Нақши Конститутия дар бунёди давлати навин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 318
Имрӯз дар Қасри фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар масъулон ба муносибати Рӯзи Конятитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Нақши Конститутия дар бунёди давлати навин” доир шуд.
Дар рафти конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Ф. Шарифӣ, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав С. Давлатзода, прокурори ҳарбӣ гарнизони Хатлон Н. Тоҳирӣ ва дигар шахсон доир ба нақши Конститутсияи Тоҷикистон, таърихи таҳия ва қабули он, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули он, ҳимояи сохти конститутсионии кишвар, бобҳои алоҳидаи Қонуни асосии кишвар ва дигар паҳлуҳои мавзуъҳо маърӯзаҳо ироа намуданд.
Аз ҷумла, Фирӯза Шарифӣ зимни баромади худ, нахуст ҳозиринро ба муносиби Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтии вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳияи ва қабули Конститутсияи нав дубора оғоз гардид ва 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд.
-Он дастовардҳое, ки дар зарфи 29 сол насиби халқу давлати мо гардид, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон ва хираду заковати миллати фарҳангсолори тоҷик мебошад. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби халқ ва барои халқ бо роҳи ифода, озодии халқ ва шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст, гуфт зимни бароди худ муовини раиси вилояти Хатлон. Дар идома, таъкид шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипњои гуманистӣ қабул шуда, дар он ҳуқуқу манфиатҳои тамоми қишри ҷомеа ба инобат гирифта, озодии инсонро арзиши олӣ эътироф менамояд. Маҳз ҳамин моддаи Кониститутсия имкон медиҳад, ки имрўзҳо мо-мардуми шарафманди тоҷик аз ҳуқуҳу озодиҳои худ самаранок истифода бурда, дар давлати азизамон кор, таҳсил, фаъолият ва зиндагии осоишта намуда, ба ҳар фаъолияти қонуние, ки хоҳем, машғул шавем. Дар дунё давлатҳо зиёданд, на ҳамаи онҳо дорои чунин санади олӣ мебошанд. Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳгонаи беҳтарин кониститутсияҳои дунё шомил гардидааст, ки ин фахри тамоми мардуми кишвар аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдааш буд. Он воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон карда шуд.
Т.Толибзода, А.Риоев, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...