Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ДАВЛАТАЛӢ САИД: "МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДДИ НАЗАРИ РОҲБАРИЯТИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД"


ДАВЛАТАЛӢ САИД: "МАСЪАЛАҲОИ ИҶТИМОИИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАДДИ НАЗАРИ РОҲБАРИЯТИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҚАРОР ДОРАНД"



Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси вилоят дар ибтидо қайд намуд, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии шаҳрвандон таҳти назорати бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.

Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.




Дар қабули сайёр шаҳрвандон оид ба сохтмони муассисаи таълимӣ дар яке аз маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти "Меҳвар", оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ, ташкил намудани гармхона дар деҳаи Фарғона, тоза кардани каналу заҳбӯрҳо дар Ҷамоати деҳоти "Панҷ", надоштани хатти обпарто дар хонаҳои баландошёна дар шаҳраки "Панҷ", оид ба расонидани кумак барои беморон, мушкили об дар Ҷамоати деҳоти "Намуна" ва маҳаллаи Ойтудаш, сохтани бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сомонӣ, расонидани кӯмак ба оилаи эҳтиёҷманд, баҳси замин, мушкили оби полезӣ дар Ҷамоати деҳоти Кабуд Сайфиддинов, оид ба иваз намудани симчӯбҳои барқ дар шаҳраки "Панҷ" дархости мусоидати раиси вилоятро карданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода