Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Парвариши павловния дар Ҳамадонӣ


Парвариши павловния дар Ҳамадонӣ



Соли 2023 дар заминҳои Хоҷагии ҷангали ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба парвариши дарахти павловния шуруъ намуданд. Он давоми як сол аллакай нашъунамо ёфта, зиёда аз 5 метр қад кашидааст.

Тавре аз шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ иттилоъ доданд, инчунин хоҷагидорони ноҳия 1200 бех дарахти павловния шинонида шуд, ки нашъунамои хуб доранд. Изҳор гардид, ки айни замон дар ҳудуди шаҳраку деҳот, муассисаву ташкилот ва ҷамоатҳои ноҳия беш аз 45 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг, 49 ҳазор дона қаламчаи гули лола, 2400 бех дарахтони сӯзанбарги ҳамешасабз ва 2100 бех дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода