Намояндагони шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 483
Ҷиҳати таҳким бахшидан ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва рушди соҳаҳои саноату истеҳсолот ҳайати расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия сафари корӣ намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, дар доираи сафари мазкур ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти вилоят ва шаҳри Қуния суҳбату мулоқотҳои мутақобилан судманд анҷом доданд, ки барои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии минбаъда ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Дар ин раванд меҳмонон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои илмию фарҳангии шаҳри Қуния шинос шуда, чиҳати густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Ҳайати меҳмонон дар маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи байналмилалии пойафзол «Master Shoes» иштирок намуда, зимни мулоқот ва вохўриҳо аз сармоягузорон ва соҳибкорони шаҳри Қуния барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб, ба хусус дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» даъват карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб байни ин шаҳрҳо Созишнома оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расонида шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00