Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 571
Ҳар даме, ки ман Ватан мегӯям, пеши назарам диёри сарсабзу хуррам ҷилвагар мешавад. Ин диёри арҷманд Тоҷикистон ном дорад.
Ватан! Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби ту он чунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад.
Педагоги барҷастаи рус Василий Александрович Сухомлинский (1918 -1970) дар асараш “Ватан дар дил” менависад:
“Модар писарашро ба Армияи Советӣ гуселонд. Гуселонду супориш дод: “Писарам, Ватанро муҳофизат кун.
Онро монанди ман дӯст дор. Агар душман ҷанг сар кунад, барои Ватан сар бохтан зарур шавад, ёд дор, ки хоки Ватан чӣ бӯе дорад. Ана онро бо худ бигир ва ба писар хоки зодгоҳро даруни халтачаи шоҳии сурх гузошта дод”.
Писар дар сарҳад хизмат карда, аз халтачаи сурх асло ҷудо намешуд. Боре шабонгоҳ дар ҳимояи сарҳад истода буд. Ногаҳон ба сӯяш душманон ҳамлавар шуда, тир парониданд. Синаашро маҷруҳ карданд. Хун рӯи хок рехт. Сарбози ҷавон боз синаашро ба замин ҷафстар кард ва сӯи душман оташ кушод. Як шаби пурра ба душманон даст надод, ки аз замин сар боло кунанд. Пагоҳӣ ҳис кард, ки маҷоле надорад. Халтачаи шоҳии сурх ба ёдаш зад. Якбора худро қудратманд ҳис кард. Баъд ёрӣ расиду душманонро пеш карданд. Ватан барои мо аз ҳама азизтар аст.
Бинед, ки нисбат ба Ватан ва ватандорӣ хонандаи синфи 5-ум дар ҳамин асар чӣ гуфтаниҳое дорад, ки дили ҳар як фарди баору номусро ба ларза меоварад: “Мехоҳам, ки сарҳадбон шавам, то шабҳо Ватанро ҳимоя кунам. Ҳамаи одамон ором мехобанду ман Ватанро нигоҳбонӣ мекунам. Дар ҷои дуре модарам ҳам хобидааст. Модар, ором бихоб, ман ба атроф зиракона менигарам. Душман гузашта наметавонад”.
Мехоҳам, ки модарам бо ман фахр кунад ва ба одамон гӯяд: “Бинед, ман чӣ хел писар дорам!” Ифтихори ватандорӣ аз донистани таъриху фарҳанги миллат сарчашма мегирад. Арҷ гузоштан ба корнома ва қаҳрамонии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ҷонфидоиҳои зиёде кардаанд, намунаи олии ватандорист.
Мо бояд ҳамеша, ҳар лаҳза ва дар куҷо набошем, меҳри Ватани хешро дар қалби бузурги худ ҷой диҳем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони баруманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз мо Истиқлоли давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем.
Шоири ширинкалом меҳру муҳаббати хешро нисбат ба Ватан изҳор карда, чунин овардааст:
Зикри дили ман ҳамеша номи Ватан аст,
Авроди забони ман каломи Ватан аст.
Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.
Мо бошем аз ҷониби худ андешаи хешро чунин изҳор карданием:
Ватан! Ҷаҳон - ҷаҳонмаъно нуҳуфтааст дар ту.
Ватан! Маконе, ки мо дар он ҷо чашм ба дунё кушодаем.
Ватан! Сарзамине, ки мо нахустқадамҳои худро дар рӯи он гузоштаем.
Ватан! Маконе, ки аз оби чашмасоронат нӯшидаем, аз ҳавои софу муаттарат нафас кашидаем.
Ватан! Бузургтар аз ту чизе надорам.
Ватан! Мояи ифтихор, шаъну шараф, нангу номус ва обрӯю эътибори мо ҳастӣ.
Ватан! Ту азизтарин сарвату неъмат ҳастӣ, ки насиби мо фарзандонат гардидаӣ.
Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ неруи худро барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Гулбаҳор Бобоева,
мудири кафедраи педагогикаи ДДБ
ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...