинро кашида баровардем”.

Вале аз сокинон касе он аломатро надидааст ва намедонад, ки дар куҷо насб шуда бошад.
[media=]
Мошинҳои калон - пули вайрон

Дар хароб гардидани роҳҳои ин мавзеъ ва пули мазкур мошинҳои боркаш низ сабаб буда метавонанд. Чунки кашонидани вазни зиёд ба чунин ҳолат оварда мерасонад. Ноҳияи Ёвон яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатии вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад, ки ҳамарӯза молу маҳсулоти истеҳсолшуда тариқи мошинҳои боркаш аз ҳамин мавзеъ убур карда, ба минтақаи ҷануби кишвар ва ҳатто ба хориҷа мераванд.

Сокинони ин деҳа як сабаби зуд хароб гардидани пулро дар рафтуои мошинҳои вазнинбор медонанд, зеро ҳамарӯза корвони мошинҳои борбари корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон аз ин мавзеъ мегузаранд.

Сафарбек Назаров, роҳбари Ассотсиатсияи идораи оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, доир ба ҳам омадану бунёди ин пул чунин қайд намуд: “Ба ҳамагон маълум аст, ки ин шоҳроҳи пайвандгари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон аст. Тамоми техникаҳо ва сокинон ҳамарӯза аз ин пул мегузаранд. Хуб мешавад, ки дастаҷамъона масъулини идораи роҳҳои ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷиҳати таъмини техникаҳо мусоидат намоянд ва бо ҷалби мардуми маҳаллӣ пулро обод намоем”. Мардуми одӣ омода ҳастанд, ки дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор ин мушкилиро ҳал намоянд.

Бунёд нагардидани пул чӣ паёмадҳоро ба бор меорад?

Ба андешаи мутахассисон дар сурати саривақт бунёд нагардидани пули нав ва мустаҳкам накардани атрофи шохоби чап, паёмадҳои ногуворро интизор аст. “Ҳангоми фаромадани сел аз кӯҳи Хоҷамастон шохоби чапе, ки аз ноҳияи Ёвон меояд ва Ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд, қисман хароб карда, пулро низ шуста бурд. Шохобе, ки айни ҳол таъминкунандаи оби ҷамоати мазкур мебошад, бояд бо сангу шағал пур карда, мустаҳкам намоем, вагарна, боз дар натиҷаи омадани сел беш аз 150 хоҷагии деҳқонии Ҷамоати деҳоти “Ифтихор” пурра бе об мемонанд.

Дар натиҷа, сокинони як ҷамоат пурра аз оби ошомиданӣ маҳрум мегарданд. Ҳоло ки имкон дорем, бояд дастаҷамъона ҳарчи зудтар ин пулро сохта, атрофи шохоби чапро мустаҳкам намоем”,- мегӯяд Ҳусейн Абдуназаров, менеҷери Асотсиатсияи оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

А. РИОЕВ , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода