Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ХАТЛОН. МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ ОҒОЗ ГАРДИД


ХАТЛОН. МУСОБИҚА БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ ОҒОЗ ГАРДИД




Дар толори коллеҷи тиббии давлатии шаҳри Бохтар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон оид ба волейбол бахшида ба Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Юсуф Амирхон ва намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят  ҳузур доштанд.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқа дар асоси нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят байни ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ гузаронида мешавад.



Дар мусобиқа  дастаҳои волейболбозон аз ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуда, байни ҳам рақобат мекунанд. Ғолибон дар Рӯзи Конститутсия  ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо ҷоизаву мукофотҳо сарфароз мегарданд.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода