Тоҷикистон-кишвари ташаббускор (5 иқдоми Пешвои миллат дар масоили об)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 280
Солҳои охир иқлими сайёра тағйир ёфта, ба зиндагии аҳли башар мушкилоти зиёде пеш овардааст. Обшавии босуръати пиряхҳо, ки манбаи асосии дарёҳо мебошанд, сабабгори ба амал омадани офатҳои табиии вобаста ба об, аз ҷумла селу обхезиҳо шуда, ҳамзамон ба бахшҳои кишоварзӣ, саноат ва гидроэнергетика таъсири манфӣ мерасонад.
Об манбаи ҳаёт, ободонию фаровонии рӯзгор аст. Маҳз об аст, ки ба инсон ҳаёт мебахшад, даштҳои беканори сӯзонро ба киштзор табдил медиҳад, донаеро мерӯёнад, ниҳолеро месабзонад, майдонҳоро сабзу хуррам мегардонад, гулу гиёҳи кӯҳиро ҷон мебахшад.
Дар маҷмуъ, диёр ба биҳишти рӯйи замин табдил меёбаду зиндагии мардум боло меравад. Дар ин росто Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: “Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас, месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама до-роиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаву озода нигаҳбон бошем”.
Бале, мо аз саҳифаҳои таърих хуб медонем ва шоҳиди раванди рушди босуръати кишвар ҳастем, ки об барои одаму олам ҳаётбахш мебошад. Дар ин маврид солҳои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии тиллоии Вахшро ёдовар мешавем. Ба даштҳои синабирёну биёбонҳои хушку холӣ ва заминҳои асрҳо бекорхобидаи Ёвон, Обикиик, водии Бишкенту мавзеъҳои Гараутӣ, Тошробот, Қародум, Қаровултеппа оби ҷонбахш бароварда шуд. Маҳз обёрии заминҳои нав симои водиро ба куллӣ тағйир дод ва ба рушди пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ шароити мусоид фароҳам овард. Мардуми кӯҳистону водӣ низ бо оби тозаи ошомиданӣ ва полезӣ таъмин гардиданд, ваъзи зиндагониашон хуб шуд. Хурду бузург шукрона мекарданд, як мулки сероб, ободу зебо ва биҳиштосо, ки онро Тоҷикистон ном аст, доранду дигар азоби беобиро намекашанд.
Дар масъалаи беобӣ боз як воқеаи дигареро, ки аз падари бузургворам шунида будам, ба қалам медиҳам. Он пандест аз муҷизаофарии об, барои ба қадри он расидану пок нигоҳ доштан, ҳамзамон ба таври сарфакорона истифода бурдани об...
Оби дарёи Вахш аз паҳлуи деҳаи Қалъаи Сурхи ноҳияи Хуросон мегузашту заминҳои ин ҷо лабташна буданд. Ҳатто гиёҳе намерӯид, ба ҷуз хори саҳро. Ин ҳол мақоли “Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем”-ро ба ёд меовард. Оилаи кӯҳистониён барои зисти доимӣ ба водӣ мефаромаданд. Дар муддати кӯтоҳ ҳарҷо-ҳарҷо кулбаҳои пох-сагину сангин пайдо шуданд. Мардум ба чорводорӣ шуғл варзида, аз беобӣ ба ободонию сабзкории ҷойи зисташон аҳамият намедоданд.
Сарвари хоҷагии ҷангали собиқ вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира Хатлон) боре аз бозори Янгибозор (ҳозира шаҳри Ваҳдат) дарахти тутеро оварда, дар байни деҳа, сари роҳи мошингард шинонд. Аз хурду бузурги деҳа хоҳиш кард, ки сару рӯяшонро зери ҳамин дарахт шӯянду ниҳол об хӯрда бисабзад. Бо ҳамин усул дарахт сабзиду бузург шуд. Роҳгузарон зери сояи он аз гармии офтоби сӯзон панаҳ мебурданд, ҳамзамон аз мевааш даҳон ширин мекарданд. Ҳамин тавр дар кӯчаю ҳавлиҳо низ дарахт сабзонда мешуд. Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дорои захираҳои фаровони обҳои софи ошомиданӣ ва полезӣ аст. Мардум аз об танқисӣ надоранд. Дар ҳоле, ки 50 дар сади аҳолии сайёра оби ошомиданӣ надоранд. Ба ҳамин сабаб ҳазорҳо нафар мефавтанду қашшоқӣ домангирашон шудааст. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлими сайёра мебошад.
Дар масъалаи пешгирии хатарҳои экологӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2015 таъкид доштанд: “Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст”.
Таъкиди саривақтии Пешвои миллат гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, ҳамчунин захираҳои обии кишварҳо тадбирҳои муфид андешида шавад. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо гарчанде дар саргаҳи дарёҳо воқеъ аст, аммо садҳо ҳазор гектар заминҳои лалмӣ дорад ва онҳо обёрӣ намешаванд. Зеро қисми зиёди обҳои ҷумҳурӣ ба воситаи дарёҳо ба ҳудуди кишварҳои ҳамсоя ҷорӣ шуда, заминҳои онҳоро шодоб мекунанд. Қариб 70 фоизи оби Амударё ва Сирдарё дар ҳудуди Узбекистон ва Қирғизистон истифода бурда мешавад.
Боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф намудааст. Ин ташаббусҳо обрӯву эътибори Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бардоштааст.
Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2000-ум инҷониб Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба масоили об 8 қатънома қабул кард. Аз ҷумла ташаббусҳои “Соли байналмилалии оби тоза” (соли 2003), “Даҳсолаи байналмилалии амал об барои ҳаёт” (солҳои 2005-2015), “Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об” (соли 2013), “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018- 2028) қабул гардиданд, ки барои ҳалли мушкилоти об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши бузург дошта, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ ёфтанд.
Соли 2003 иқдоми 5-уми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пазируфта шуд ва дар заминаи он СММ 21 мартро “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон намуда, Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод. Ташаббуси навбатии сатҳи ҷаҳонидоштаи Пешвои миллат барои ҳифзи пиряхҳо муҳим буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.
Воқеан, кишвари мо дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла дар масъалаҳои вобаста ба об саҳми арзишманд дорад. Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад. Зеро ҳар як иқдому пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудии зиндагии инсон, наҷоти сайёра аз хатари тағйирёбии иқлим равона гардидааст.
С. АТТОР, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00