Охирин пайванди Ҷамшед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 298
Саҳари солеҳон ба ҷои чақ-чақи булбулону садои парандагони хушовозу нағмахон одамонро “Малако, ширда биё”-гуфта ҷеғ задани фурӯшандаҳои ҷавон аз хоби ноз нофор месозад. Чи ибораи махлуту гӯшхарошу дилгиркунандае, ки дар ягон қолаби гуфтугӯи забони тоҷикӣ намеғунҷад. Дар ин лаҳза аз “Ёддоштҳо”-и устод Садриддин Айнӣ симою чеҳраи Раҳими Қанд-падари нависандаю олими шинохта шодравон Раҳими Ҳошим хаёлан ба хотир меояд. Вай ҳам аз субҳидам қуттии шириниҳо дар гардан овезон дар кӯчаҳо гашта, одамонро барои харидани маҳсулоташ даъват менамуд, вале тарзи гуфтораш нарму мулоим буд. Харидоронро бо як лаҳни зебою шево ва ширину ноби тоҷиконаи гӯшнавозаш барои харидории маҳсулоташ даъват мекард. Роҳгузарон аз рафтору гуфтори вай самимиятро пай бурдаю хоҳу нохоҳ истода, қандҳои вайро мечашиданду бо ҳавас харидорӣ мекарданд.
Манзараҳои имрӯзу пешинро дар даъвату гуфтугӯи мардуму соҳибкорони навбаромад агар санҷем, ҳеҷ дар мизони ақл намеғунҷаду касро сахт ба риққат меорад. Ба риққат меорад, ки наход лафзи тоҷикона ин қадар хору коста шуда бошад? Лафзе, ки гузаштагонамон замоне онро бо зару зевар оростаю пероста карда буданд. Барҳақ, он забони париён, фариштаю малоик ва қудсиён аст.
Забоне, ки бо он қудсиён шеъри Ҳофизро аз бар мекунанд. Абулқосими Унсурӣ дар баҳои он гуфта:
Чу бо одамӣ ҷуфт гардад парӣ,
Нагӯяд парӣ ҷуз ба лафзи дарӣ.
Метавон бо дили пур гуфт, ки забон ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллӣ аст.
Ҷузъе, ки моро дар тӯли таърих ҷаҳониён маҳз тавассути он мешиносанду эътироф мекунанд. Аз ин хотир, забони мо ва таърихи гузаштагони он дар ҳамаи давру замонҳо мояи ифтихору сарбаландии миллат мебошад, зеро таърих собит намудааст, ки ҳар як миллат ва давлати миллӣ танҳо бо доштани забони миллии худ пойдору устувор мемонад. Аз ин рӯ, ҳар як давлат дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон масъулияти таърихӣ дорад, ки онро наметавон инкор кард ва нодида гирифт.
Гузаштагони мо ҳанӯз дар давраҳои қадими пеш аз мелод дорои як забони муштараки ориёӣ буданд. Забоне, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аз шохаю сарчашмаҳои он дигар забонҳои ориёӣ маншаъ гирифтаанд.
Баъдан аз ин забонҳои бостон забонҳои дигари давраи миёна ва гурӯҳи забонҳое бо номи ин мардумон ва сарзаминҳои ҷои зисти онҳо, забонҳо ва шеваю лаҳҷаю гуфторҳои гуногуни маҳаллӣ пайдо гардиданд. Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ чун забони ягонаи сарзаминҳои давлату давлатдории тоҷикон қарор гирифту он ҳамчун забони аз ҳар ҷиҳат ташаккулёфтаи дорои меъёрҳои махсус ба сарзаминҳои ғарби Эрон ба ҷои забони паҳлавӣ равнақу густариш ёфт.
Забони ноби тоҷикӣ моро ба даврони басо дури таъриху фарҳанги мардумонамон пайванд месозад. Ниёгонамон ҳанӯз аз ҳазорсолаҳои пеш аз мелод то замони пайдоиши хат ва алифбо достону чакомаҳои бузурги шифоҳӣ офарида буданд, ки намунаи беҳтарини онҳо суруду яштнҳои “Авасто” маҳсуб меёбанд.
Забони модарии мо дар мақоми забони давлатӣ ҳанӯз пеш аз замони Сомониён низ собиқаи хеле тӯлонӣ ва таърихӣ дошт. Гузаштаи он дар се давраи таърихи ташаккулаш давлатҳои мутамаддини Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён алоқамандии зич дорад. Аз ҳамаи ин давраҳои таърихӣ дар забони мо осори басо нодир ва пурқимату арзишманд ба мерос мондааст. Осоре, ки метавон онро мояи ифтихору сарфарозӣ унвон кард. Дар ҷаҳон шояд миллату халқият ва қавмеро, ки забони имрӯзаи онҳо бо забони ҳазорсолаашон чунин пайванди ногусастанӣ дорад, кам бошад.
Аз замони ба даст овардани Истиқлол забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мақому манзалати баландро касб карда, дар бахши коргузорию эҷодӣ қонунҳо, соҳаҳои илму маорифу фарҳанг ва робитаҳои дохилию хориҷӣ мавриди истифода қарор дорад. Бо ин забон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд тоҷику тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён шиносонд. Розу ниёзи онҳоро дар ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ба мо дӯсту бародару ҳамдил расонид. Дар мавриди зарурияти забон таъкид менамояд, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ва сарчашмае аст, ки инсонро ба асолати миллӣ пайванд месозад.
Ин аст, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати ҳифзи забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Барои рушду инкишофи он тамоми шароитро муҳайё сохтаанд, шароитҳое, ки забони давлатӣ дар оянда боз ҳам инкишоф ёбад. Зеро он хишти аввалини кохи миллат мебошад.
Алорағми ҳама пайкорҳо ту зинда мондӣ боз,
Забони модарӣ, эй охирин пайванди Ҷамшедам.
Оре, забони модарӣ алорағми ҳама пайкорҳо то имрӯз зиндаю ҷовид монд. Ба қавли устод Бозор Собир, ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод. Хитаи Балху Бухоро аз даст рафт. Душманону донишгадоёнаш “Дониш”-и Синоро гирифтанд. Душманони бесуннаташ девони Мавлоно бурданд. Гурзи Рустаму Суҳроб аз даст рафту тоҷик номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд.
Ин сатрҳоро бе оби чашм хонда намешавад, ки устод Бозор Собир бо алам дар шеъри “Забони модарӣ” гуфта:
Халқи тоҷик,
Халқи армон,
Об дар чашм,
Чун ятимон,
Дар лабаш хашм,
Чун асирон,
Аз ватан то бар кафан ҳар буду нобуде, ки дошт,
Бар кафанталабу ватанталбандаҳо бахшиду дод.
Душмани дарвеши худро,
Шоҳу доро карду худ дарвеш монд,
Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон
Солҳои тангиро медид ӯ.
Гаҳ дар оташ,
Гоҳ дар об,
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори
Суғдиёнаш сӯхт, сӯхт,
Бо харобиҳои девору дари
Афросиёбаш шуд хароб.
Ба алорағми ҳама пайкорҳо, ки забони модарӣ зинда монд, ишора карда, мегӯяд:
Лек лафзи модарияш,
Ҳамчу номи модараш,
Дар забону дар даҳонаш монд, монд.
Ҳар сухан бо шири модар,
Сахт шуд дар устухонаш монд, монд.
Ва боз навҳа мекашад адиб:
Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр,
Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рудакихон кард ӯ.
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.
Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.
Ба ақидаи шоир, тоҷик чун сайди маҷрӯҳ ҷароҳатҳои худро дар лаҳзаҳои навмедӣ гаштаю баргашта лесиду бо забонаш даво кард. Шоирону нозирҳояш аз сари сад минбар афтоданд, вале нагузоштанд қадри сухан ба замин афтад.
Сӯзи дили худро дар ин шеър шоир хушбинона ҷамъбаст мекунад:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Рӯзи иди забони давлатӣ муборак, ҳамватанон!
С. Баёзӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00