«Эҳёи водии лабташна»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 268
Чанде пеш таҳти ин ном китоби нави журналисти варзида, Корманди шоистаи Тоҷикистон, собиқ корманди рӯзномаи «Хатлон» Аъзам Мӯсоев ба нашр расид. Дар он роҷеъ ба таърихи қадим ва эҳёи водии зархези Вахш, заҳмати бунёдкорони ин иншооти муҳим маълумоти фаровон ҷамъоварӣ шудааст.
Дар китоб қайд шудааст, ки замони шуравӣ, аниқтараш дар доираи панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи ИҶШС (солҳои 1928-1933), азхудкунии заминҳои нав, бунёди корхонаҳои азими саноати вазнин ва ғайра ба нақша гирифта, марҳила ба марҳила амалӣ шуданд. Бунёди низоми ирригатсионии Вахш низ қатори 150 иншооти муҳими ИҶШС сохтмони зарбдори умумииттифоқӣ эълон шуда буд. 12-уми сентябри соли 1933 оби дарёи Вахш ба канали магистралии Вахш ҷорӣ гардид.
Муаллиф дар китоб корнамоиҳои сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва намояндагони халқҳои дигари шуравиро дар эҳё ва шукуфонии водии Вахш воқеъбинона, бо далелҳои мушаххас ва содаю ҷолиб ба қалам додааст. Китоби «Эҳёи водии лабташна» ба муносибати 90-солагии ба кор андохтани системаи обёрии Вахш таҳия ва ба нашр расидааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00