Шукронаи Пешвои миллат мекунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 254
Дар шаҳрҳои бузургу хурд, дар ҳар шаҳру деҳоти Тоҷикистон мардуми осудаву озод бо шодию нишот, бо орзуҳои ширину амалҳои нек ҳаёт ба сар бурда, аз бахту саодати худ меболанд, аз сарвари неку дурандеши худ, ифтихор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои он азизу маҳбуби мардум гардидааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, аз наздик ба кор, ҳолу аҳвол, шароити зиндагии мардум сари вақт шинос шуда, дар ҳаллу фасли онҳо маслиҳат медиҳад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи китоби зиндагии Эмомалӣ Раҳмон нақши неку фаромӯшнопазир бозид. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба рушди кишвар гуфтааст: “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватану соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем.
Зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.
Дар ҳақиқат, обод кардани Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон вазифаи фахрии ҳар фарзанди бонангу номуси кишвар мебошад. Ба ин мазмун шоири ватансаро ва бузурги тоҷик Ғаффор Мирзо шеъри шоистае гуфтааст:
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?
Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?
Пардаи макру фитнаро ман надарам, кӣ медарад?
То паси парда ошкор ман накунам, кӣ мекунад?
Соли 1992 дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа гурӯҳҳои мансабталаб ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз намуда, даҳҳо ҳазор ҷавононеро, ки ҳокимияти қонуниро дастгирӣ мекарданд, ба қатл расониданд. Раҳмон Набиев, ки аз ҷониби мардуми Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумӣ Президент интихоб шуда буд, аз уҳдаи роҳбарии давлат набаромад. Мақомотҳои давлатӣ аз фаъолият монданд, корхонаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолият надоштанд. Идоракунии кишвар ҳис карда намешуд. Хастаҳолӣ ва ноумедӣ мардумро фаро гирифта буд. Шодравон, омӯзгори куҳансол Абдухолиқ Баротов рӯзе маро ба наздаш даъват карда гуфт:
-Ту рӯзноманигорӣ, аз бисёр ҳодисаҳо бохабар ҳастӣ. Оё ин бесомониҳо, беадолатиҳо, ҷангҳои беадолатонаи бародаркушӣ дар гӯшаю канори кишвар барҳам мехӯрда бошад? Ҳама умедамон ба Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он дар минтақаи ором-вилояти Суғд баргузор мегардад.
-Устод, оқибати ҳама гуна ҷанг сулҳ аст, - дилбардорӣ додам устодро.-Ҳоло Иҷлосия тақдири кишварро ҳал мекунад. Ягон вакил намехоҳад, ки Тоҷикистон аз харитаи сиёсии олам хат зада шавад. Зеро Тоҷикистон барои ҳар тоҷик Ватан аст.
Ҷанги шаҳрвандӣ дар муҳлати кӯтоҳ на танҳо водии Вахш, балки шаҳри Душанбе, водии Ҳисор, минтақаи Ғарм ва дигар шаҳру ноҳияҳоро фаро гирифта, бо найрангу фитнагарӣ, даъватҳои ғайриқонунии даҳҳо давлатҳои хориҷии гӯё ба мо “дӯст” ҷанг доман паҳн кард.
Ҷанг давом карда, масъалаи аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омада буд. Дар водии Вахш беш аз сад ҳазор нафар ба даст яроқ гирифта, барои ҳифзи ҳокимияти қонунӣ, дастгирии роҳбарони қонунӣ ба мубориза бархостанд.
Гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ ба ҳуҷумҳои ин гурӯҳҳо тоб наоварда, ба давлати исломии Афғонистон паноҳ бурданд...
Дар Душанбе бо собиқ депутати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова вохӯрда, лаҳзае китоби хотираҳои гузаштаро варақ задем.
-Бинед, Душанбе обу зебою дилкаш шудааст,- гуфт Адолат Раҳмонова.- Ман ин дигаргуниҳои бузургро мебинаму шод мешавам. Дар ин дигаргуниҳои беназир саҳми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои ноябр ва декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, беназир аст. Тақдири якпорчагии Тоҷикистон дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ ҳал гардид. Аксари вакилон сулҳу оромӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро дастгирӣ карданд. Собиқ вазири кишоварзии кишвар Ҳайдаршо Акбаров ба вакилон муроҷиат карда гуфт:
-Ҳамаи вакилон сидқан хоҳони якпорчагӣ ва сулҳу осоиши Тоҷикистон буда, худро берун аз он тасаввур карда наметавонанд.
Чеҳраи мардуми аз даҳшати ҷанг харобгардида, аз нав шукуфт. Дар лабони кӯдакон аз нав табассуми ширин ҳувайдо гардид, дар дилҳои ғамолуд шодӣ падид омад. Дигар онҳо ин байти ғамангезро намехонданд:
Ноне, ки хӯрам, заҳри танам мегардад,
Обе, ки хӯрам, аз даҳанам мегардад.
Ба ҷойи он шоҳбайти машҳури халқи тоҷик садо медод:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Б. САЙДАЛИЕВ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...