Бузургонро бузургон зинда медоранд... (Дар ҳошияи китоби “Чеҳраҳои мондагор”)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 407
Миллати тоҷик аз қадим чун миллати соҳибфарҳангу соҳибмаърифат ва тамаддунофар маъруф буд. Таърих ҳам исбот намудааст, ки хиради азалӣ ва таҳаммулпазирии ин мардум дар гирдоби рӯзгор қиёс надорад ва ин ҳамаро бо шарофати фарзандони меҳандӯсту озодихоҳ, содиқу вафодор ва хирадманду боҷасораташ ба даст овардааст.
Корномаҳои бемисли Муқаннаъу Деваштич, Темурмалику Спитамени диловарро таърих бо хатти заррин бар лавҳи худ навиштааст ва имрӯз бошад, дар даврони нав-соҳибистиқлолии миллати тоҷик корнамоиҳои фарзанди сарсупурдаи он Эмомалӣ Раҳмон назир надорад. Ин шахсияти сиёсатмадору хирадпарвар дар таърихи начандон тӯлонӣ тавонист дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатдорӣ тағйироти зиёд ворид намояд ва як ҷомеаи дар саргаҳи ноумедиву ваҳшати ҷанги шаҳрвандӣ қарордоштаро ба кӯи ободиву озодӣ ва амнияту осоиштагӣ расонад. Илова бар оне ки ин шахсияти камназир ба мардум сулҳ овард ва амнияту осоиштагиро ҳукмфармо сохт, боз талош намуд, ки таъриху фарҳанги гузаштаи миллатро эҳё намояд, баҳри дубора пойдор намудан ва огоҳии комили ҷомеа аз он роҳу тадбирҳои мушаххасу судманд андешад. Воқеан нафаре, ки таърихи гузаштаи хешро фаромӯш мекунад, дар ҷаҳолати ҷуброннопазире боқӣ мемонад. Бо дарки ин масоил Пешвои миллат ба таҳия ва нашри асарҳое иқдом намуданд, ки сатҳи худогоҳию худшиносиро боло бурда, ҳофизаи таърихиро барқарор месозад. Аз ҷумлаи чунин асарҳо “Чеҳраҳои мондагор” мебошад.
Асари мазкур моро бо саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқамон ошно намуда, аз рӯзгори шахсиятҳои номдор, садоқатмандиву сарсупурдагии эшон нақл менамояд. Чуноне худи Сарвари кишвар дар муқаддимаи китоб нақл менамоянд: “Омӯхтани рӯйдодҳои таърихиву фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат, чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номӯси ватандорӣ ном ва корнамоиҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон боифтихор дар бораашон ҳарф занем. Маҳз ба ҳамин хотир ҷашнҳои бузурги умумимиллӣ, бахусус 1100-солагии давлати Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, 2500-солагии шаҳри Кӯлоб, бузургдошти шахсиятҳои илмиву адабӣ ва сиёсиву таърихӣ-Имоми Аъзам, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигаронро баргузор намуда, аз таъриху фарҳанги миллат ганҷҳо ва ҳикматҳое берун овардем, ки бо моҳият ва арзишҳои ҷаҳониашон худшиносии тоҷиконро таҳким бахшидем.
Воқеан, агар омӯзиши таъриху фарҳанг аз як ҷониб барои муаррифӣ намудани миллат дар миқёси ҷаҳонӣ бошад, аз тарафи дигар омилест, ки ба имрӯзиён аз гузаштаи худ сабақи бузурги таърихиро меомӯзонад. Пешвои муаззами миллат дар таълифоти хеш сараввал ба масоили давлатдориву давлатсозии аҷдодонамон мароқ зоҳир намудаанд.
Аввалан таваҷҷуҳи эшон ба шахсият, корнамоӣ ва давлатдории шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ-Куруши Кабир равона шудааст. Сарвари кишвар таъкид менамоянд, ки “дар таърихи ҳар миллат дер ё зуд шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки тақдири онро ба куллӣ тағйир дода, маданияти моддиву маънавияшро ба сатҳи тозаву баланди тараққиёт мерасонанд ва фарҳангу тамаддунашро ба арсаи ҷаҳонӣ мебардоранд. Барои порсҳо (ва шояд ҳам натанҳо барои онҳо, балки барои тамоми халқҳои эронитабор) чунин шахсият Куруши Кабир буд”.
Дар ҳақиқат ҳам кишвардории шоҳаншоҳ Куруши Кабир дар таърихи давлатдории форсҳо бесобиқа аст. Маҳз ӯ бори аввал “Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар”-ро қабул намуд, ки баробарии ҳуқуқии инсонҳоро кафолат медиҳад. Ҳамин аст, ки ӯро дар миёни шоҳаншоҳони гузашта яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ меҳисобанд, ки бо тамаддунофарию давлатсозӣ, инсонпарварию адолатпешагӣ ва рафтору ахлоқи ҳамидааш нуфузи оламгир ёфтааст.
Маҳз шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён сарчашмаи тамаддуни ориёиро асос гузоштааст. Яке аз вижагиҳои вусъати назари Пешвои миллат дар он аст, масоилро дар ҳоли қиёс матраҳ менамоянд. Дар масъалаи фавқуззикр низ мегӯянд: “Тақдири давлатдории Куруш бо тақдири давлатдории имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки руҳияи ваҳдату муттаҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдкорию ободонӣ, ислоҳоти низомии лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамонҳангиҳост.
Дар таҳлилҳои амиқи мантиқиву илмии Пешвои миллат ҳангоми тасвир ва хулосабарорӣ аз корнамоиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик, пеш аз ҳама оҳанги худогоҳӣ, меҳанпарастӣ ва ҳувияти миллии эшон мушоҳида мешавад. “Ниёгони бохтарию суғдии тоҷиконро ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён умумияти забон, умумияти мазҳаб, умумияти фарҳанги ориёӣ ва ниҳоят тақдири ягонаи таърихӣ муттаҳид сохта бошад, дар давраи истилои Искандари Мақдунӣ ҳувияти ватанпарастӣ ва истиқлолхоҳии онҳо боло гирифтааст.
Ҳарчанд муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуданд, корнамоиҳои бемислу монанди онҳо дар саҳфаҳои таърих то ба рӯзгори мо ёдгор мондааст. Мо имрӯз корнамоиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии Ватан ордени “Спитамен”-ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамоиҳои ватандӯстона ва идомаи анъанаҳои неки ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба ворисони воқеии ин мардуми қаҳрамон дода мешавад.
Дар баробари сиёсатмадорону давлатдорон фаъолияти ҷараёнҳои динӣиҷтимоӣ низ дар асари “Чеҳраҳои мондагор” аз назар дур намондааст, ки шаҳодат аз фарохназарии Сарвари кишвар медиҳад. Ҳанӯз аз зуҳури дини Зардушт то ба ҳаракатҳои Маздаку Монӣ ва пайдоиши дини мубини ислом мавриди баррасии эшон қарор гирифтааст. Махсусан бо унвони “Бузургтарин марди ҷаҳон ва Паямбари дини барҳақ” ба фаъолияти паямбари дини ислом Муҳаммад (с) таваҷҷуҳ намудани Пешвои миллат сазовори омӯзиш аст. Чунки маҳз ҳамин омӯзиши бодарку дидгоҳи васеъ ва хулосаи дуруст баровардан аз фармудаҳои дин метавонад пеши роҳи зуҳуроти номатлуберо чун терроризм ва ифротгароии динӣ бигирад ва саодати башарро пойдор гардонад. Чунончи Пешвои миллат қайд менамоянд: “Таълимоти ислом саршори ғояҳои баробарӣ, бародарӣ, адолати иҷтимоӣ буда, аз миён бурдани тафриқаи нажодӣ, имтиёзҳои табақавӣ, мансубияти миллию маҳаллӣ ва ҳама гуна нобаробариҳои ҷомеаро пеш мегузошт ва табиист, ки дар атрофи Паёмбар (с) Салмони Форсӣ барин солимфикрону хирадмандони адолатпарварро гирд меовард.
Вақте ба таҳлилу хулосабарориҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми тасвиру тавсифи воқеоту шахсиятҳои таърихӣ менигарӣ, дарк менамоӣ, ки ҳадафи эшон дар баробари бузургдошти таърих, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва мусоидат кардан дар худогоҳии комили ҷомеа аст. Ҳамин аст, ки дар китоби “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” низ чунин тазаккур медиҳанд: “Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар як халқу миллат бо офаридаҳои моддию маънавиаш саҳми арзандаи худро мегузорад. Аз ин рӯ, омӯзиши тамаддуни ҳар як халқ, аз як тараф, ба бою ғанӣ гардидани тамаддуни башарӣ, ки аз маҷмуи тамаддунҳои халқҳои ҷаҳон иборат аст, мусоидат мекунад, аз тарафи дигар, ташаккулу инкишофи маданияти ин ё он халқро дар масири таърих муайян карда, саҳифаҳои дар зери ғубори фаромӯшӣ мондаи онро таҷдид менамояд ва аз бархӯрди маданиятҳо наслҳои баъдиро огоҳ менамояд ва дар маҷмуъ сатҳи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва умумибашариро вусъат мебахшад. Бинобар ин тадқиқи таърихи тамаддуни ҳар халқу миллат ҳеҷ гоҳ барои эҳсоси ғурур ва ифтихори ноҷо аз гузаштаи худ набуда, он бояд барои нишон додани роҳи тӯлонӣ ва пуречутоби тайкардаи ниёгони худ, шинохти заминаҳои аслию унсурҳои асосӣ ва муайян намудани хусусияту тамоюлҳои тамаддуни аҳди қадим равона гардад ва такони таъсирбахше барои рушду инкишофи тамаддуни муосираш бошад.
Дар “Чеҳраҳои мондагор” Сарвари кишвар зери мавзуи “Имоми Аъзам ва ҳувияти миллӣ” чунин таъкид менамоянд, ки: “Дар таърихи тӯлонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, бахусус давраи исломии он шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде зуҳур намудаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳувият ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Аз баракати заҳмат ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи мусоид фароҳам омад. Ҳар қавму халқ бо арзишҳои таърихии худ барои ҳамеша ниёзмандии зиёд дорад ва ин арзишҳо пайваставу оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода мегарданд. Бо роиҷ гаштани ислом барои мардуми тоҷик равзани ҷаҳони дигаре кушода шуд. Фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиши рангине пайдо намуд. Дар навбати худ арзишҳои таърихии халқи тоҷик фарҳанги исломиро боз ҳам ғанӣ гардониданд. Дар амри хайри эҷоди арзишҳои таърихӣ фарзандони бузурги халқи тоҷик-Имом Исмоили Бухорӣ, Яъқуб ва Амри Лайси Саффорӣ, Оли Сомон ва бахусус намояндаи ин хонадони бонангу номус Исмоили Сомонӣ нақши барҷаста ва бегазанд доранд. Дар ин силсилаи заррин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит низ мақоми хосаеро соҳиб аст”.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии фаъолияти ҳар як шахсияти бузурги таърихӣ кӯшиш менамоянд ба хонанда фаҳмонанд ва нишон диҳанд, ки то чӣ андоза нақши чунин ашхос дар рушду нумӯи фарҳанг, пешрафти ҷомеа ва саодати он бузург аст. Ба ибораи дигар, ҳар таъкиду тасвири эшон бозгӯи он аст, ки “миллат аз афрод меёёбад мақом”. Ҳамзамон дар инъикос намудани бузургию бузургвории шахсиятҳои таърихӣ Сарвари кишвар талош бар он менамоянд, ки бо истифодаи андешаву афкори онон равзанаи нави ҳиссу даркро барои хонанда боз намоянд.
Аз он ҷумла мегӯянд: “Ахлоқ дар зиндагии шахсии инсон, оила ва ҷомеаю давлат, мавзуъҳое ҳастанд, ки таълимоти ахлоқии Абӯҳанифаро ташкил дода, ба нафси инсон ва ихтиёрдории ӯ вобаста мебошанд. Ӯ дараҷаи баланди хислати инсон нафси нотиқаро баён доштааст ва ба таъкидҳои Қуръон роҷеъ ба фазилати инсон, бартариҳои ӯ аз дигар мавҷудоти олам такя мекунад. Ахлоқи инсон ҳарчанд ба қазову қадари илоҳӣ вобаста бошад ҳам, Абӯҳанифа имкони тарбияи ахлоқӣ, камолоти ахлоқии инсонро таъкид сохтааст. Ҳусни одоби инсонӣ ба кӯшишу фаъолияти ӯ пайвастагӣ дорад. Дар осори ахлоқӣ ва фиқҳи ҳанафӣ беҳтарин ҷанбаи одоби давлатдорӣ раиятпарварӣ аст. Расидан ба саодат мақсади фаъолияти ахлоқӣ мебошад.
Баъдан, ҳангоми баррасии давлатдории Сомониён, корнамоӣ ва давлатсозии онҳо, ҳавзаи адабиву намояндагони адабиёти он замон низ ба риштаи таҳқиқ кашида мешавад, ки ҷолиби диққат аст. Ҳамзамон ифтихори ватандории Сарвари кишвар зимни инъикоси давлатдории Сомониён қобили тазаккур аст: “Давлатдории Сомониён ба эҳёи фарҳангу тамаддун мусоидати ҳамаҷониба намуда, дар таъмини мақоми давлатии забони тоҷикӣ кӯшишҳои зиёд кардаанд. Тулуи оламшумули забони тоҷикӣ ба талошу фаъолияти ин давлат ва сарварони соҳибхираду маърифатпарвари он иртиботи ногусастанӣ дорад.
маҳз дар ҳамин давра шеъри Рӯдакӣ оламгир шуда, шоирони бузург Абумансури Дақиқӣ, Абушукури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ ва дигарон ашъори гаронмояе эҷод кардаанд. Абулқосим Фирдавсӣ бо офаридани шоҳасари безаволи худ “Шоҳнома” пардохт. Заковати илмӣ ва эҷодии Шайхурраис Ибни Сино ва Аллома Абӯрайҳони Берунӣ маҳз дар даврони Сомониён ташаккул ёфт ва шоҳкориҳои ҷаҳони илмро ба бор овард. Ҳамаи ин талошу заҳматҳои Сарвари кишвар баҳри он аст, ки насли имрӯз дар гирдоби ҷаҳонишавии фарҳангҳо аз асли худ бехабар намонад ва насли худогоҳу рушанфикр ба воя расад.
Чуноне ки дар урфият мегӯянд, ҳар як шахс бояд аз ҳафт пушти худ огоҳ бошад, то дар ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти худ огоҳона амал намуда, зиндагии созандаи худро пеш барад. Мо ин андарзи халқи худро ба зиндагиву рӯзгори миллати худ татбиқ намуданӣ бошем, бояд онро каме тағйир дода, бигӯем, ки ҳар як халқу миллат бояд таърихи гузаштаи худ, ҳаёти моддию маънавии худро он тавре ки ҳаст, бидонад ва бо истинод ба ин шиносоӣ ҳаёти иҷтимоии худро пеш барад. Бе маърифати таърихи халқи худ, бе такя ба маънавиёти пурғановати гузашта, бе истифода аз анъанаву суннатҳои дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккулёфта, ки дар паси пардаи онҳо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҳар халқу миллат ниҳон аст, ба муваффақият ноил шудан амри муҳол аст.
Фарҳанги халлоқонаи гузаштагони мо қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи имрӯзаву ояндаи мо мебошад. Худшиносии саҳеҳи таърихӣ моро водор месозад, ки бо ҳаёт ҳамқадам бошем ва дар ҳама соҳаҳои ҷаҳони муосир, чи дар сиёсату иқтисодиёт ва чи дар фарҳангу илму техника, саҳми арзанда гузорем, гуфта буданд Сарвари кишвар дар яке аз суханрониҳои дигари худ.
Ҳамин тавр, Пешвои муаззами миллат дар асари “Чеҳраҳои мондагор” аз воқеоту ҳаёти шахсиятҳои таърихӣ ёдоварӣ намуда, онҳоро чун ганҷинаи бебаҳои миллати хеш муаррифӣ менамоянд ва таъкид месозанд: «Рӯ овардани ман ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон ба он хотир мебошад, ки мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътимод ва эътиқод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад».
Воқеан, хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидааст. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки чунин мукофоти олиро соҳиб гардидааст. Дар арафаи ҷашни Ваҳдат (2005) ҷоизаи олӣ, медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо”-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гардид. Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.
Осори таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи бузурги таҳқиқу омӯзиш мебошад ва зиёда аз ин ганҷинаи бебаҳои арзишманди худогоҳиву хештаншиносӣ аст.
Арҷ гузоштан ба таърих ва хидматҳои шахсиятҳои бузурги он хиради азалии давлатдориву саодатталабии эшонро бештар муҷалло месозад. Ҳамин аст, ки гуфтаанд:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.
Райҳона РАҲМАТОВА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00