Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Муҳокимаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба Россия


Муҳокимаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон ба Россия



Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодирӣ Шаҳноза Анвар ва муовини роҳбари Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Федератсияи Россия Василев Денис ва ҳайати ҳамроҳонаш дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон мулоқот кард.

Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо ҳайати меҳмонон оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва бо кор таъминкунии онҳо дар ҳудуди ин кишвар, аз ҷумла тариқи сафарбаркунии муташаккилона мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода