ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАИ ЮНИСЕФ ДАР ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ КАРД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 287
Имрӯз, 28 ноябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон доир гардид.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар оғоз оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ибрози назар карда, изҳор дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иҷтимоии вилояти Хатлон амалӣ шуда, қисмате дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд. Амалишавии барномаҳои рушди тандурустӣ барои ҳифзи саломатии модару кӯдак ва “Лоиҳаи “Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа” идома дошта, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри баланд бардоштани некуаҳолии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шудааст.
Дар доираи лоиҳаҳои дигари худ ЮНИСЕФ дар самти амалӣ гардонидани некуаҳолии оилаҳои камбизоат баланд бардоштани устувории иқтисодӣ ва густариши татбиқи ҳуқуқҳои онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Ҳамчунин, қайд намудан зарур аст, ки Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таҷрибаи хуб дар амалисозӣ ва мониторинги барномаҳои рушди маҳал, бахусус шаҳру ноҳияҳоро дорад. Дар ин ҷода зарур аст, ки ҳамкории Намояндаи ЮНИСЕФ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба амалишавии механизмҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал ба роҳ монда шавад.
Артур ван Дизен – намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон гуфт, ки мо метавонем дар робита ба ғизои силими модару кӯдак, таҳсилоти фарогир, ҳодисаҳои фавқулода, тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ бо мақомоти дахлдор ҳамкории судманд ба роҳ монда.
Бояд қайд кард, ки барои ҳамкорӣ ва мусоидат баҳри рушди соҳаи маориф ташкилот имконияти фаррох дорад. Давоми соли сипаришуда дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз доштанд, ки боварӣ дорам дар оянда низ Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон вилояти Хатлонро бештар дар самти амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоии вилоят дастгирӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии вилоят саҳми арзандатар мегузоранд.
Раиси вилоят ва намояндгони шарикони рушд изҳори умедворӣ карданд, ки дар доираи ҳамкорӣ, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинон ва ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаҳо мусоидат менамоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00