Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 277
- Яке аз сабабҳои асосии сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ, пеш аз ҳама, аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, - гуфт муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода дар ҷаласаи Комиссия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
Мавсуф афзуд, ки дар аксари ҳол сар задани ҳодисаҳои нақлиётӣ, ин ба талаботи бехатарии ҳаракат ҷавобгӯй набудани ҳолати роҳу кӯчаҳо, воситаҳои техникии танзими ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, дониши номукаммал, маҳорати пасти касбии ронандагон, кам будани гузаргоҳҳои зеризаминӣ, роҳҳои пиёдагард (тротуар), аломатҳои техникии танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ, бахусус ба миқдори даркорӣ мавҷуд набудани чароғакҳо, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои профилактикӣ сабаб шудааст.
З. Файзуллозода ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби Раёсатҳои Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти минтақаҳои Бохтару Кӯлоб корҳои муайяне ба анҷом расидааст, аммо то ҳанӯз тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Шаҳритус, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш, А. Ҷомӣ ҷой дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00