Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Озмуни эҷодӣ миёни ҷавонони вилояти Хатлон барои навиштани беҳтарин эссе дар мавзуи «Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан»


Озмуни эҷодӣ миёни ҷавонони вилояти Хатлон барои навиштани беҳтарин эссе дар мавзуи «Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан»




Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ба ифтихори Рӯзи Президент, бо мақсади гиромидошти хизматҳои мондагор ва сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат таҳти унвони “САДОҚАТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ – САДОҚАТ БА ВАТАН” озмуни эҷодии ҷавонони эҷодкор барои навиштани беҳтарин эссе эълон карда мешавад.

Дар озмуни мазкур рӯзноманигорон ва омӯзгорони ҷавони то 35-сола, донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоии таълимгоҳҳои вилояти Хатлон иштирок карда метавонанд.

Озмун то 25 декабри соли 2023 идома карда, ғолибону фаъолон дар арафаи Соли нав бо диплому туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд. Беҳтарин эссеҳо дар рӯзномаи “Хатлон” чоп гардида, пас аз ҷамъбасти озмун дар шакли маҷмуаи эссеҳо ба нашр расонида мешаванд.

Довталабон эссеи худро (дар ҳаҷми на беш аз 4 саҳифа, ҳуруфи андозааш 14-и Times New Roman ё Arial ) ба суроғаҳои зайл метавонанд фиристанд:

735140, шаҳри Бохтар, кӯч. Логинов, 12 (Идораи рӯзномаи “Хатлон”)
Имейл: khatlon.tj@,mail.ru,
WhatsApp ё Telegram ба шумораи (+992) 985-3333-97.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода