Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАҲОНГИР ДАДАҶОНОВ, БАРАНДАИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»: "БА ХАЛҚУ ВАТАНАМ СОФДИЛОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ"


ҶАҲОНГИР ДАДАҶОНОВ, БАРАНДАИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»: "БА ХАЛҚУ ВАТАНАМ СОФДИЛОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ"




Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардид.

Ҷаҳонгир Дадаҷонов иброз дошт: «бароям мояи ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз барандаи аввалини Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гардидам. Пеш аз ҳама, миннатдории бепоёни худро ба Пешвои илмпарвари миллат баён менамоям. Инчунин ба ташкилкунандагони озмун изҳори сипос менамоям. Ваъда медиҳам, ки дар оянда ба халқу Ватанам софдилона хизмат намуда, дар пешрафти илми тибби мамлакат саҳми арзанда гузорам».

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода