Шиносоӣ аз ёдгории беназири ниёгони мутамаддин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 340
Чанде пеш бо як идда шахсони фарҳангдӯсти вилояти Хатлон аз он ҷумла сардори шуъбаи аудити дохилӣ ва назорат дар Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қодир Азиззода, адиб ва фарҳаншиноси варзидаи қубодиёнӣ Қувват Додов, мудири шуъбаи молияи ноҳияи Шаҳритус Оятулло Қаноатшоҳзода, сармуҳосиби нашрияи «Субҳи Шаҳритус» Эркин Мамасаидов бо мақсади тамошои ёдгории бостонии Тахти сангин, ба дурдасттарин мавзеи ноҳияи Қубодиён, ки аз маркази ноҳияи Шаҳритус дар масофаи беш аз 40 км дуртар воқеъ аст, роҳ пеш гирифтем.
Чун ба он мавзеъ, яъне канори дарёи Омӯ расидем, дере нагузашта бо роҳнамоии як нафар афсари марзбони Қӯшунҳои сарҳадӣ дидани мақари ёдгории таърихии Тахти сангин муяссарамон гардид.
Дар мавзеи Тахти сангин Алишеру Беҳрӯз ном ҷавонмардони ҳунарманди ватандӯст бо ҳамроҳони хеш, ки аз Кӯлобшаҳр омада буданд, ба гарму тафсон будани ҳаво нигоҳ накарда, ба чатрпӯшии ёдгории бостонии Тахти Сангин машғул буданд.
Мо. аҳли гуруҳ аз ободу маъмур шуда истодани ёдгории беназири аз ниёгон мерос монда хушҳол шуда, ба ояндаи неки он, ҳамзамон ба қадамҷои ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтани ин ганҷинаи беназир бовариамон дучанд гардид.
Тибқи омори расмӣ дар ҳудуди ноҳияи Қубодиёни бостонӣ 4 ёдгории меъморӣ ва 22 ёдгории бостоншиносӣ кашфу мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Тахти сангин яке аз он ёдгориҳои бостониест, ки дар қисмати шарқии Қубодиён дар пушти қаторкӯҳи Тешиктош, дар соҳили рости рӯди Омӯ қомат афрохтааст. Тахти сангин ном гирифтани онро олимон бо он сабаб мақбул донистаанд, ки шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд.
Муҳаққиқ ва олими варзида Ш. Раҳмонов дар китобаш «Қубодиён Сарзамини Тӯс ва Рашкиқамар» (Душанбе, с.2011) нигоштааст, ки Тахти Сангин (Утер кала) дар 8 гектар масоҳат доман густурда, дар миёни Амударё ва кӯҳдомани Тоштеппа, аз шимолу ҷануб бо деворҳои ғафс пӯшонида шудааст. Деворҳои баланди пуриқтидори сангин аз ду қабат иборат шуда, қисми болоӣ 4 метр, қисми поёнӣ 3 метр, ғафсиаш 2,2 метр бо сутуну кунгура ва ҳалқаҳои зерсутуни сангин сохта шудаанд. Манораҳои росткунҷаи бурҷҳо ба бино тобишу ҷилоҳои хоса мебахшиданд. Тахти сангин ба он хотир мегӯянд, ки вай дар ҳақиқат аз санги сафеди мисли устухони фил сохта шуда, ҳоло ҳам гӯё дирӯз бо техникаҳои навтарини ҳозиразамон тайёр карда бошанд, намоён мегардад.
Яке аз муаллифони китоби «Қубодиён» (Душанбе, нашриёти «Бухоро», с.2017) Қуввати Дод, ки бо мо ҳамсафар буд нақл кард, яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ёдгории таърихии Тахти сангинро аз дарёфти «Хазинаи Амударё» хулосабарорӣ намудаанд.
Дар китоби болозикр дар шарҳи рӯйдоди мазкур чунин нигошта шудааст: «Дар нимаи дуюми асри нуздаҳ бозаргони бухороӣ маснуоти фаровон-маҳсули ҳунармандони қубодиёниро ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карда шуд. Олимон макони дарёфти маснуотро соҳили рости рӯди Омӯ муқаррар карданд…» (китоби мазкур, саҳ.116).
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ бо қарори ЮНЕСКО 2500-солагии ёдгории фарҳангии Тахти сангин дар сатҳи байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Чанд акси тозаро, ки аз мавзеи таърихии Тахти сангини ноҳияи Қубодиён дар сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj манзури хонандагони закитабъи рӯзномаи «Хатлон» гардадааст, барги сабзест, аз сафару саёҳати гурӯҳи фарҳангӣ.
Азизи Фаттоҳ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00