Омӯзгор чароғи ақл аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 484
Яке аз пешаҳои заҳматталаб, вале пурифтихор дар ҷомеа ин касби омӯзгорӣ аст. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро бароямон муаррифӣ мекунад. Тобиши зиндагӣ борҳо собит сохтааст, ки давлати муаллим тарбияи дурусти шогирдон аст. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рӯзгори мо омӯзгорон ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор доштанд.
Дар урфият дуруст фармудаанд, ки омӯзгор ҳеҷ гоҳ намемирад, зеро шогирдонаш ба вай умри ҷовидонӣ мебахшанд. Воқеан ҳам, омӯзгорӣ касби бошараф аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли маорифи кишвар таъкид намуда буданд: «Таърих ба дӯши аҳли маориф масъулияти хеле азим – таълиму тарбия ва раҳнамоии наслеро гузоштааст, ки ояндаи халқу давлат ба дасти онҳост».
Пӯшида нест, ки омӯзгори ҳақиқӣ фанни худро дӯст медорад ва дониши худро пайваста сайқал медиҳад. Агар омӯзгор сермутолиа бошад, доираи ҷаҳонбинӣ ва афкораш васеъ гардида, ба сифати дарсу шахсияти ӯ бетаъсир нахоҳад монд. Танҳо дониши фаровон, эътиқоду ақидаҳои олии хештаншиносӣ, масъулиятшиносӣ ва дилсӯзӣ дар назди мактабу маориф, падару модарон ва ҷомеа обрӯю эътибори омӯзгорро дучанд баланд мебардоранд.
Мақсаду вазифаҳои таълиму тарбияи миллӣ низ имрӯз дар ташаккули шахсиятҳои комил, соҳибватан, ифодагари симои зеҳнию маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои дигари инсонӣ ифода меёбад.
Мову шумо фардҳои хушбахти Ватан ҳастем, ки имрӯз дар соҳаи афзалиятноки маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Тоҷикистон-баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаи донишҷӯён ҷидду ҷаҳд дорем. Ҷавобан ба ғамхориҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи моомӯзгорон арзонӣ доштаанд, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар замири ҷавонон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирад, то ки барои пойдории давлати соҳибихтиёрамон ва зиндагии хушбахтонаву рӯзгори осудаи наслҳои имрӯзу фардо заминаи мусоид фароҳам оварем.
Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳибмактаб ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд. Ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ин миён истисно нест. Имрӯз рисолати наҷиби омӯзгорӣ дар омӯзонидан ва дар таълиму тарбияи дурусти шогирдон зоҳир мегардад. Ошёни меҳри устодони донишгоҳамон, профессорон Қудратулло Абдураҳимзода, Санг Холназаров, Ҷумъабой Сафаров, Абдурасул Сатторов, Искандар Икромов, Абдукибор Гадозода, Абдулҳай Комилӣ, Рустам Тағоймуродов ва чанде дигарон дар қалби чандин насли толибилмҳост, ки барояшон сабақу фазл омӯхта, ба камол расонидаанд. Ном ва кору амали собиқадорони меҳнат Ашӯралӣ Хайрзода, Тағойназар Нодиров, Ҷумъа Бердиев, Хуҷабӣ Каримова ва дигарон аз лавҳи хотири шогирдон зудуда нахоҳад шуд. Акнун имрӯз ҷойи онҳоро насли ҷавони олимон – Наим Ашӯрзода, Муқаддас Рустамзода, Шаҳло Ашӯрова, Бахтиёр Қодиров ва дигарон пур карда истодаанд, ки пайвандгари фардои ҷомеаанд.
Воқеан, ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ нашудан мушкил аст, ки гуфтаанд: «Аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки зиёӣ бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзу фардои он дарк намояд. Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣвоқеан виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳад буд. Ҳадафи асосии зиёиён бояд эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд бошад».
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор менамояд, ки тамоми неруи ақлонию зеҳнии худро дар партави иҷрои супоришу ҳидоятҳои Сарвари давлат барои беҳбудӣ бахшидан ба сифати таълим, корбасти навтарин усулҳо дар таълими дарсҳо, истифодаи технология ва техника дар раванди таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзидаву дорои ахлоқи ҳамидаи ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ равона созем.
Имрӯз омӯзгор шогирдеро бояд таълим бидиҳад ва тарбия намояд, ки диди нав, андешаи неку дурбинона, фаъол ва неруманд бошад, то ба кишвари худ аз самими қалб хидмат намояд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми устодон ва донишҷӯёнро, ки устодони ояндаанд, ба муносибати иди касбии Рӯзи омӯзгор шодбош гуфта, ба онҳо дар пайроҳаи мушкил, вале пурифтихори омӯзгорӣ саодати рӯзгор ва иқболи баландро орзу менамоям.
Сайфиддин ДАВЛАТЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00