Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем


Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем



Ҳифзу марзу буми Ватан вазифаи ҳар як шахси соҳибватан аст. Ватане, ки имрӯз соҳибихтиёру дорои истиқлолияти комил аст, дар фазояш сулҳу субот ҳукмфармост, таъмини якпорчагии он қарзи ҷониву имонии мо маҳсуб меёбад.

Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят душвор таъсис ёфтаву то ин замон сарбозони шуҷои кишвар бехатарии мулк ва амнияти моро таъмин мекунанд.

Ҳангоме ки номи Ватанро ба забон меорӣ, пеши назар модар бо чеҳраи нуронӣ ҷилвагар мешавад. Ватану модар ҳамрадифанд. Мудофиаи Ватан, тамомияти марзу буми он моро водор мекунад, ки ҳамаи сокинони кишвар ҳамдаст шуда, дар фаъолияти хеш амалан ватандӯстиву муттаҳидӣ нишон диҳем.

Дар қалби насли ҷавон аз хурдӣ меҳри Ватанро ҷо карда, муҳите бояд ба вуҷуд овард, ки ҷавонон бо майлу хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ раванд, бо сари баланд аз ин мактаби мардонагиву далерӣ гузаранд. Ман хизмати ҳарбӣ, яъне мактаби мардонагиро бо хоҳиши худ адо намудам. Ёдовар мешавам, ки хизмати содиқонаи маро дар китоби “15-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 2007 хизматамро дар ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебурдам, дарҷ намудаанд.

Тавре медонем, ҷавҳари “Шоҳнома”-и безаволро ҳифзи Ватан ва ғояи ватанпарастӣ дар бар мегирад. Махсусан, дар замони Фирдавсӣ муҳофизати Ватан ва нигоҳдории он аз ҳуҷуми бегонагон ба масъалаи хеле муҳим табдил ёфта буд. Фирдавсӣ мардумро ба муҳофизати Ватан ва ҳифзи он аз ҳуҷуми душмани ғаддор даъват мекунад:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Фирдавсӣ барои талқини ғояи ватандӯстӣ
касро ба далерию шуҷоат даъват менамояд.


Қаҳрамонҳои ӯ ҳангоми ҷангҳо мардумро ба ғалаба раҳнамоӣ мекунанд:

Бикӯшем мардӣ ба кор оварем,
Бар эшон ҷаҳон тангу тор оварем. 


Дар интиҳои Достони “Коваю Заҳҳок ва ба тахт нишастани Фаридун” таъкид шудааст, ки пойдории некию олиҳимматӣ дар ҷаҳон ба зиндагии шукуфони одамон мадад мерасонанд:

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
Фаридуни Фаррух фаришта набуд,
Зи мушку зи анбар сиришта набуд.
Ба доду деҳиш ёфт он некӯӣ,
Ту доду деҳиш кун, Фаридун туӣ.
 

Вақте ки шоҳ Кайқубод аз олам гузашта, ба ҷояш Кайковус меояд, оид ба анъанаҳои ниёгон Фирдавсии бузург хулосаҳои пандомези худро ин навъ изҳор менамояд:

Падар чун фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар ӯ бар ниҳон.
Гар ӯ биафканад фарру номи падар.
Ту бегона хонаш, махонаш писар.
Агар гум кунад роҳи омӯзгор,
Сазад, к-ӯ ҷафо бинад аз рӯзгор.


Дар анъанаҳои шоҳигарии қадимиён бузургию хирадмандӣ мавқеи муҳим доштанд ва Фирдавсӣ аз Кайковус инҳоро талаб кардааст. Аммо ин фармудаҳояш аҳамияти умумӣ гирифтаанд, яъне ҷавони боақл роҳи неки падаронро пайравӣ намояд ва ба бадию зиштӣ роҳ надиҳад. Ба фармудаи омӯзгоронаш амал карда, аз рӯи ақлу хирад кор барад.

Таърихи зиёда аз панҷҳазорсолаи халқи тоҷик маҳз бо туфайли фарҳанги волои ватандорӣ, созандагию эҷодкорӣ эътирофи ҷаҳониёнро ноил шуда, ба худ номи саргузашти озодагон ва тоҷдоронро гирифт.

Достон таҷассумгари олии ситоиши ватанхоҳии тоҷиконро ифода менамуд. Дар анъанаҳои ҷашни Наврӯз ҷавон то камарбанди ҷавонмардӣ, яъне (куштӣ)-ро соҳиб намешуд, кадхудо, яъне соҳиби оила шуда наметавонист. Барои ба даст овардани камарбанд ҷавони тоҷик мебоист дар мактаби мардонагӣ-тайёр будан ба ҳимояи Ватан обутоб ёфта, дар даҳаи дуюми ҷашни Наврӯз дар назди мардум “имтиҳон” месупорид. Имтиҳон ё худ намоиши оммавӣ хеле мушкил буда, аз ҷавонон тайёрии пухтаи ҷисмонӣ, маърифату ахлоқи ҳамидаро тақозо менамуд. Дар мусобиқаи паҳлавонӣ аз даст додани камарбанд таҳқир барои ҷавонмард ба ҳисоб мерафт, ки он ба марг баробар буд. Сарзамини биҳиштосои тоҷикон доимо гирифтори ҳамлаи аҷнабиёни истилогар буд.

Дар тӯли таърих қаҳрамониҳои шарафмандонаи Шерак, Томирис, Спитамен, Ғурак, Деваштич, Абумуслим, Муқаннаъ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ, Восеъ ва даҳҳо диловарони гумном таҷассумгари олии гарданкашу лашкаршикан будани тоҷикон ба ҳисоб мерафт.

Усулҳои олии лашкаркашии Спитамен, Темурмалик ва Восеъ ва ё дар муҳосира саркӯб намудани душман аз тарафи Мавлонзода баёнгари ҷасорат ва ифодакунандаи ҳисси олии ватандӯстии фарзандони содиқи Ватан мебошад. Ҳатто истилогарон ба диловарии онҳо мафтун шуда буданд. Тасвиру тараннуми ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷик аз замони ҳаракати шуубия (асри IX) оғоз гардида, бо мубориза ба муқобили пантуркизм (ибтидои асри XX) обутоб ёфтааст. Гирудорҳои сиёсии оғози асри XX дар ҳаёти ҷамъиятии Осиёи Марказӣ такони ҷиддие ворид намуданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати афроди ватандӯст миллати тоҷики ҷабрдида дар харитаи сиёсии ҷаҳон, баъди пошхӯрии давлати Сомониён соҳиби як порча марзу буми аҷдодӣ гардид. 16-уми октябри соли 1924 дар охири асри XX дар тақдири ин миллати наҷиб офтоби толеъ тулуъ намуда, соҳиби давлати соҳибистиқлол гардид. Бояд ҳар як фарди худогоҳи тоҷик ин неъматро қадрдонӣ карда, онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт ва гиромию ҳифз намояд.

Насли имрӯзаи тоҷик бояд дар атрофи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, иқдоми ватандӯстонаи ӯро дастгирӣ намуда, ҳомии Ватан бошанд. Дар ин хусус дар моддаи 43- юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки “Мудофиаи ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Тоҷикистон аст: “Шахс танҳо дар Ватани аҷдодии худ озоду хушбахт буда метавонад. Дар ин хусус бузургон таъкид намудаанд, ки яке аз омилҳои хушбахтии инсон, дар ватани худ ризқу рӯзӣ ёфтани ӯ мебошад. Ташкили ҷомеаи солим, таъмини зиндагии шоиста дар ҷаҳони имрӯза ба таҳкими суботи давлатдории демократӣ, ки он ба пояи устувори ватанхоҳӣ, ҳисси баланди миллӣ ва дигар арзишҳои маънавӣ такя менамояд, имконпазир аст.

Зоиршоҳ НАЗИРЗОДА,
муовини аввали директори Мактаби байналмилалии президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода