Пешвои миллат дар ситоиши аллома Бобоҷон Ғафуров
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 339
Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фармӯш намешавад. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ кам нестанд, ки онҳо ифтихори на танҳо миллати мо, балки боиси сарфарозии мардуми олам гардидаанд.
Ин бузургон бо осори гаронбаҳо ва ғояҳои инсонпарварии худ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштанд. Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик чунин шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқиммати худ машҳури ҷаҳон шудаанд.
Фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст.
Солҳои тӯлонӣ ӯ ба таҳқиқи таъриху тамаддуни мардуми Машриқзамин машғул буд. Ҳамзамон, созмондиҳандаи моҳири соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла шарқшиносӣ буда, барҳақ, яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик ба ҳисоб меравад.
“Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст.
Ифтихор аз Ватан, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ. Ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ ва ниёгони сарбаланди хеш барои ҳар як фарди ҷомеа бояд меъёри доимии зиндагӣ гардад. Имони комил дорам, ки ақлу заковат, таҷрибаи роҳбарӣ, меҳри беандоза нисбат ба Ватану миллат ва мероси гаронбаҳои илмии Бобоҷон Ғафуров ба ватанпарастони воқеӣ, ба наслҳои имрӯзу фардои миллат, ба созандагони давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони азизамон илҳому неруи тоза хоҳад бахшид.
Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.
Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст.
Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ, Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод.
Соли 1942 мақолаи ниҳоят муҳими Бобоҷон Ғафуров «Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони аҷнабӣ» ва баъдан, соли 1944, дар заминаи он китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» нашр мешаванд, ки дар роҳи баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии мардум ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ нақши муассир мегузоранд.
Модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид.
Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бунёди даҳҳо корхонаи азими саноатӣ, рушди соҳаи аграрӣ, бахусус, дар самти муҳоҷирсозии мардуми кӯҳистон барои азхудкунии заминҳои бекорхобида ва пешрафти илму фарҳанги Тоҷикистон басо арзишманд мебошад.
Бунёди муассисаҳои нави илмиву таълимӣ, таъмин намудани онҳо бо мутахассисони таҷрибадор ва аз дигар ҷумҳуриҳо ба Тоҷикистон даъват кардани беҳтарин олимони соҳаҳои гуногуни илм аз ҷумлаи ташаббусҳои Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Олими дақиқкор бо ин асари худ таърихи миллатеро, ки дар илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни башарӣ нақши барҷаста бозидааст, аз нав зинда гардонид.
Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад.
Хизмати дигари барҷастаи Бобоҷон Ғафуров дар он аст, ки бо заҳмату талошҳои ӯ солҳои 40-ум – 70- ум дар Тоҷикистон мутахассисони баландпояи илми таърихшиносӣ тарбия ёфтанд ва ба камол расиданд. Бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии кишвари мо рӯйдоди бесобиқа буд.
Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.
Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.
Фаъолияти илмии ӯ аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта, баъдан ҳаракатҳои милливу озодихоҳии мардуми Машриқзамин, масъалаҳои миллӣ дар давлати Шуравӣ, таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ, зиндагиву осори мутафаккирони бузурги Шарқ ва масъалаҳои мубрами илми шарқшиносӣ мавриди таҳқиқи доманадори олим қарор гирифтаанд.
Бобоҷон Ғафуров дар давраи роҳбарии худ тавонист як гурӯҳ олимону шарқшиносони барҷаста – А. Семёнов, М. Андреев, А. Якубовский, М. Дяконов, А. Беленитский, А. Окладников, А. Манделш-там, Б. Литвинский, Е. Давидович ва дигаронро барои фаъолияти доимии корӣ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват намояд.
Устод Садриддин Айнӣ чопи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро бо хушнудӣ истиқбол карда, онро такони ҷиддӣ дар дарки илмии гузаштаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, тоҷикон ҳисобидааст.
Дар хориҷи кишвар тарҷума ва нашр гардидани асарҳои арзишманди Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла «Тоҷикон», «Дар бораи робитаҳои Осиёи Миёна бо Эрон дар замони Ҳахоманишиҳо», «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» далели равшани эътирофу эътибори ҷаҳонии ӯ мебошад.
Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ низ саҳми бузург гузошт.
Ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ илми шарқшиносии Шуравиро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад. Пас аз сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Шуравӣ таъин шудани ин донишманди бузург, доираи омӯзиши таъриху фарҳанги мардумони Машриқзамин хеле васеъ гардид.
Бобоҷон Fафуров ҳаёт ва фаъолияти гуногунҷанбаи худро натанҳо ба пешрафти иқтисодиёту маънавиёти Тоҷикистон бахшидааст, балки ҳамчун олим ва сиёсатмадори оқил сарфи озодиву истиқлол ва рушди илму тамаддуни бисёр кишварҳои Шарқ низ кардааст.
Хизматҳои ӯ дар роҳи ба ҳам наздик сохтани тамаддунҳо ва таҳкими сулҳ дар сайёра бо медали тиллоии Шурои умумиҷаҳонии сулҳ қадршиносӣ шудаанд. Бобоҷон Ғафуров аз миёни ходимони давлатӣ ва арбобони илми тоҷик дар баробари муайян ва собит намудани мақому манзалати таърихиву дастовардҳои арзишманди давлатдории тоҷикон дар тарғиби илму фарҳанги Машриқзамин дар арсаи ҷаҳонӣ ба пояи баланд расидааст.
Имрӯз, дар замоне, ки Ватани аллома Ғафуров - Тоҷикистон соҳиби истиқлолият мебошад, аҳамияти зиндагӣ, фаъолият ва осори ӯ, инчунин дигар фарзандони фарзонаи миллат ва нақши онҳо дар болоравии эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, ҷавонони бонангу номуси Ватан даҳчанд меафзояд.
Истиқлолияти Тоҷикистон ва соҳиби давлату давлатдории худ гардидани тоҷикон низ аз як тараф маҳсули чунин равандҳо ва таҳаввулоти таърихии охири асри бистум ва аз сӯйи дигар натиҷаи талошҳои пайгиронаи фарзандони огоҳи миллат буда, бо асолат ва ҳувияти милливу таърихӣ, инчунин арзишу суннатҳои фарҳангии халқамон, ки дар таҳқиқоти бунёдии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров баррасӣ шудаанд, робитаи қавӣ дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00