Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тақдими туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон ба пахтачинони фаъол


Тақдими туҳфаҳои раиси вилояти Хатлон ба пахтачинони фаъол



18 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз хоҷагии деҳқонии “Руқия” диданд карданд.

Хоҷагии мазкур аз замин самаранок истифода бурда, аз ҳар як ваҷаби он ҳосили баланд ба даст меоварад.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои 20 гектар замин буда, дар қисме пахта ва қисмати дигар маҳсулоти ғалладонагӣ мекорад. Хоҷагӣ аллакай нақшаи пахтаро 100 фоиз иҷро кардааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Ёвон имсол дар майдони 10 162 гектар пунбадона кишт намуда, бо истеҳсоли зиёда аз 23822 тонна пахта дурнаморо 100 фоиз иҷро кардаанд.



Раиси вилоят бо хоҷагидор ва деҳқонон суҳбат намуда, аз фаъолияти хоҷагӣ огоҳ гардиданд.
Инчунин ба пахтачинони фаъол туҳфаҳои раиси вилоят супорида шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода