Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ВОРУХ ҶУЗЪИ НОГУСАСТАНИИ ТОҶИКИСТОН АСТ ВА ҲЕҶ ГОҲ АНКЛАВ (ДАР ИНҲИСОР) НАБУД


ВОРУХ ҶУЗЪИ НОГУСАСТАНИИ ТОҶИКИСТОН АСТ ВА ҲЕҶ ГОҲ АНКЛАВ (ДАР ИНҲИСОР) НАБУД




Осиёи Марказӣ дар ҳама давру замон нахустмеҳани мардуми ориёӣ-тоҷикон буд. Дар асри VII мелодӣ воридшавии халқҳои туркзабон аз шимоли ин минтақа ба сарзамини Суғду Тахористон оғоз гардид ва ин раванд минбаъд дар муддати қариб ҳазор сол бо воридшавии туркҳои қарахонӣ, салҷуқӣ, қарахитоӣ, муғулҳо ва ахиран узбекҳои бодиянишини Дашти Қипчоқ идома ёфта, дар харитаи этникии Осиёи Миёна дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Новобаста ба воридшавии мардуми турку муғулнажод Осиёи Миёна сарзамини муштараки халқҳои ин минтақа ба ҳисоб рафта, мардум дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳамҷаворӣ зиндагӣ мекарданд.

Дар нимаи дуюми асри ХIХ дар Осиёи Марказӣ се давлати феодалӣ: Аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қуқанд вуҷуд доштанд, ки барои баъзе мулкҳои тоҷикнишини кӯҳистон бо ҳам мухолифати шадид доштанд. Аз чунин вазъият истифода бурда, қушунҳои Россияи подшоҳӣ аз солҳои 60-уми асри ХIХ то соли 1995 қисми зиёди ин минтақаро забт карда, воҳиди маъмурии Генерал-губернатории Туркистонро ташкил карданд, ки ин ҳолат то бунёди давлати Шӯравӣ идома ёфт.

Баъд аз бунёди Давлати Шуравӣ соли 1918 ҶМШС Туркистон, ки вилояти Суғди имрӯза ва Бадахшон ба он дохил мешуданд, дар ҳайати Россияи Советӣ таъсис дода шуданд ва соли 1920 ҷумҳуриҳои Шуравии сотсиалистии Бухоро ва Хоразм ташкил карда шуданд.

Бо дастури роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи октябри соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна ҳар се ҷумҳурии мазкур барҳам дода шуда, дар заминаи онҳо ҷумҳуриҳои нав аз руйи нишонаҳои миллӣ: ҶШС Туркманистон, ҶШС Ӯзбекистон, ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон, ҶМШС Қазоқистон ва виоляти мухтори Қаро-Қирғиз дар ҳайати Росияи Советӣ (танҳо соли 1936 аз ҳайати Россия баромада, ҷумҳуриҳои алоҳида эълон гардиданд) ташкил гардиданд.

Дар натиҷаи ин тақсимоти беадолатона, қисмати фарғонагии вилояти Суғди имрӯзаи Тоҷикистон (Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он, Конибодом, Исфара ва Ашт) ба ҳайати Ӯзбекистон дохил гардиданд.

Дар асоси харитаҳои таҳиягардидаи солҳои 1924-1927, ки сарҳадҳои ҷумҳуриҳои навтаъсиси собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ аниқу дақиқ карда шудаанд, Ворух бо ноҳияи Исфараи уезди Хуҷанд пайваст буда, ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад. Ҳамзамон, дар харитаи топографии Округи ҳарбии Туркистон, ки то соли 1992 вуҷуд дошт, Ворух ба ҳайси анклав нишон дода нашудааст. Моҳи сентябри соли 1929 округи Хуҷанди вилояти Самарқанд ба Тоҷикистон дохил гардид ва Ворух ҳамчун минтақаи калони тоҷикнишин дар ҳайати он ба ҳудуди Тоҷикистон ворид гардид.

Бо назардошти ин андешаҳо ҳангоми баҳсҳои марзӣ бояд нишондодҳои асосии харитаҳои солҳои 1924-1927 ба инобат гирифта шавад, ки қувваи ҳуқуқӣ доранд ва ҳар ду ҷумҳурӣ онҳоро дар вақти тақсимоти миллию марзӣ дар солҳои зикргардида қабул намуда буданд, ҳамчунин дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидаанд.

Исботи ин гуфтаҳо харитаи сиёсӣ ва топографии Осиёи Миёна мебошад, ки дар соли 1927 таҳия гардида, Ворух бо хатти сурх ҷузъи ҷудонашавандаи ноҳияи Исфараи округи Хуҷанд нишон дода шудааст ва ин харита бо қарори КИМ-и СССР - мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии давлати Шӯравӣ аз 27 марти соли 1927 бо имзои раиси комиссия Магидович тасдиқ гардида, дар Бойгонии марказии Инқилоби Октябр ва дар айни замон дар Бойгонии Марказии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва маҳфузанд. (Нигар ба харита)
Дар баробари ин, мо дар зер харитаи заминсозии ҶШС Тоҷикистонро дар соли 1933 мебинем, ки Ворух анклав нест ва ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ мебошад.

Ҳамин тавр, дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур Ворух ҳеҷ гоҳ дар дохили ҳудуди Қирғизистон (анклав) қарор надошт ва ин ҳуҷҷатҳо заминаи ҳуқуқии муайянсозии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд ва Тангии Ворух ва деҳае, ки бо номи Оқсой дар солҳои 70-уми асри ХХ дар он ҷо ба вуҷуд омадаст, дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамзамон, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки дар идораи маъмурии деҳаи Оқсой мавҷуд аст, ягон шаҳрванди ин деҳа то соли 1975 дар он ҷо ба қайд гирифта нашудааст ва ба дунё наомадааст. Дар асоси ҳуҷҷатҳои шахсии аҳолии деҳаи Оқсой ба хулосаи асоснок омадан мумкин аст, ки чунин деҳа бо аҳолии қирғиззабон дар долони Ворух вуҷуд надошт ва танҳо баъди соли 1975 мардуми қирғизтабор заминҳои Тангии Ворухи Тоҷикистонро худсарона азхуд карда, хонаҳои худро сохтаанд.

Саволе ба миён меояд, ки тарафи Қирғизистон дар асоси кадом ҳуҷҷат даъвои ин ҳудуди Тангнои Ворухро мекунад?

Солҳои 1958-1959 ва соли 1989 тарафи Қирғизистон бидуни мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон бо ном Комиссияи паритетӣ ташкил карда, ҳудудҳои ғайриқонуни ғасбшудаи атрофи Ворухро ба манфиати худ яктарафа харита кардаанд, ки онро мақомоти ноҳияи Исфара ва Шӯрои Олии Тоҷикистон - мақомоти олии қонунгузори Тоҷикистони Шӯравӣ эътироф ва тасдиқ накардаанд, аз ин хотир ин ҳуҷҷатҳои сохта қувваи юридикӣ надоранд ва ҳанӯз соли 1989 дар асоси даъвои тарафи Тоҷикистон ин ҳуҷҷатҳои комиссияи бесалоҳият аз ҷониби Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ бекор карда шудаанд. Яъне тарафи Қирғизистон ҳуҷҷатҳоеро далел меоранд, ки тарафи Тоҷикистон ба сабаби яктарафа ва надоштани қувваи юридикии онҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро эътироф накардааст.

Бо назардошти андешаҳои баёнгардида, хулосаи қатъии тарафи Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки Ворух аз ибтидои Ҳукумати Шуравӣ анклав набуд ва ҷуъъи ногустании Тоҷикистон бо аҳолии 99, 99% тоҷикон буд ва мемонад. Ҳамаи даъвоҳои тарафи Қирғизистон бепоя буда, ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардаи онҳо дар бораи анклав будани Ворух қувваи юридикӣ надоранд ва худсарона таҳия гардидаанд. Дар ин бора маводи зиёд бо далелҳои муътамад вуҷуд доранд.

Бо назардошти андешаҳои баёнгардида, танҳо гуфтушунид, эҳтироми тарафайн, якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез масъалаи бамиёномада ҳалли худро ёфта, ба манфиати ҳар ду тараф ва таъмини суботи сиёсии минтақа ва оянда неки ду давлати ҳамсоя мебошад.

АЛИЗОДА Б.П.,
н.и.ф., дотсент, сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода