Тавсифи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби чеҳраҳои ҷаҳон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 349
«Бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун Роҳбари давлат Шумо эҳтироми шоиста миёни ҳамватанонатон ва дар хориҷи кишвар обрӯву эътибори баландро соҳиб гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ босубот қадам зада, дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад».
Владимир ПУТИН,
Президенти Федератсияи Россия
******
«Шумо Пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад».
Си Ҷин Пин,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
*****
«Шумо ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи ғании идораи корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обруву нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ ба уҳда доред».
Шавкат МИР ЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон
**********
«Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи барои кишвараш бениҳоят мураккаб инони давлатро ба даст гирифт. Аммо ӯ тавонист дар давраи кӯтоҳ сулҳро дар кишвар барқарор созад ва ба арсаи байналмилалӣ ворид шавад. Чунин сиёсатмадорон ангуштшуморанд».
Ҷорҷ БУШ,
Президенти ИМА
(солҳои 2001-2009)
****
«Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъйу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».
Дзян ДЗЕМИН,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
(солҳои 1993-2003)
****
«Дар Қазоқистон бо қаноатмандӣ зикр мекунанд, ки раванди сулҳ дар Тоҷикистон хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Бидуни шубҳа, хизмати Президент Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Ғалабаи боварибахши ӯ дар интихобот аёнан нишон дод, ки то чӣ андоза обрӯю эътибори Сарвари давлат дар Тоҷикистон баланд аст, то чӣ андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо ӯ пайвастааст».
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
нахустин Президенти Қазоқистон
*****
«Халқи тоҷик аз қадим намунаи халқҳои Осиёи Марказӣ бо фарҳанги воло ва илму адаби оламгир буд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собит кард, ки фарзанди ҳақиқии ин халқи бузург аст, зеро бо овардани сулҳ вай номи мардуми тамаддунофарро дар арсаи ҷаҳон бори дигар машҳур кард».
Аскар АКАЕВ,
Президенти Ҷумҳурии
Қирғизистон (солҳои 1990-2005)
*****
«Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори собитқадам ва боистеъдод аст. Ин сифатҳо ӯро ҳамчун Сарвари давлат на танҳо дар Ватани худаш, балки дар хориҷи он низ мавриди эътибор гардонидаанд».
Владимир ВОРОНИН,
Президенти Ҷумҳурии
Молдова (2001-2009)
****
«Эмомалӣ Раҳмонов якҷо бо халқи худ роҳи душвори барпо намудани давлатдории миллӣ ва истиқлоли ҳақиқиро тай намудааст. Ин танҳо ба сиёсатмадорони хирадманд ва дорои тавони дурбинию дурандешӣ, ки ба сӯи ҳадафи асосӣ гоми босубот мебардоранд, муяссар мешавад».
Роберт КОЧАРЯН,
Президенти Ҷумҳурии
Арманистон (1998 — 2008)
****
«Дӯстии бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барқарорнамудаамонро ҳамчун таҷассумгари наздикии байни кишварҳо ва мардумонамон мебинем ва аз он ифтихор дорем. Таҳти роҳбарии хирадмандонаатон, масофаи тайнамудаи кишвари дӯсти Тоҷикистонро бо қадрдонӣ ва хушнудӣ пайгирӣ менамоем».
Раҷаб Таййиб Эрдуғон,
Президенти Ҷумҳурии Туркия
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...