Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мавсими сабзкориву ниҳолшинонӣ оғоз гардид


Мавсими сабзкориву ниҳолшинонӣ оғоз гардид



Дар ноҳияи Кӯшониён ва Майдони 70-солагии водии Вахш мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шуруъ гардид.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо шинонидани аввалин ниҳол ба маъракаи сабзу хуррамгардонӣ оғози расмӣ бахшида, масъулинро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию хуррамгардонӣ дар ҳудуди вилоят даъват намуд. Зимнан ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Пешниҳод гардид, ки ҳар оилаи сокини вилоят дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташ ақаллан як дарахти ҳамешасабз шинонида, онро бояд парвариш намояд. Ин иқдом саҳмгузорӣ дар ободонии вилоят арзёбӣ шуда, барои насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини аҷдодӣ мегардад.

Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои бунёдиву созандагӣ ва ниҳолшинонӣ вусъат дошта, масъулин барои ободу зебо гардонидани ҳар деҳа, маҳалла, ҷамоати шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш меандешанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода