Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бозёфти тиллоӣ аз ёдгории «Тахти Сангин»


Бозёфти тиллоӣ аз ёдгории «Тахти Сангин»





Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи Қатъномаи дахлдори ЮНЕСКО ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023 ҷашни 2500-солагии ёдгории таърихии шаҳристони “Тахти Сангин” дар соли 2023 ба нақша гирифта шуда, бо баргузории ҳамоишу конфронсҳо таҷлил гардид.

Вобаста ба ҷашн дар маҳалли ёдгорӣ маҷмӯи корҳо амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ тибқи иҷозати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби олимону бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии Тӯрахон Хуҷагелдиев корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ дар ёдгории “Тахти Сангин” гузаронида шуд, ки дар натиҷа, дар қатори дигар бозёфтҳо, инчунин як бозёфти тиллоӣ пайдо гардид. 


Бино ба маълумоти сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Мирзошариф Абдусаломов, тибқи ҳисоботи археологӣ, ки ба Вазорати фарҳанг пешниҳод шудааст, айни замон бозёфтҳо дар коркард, тозакунӣ, тармим, барқарорсозӣ ва омӯзиши илмӣ қарор дошта, баъди анҷоми корҳо онҳо зебдиҳандаи экспозитсияи осорхонаҳо хоҳанд буд.


- Бозёфти тиллоӣ нишонгари он аст, ки ҳанӯз тамаддуни заррин дар зери хок хеле зиёданд, танҳо олимону бостоншиносони миллӣ, соҳибҳувият ва асил даркор, ки онҳоро кашф кунанд ва тибқи муқаррарот истифодаи онҳоро ба давлат вогузор намоянд, - зикр кард Мирзошариф Абдусаломов.



http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода