ДАВЛАТАЛӢ САИД: "СОҲИБВАТАН БУДАН ХУШБАХТӢ ВА ИФТИХОРИ БУЗУРГ АСТ"
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 325
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ин ҳамоишро ифтитоҳ намуда, аҳли толор ва тамоми мардуми вилояти Хатлонро ба муносибати ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, рӯзгори ободу осуда ва иқболи баланд таманно кард.
Қайд гардид, ки истиқлолият ҷавҳари маънавии инсоният аст, ҳар халқу миллате, ки рӯҳияи озодиву истиқлолхоҳӣ надошта бошад, тани берӯҳро монад.
32 сол аз нигоҳи таърих марҳилаи кутоҳ аст, аммо дар ин масир миллати тамаддунофари тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат тавонист дар ҳамаи ҷабҳаҳо комёбу дастболо шуда, ба пешрафту муваффақиятҳои беназир рӯ ба рӯ гардид.
Тамоми саъю талош, ташаббусҳои созандаву бунёдкорона ва нақшаву ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ки дар замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардидаанд, ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад.
Яке аз ҳадафҳои муҳим ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон аст, ки дар ин самт мо ба комёбиҳои беназир ноил гардидем.
Бунёди нақбо дар мавзеъҳои мушкилгузари кӯҳӣ, бахусус ба истифода додани ду нақби азим дар ҳудуди вилояти Хатлон - Озодӣ (Шаршар) ва Хатлон (Чормағзак), ки дар маҷмуъ 6653 метрро ташкил медиҳад, аз корнамоиҳоест, ки барои садсолаҳо пураҳамият хоҳад буд.
Дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Чин, Афғонистон, Қирғизистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.
Дар давоми 32 соли соҳибистиқлолии кишвар соҳаи саноати вилояти Хатлон бо суръат рушд ёфта, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои нави истеҳҳсолӣ бунёд гардида, номгӯи маҳсулоти саноатӣ сол ба сол афзоиш меёбад.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият менамуданд, ки ин шумора дар соли 2023 ба 671 адад расонида шуда, дар ин давра 566 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷойи кории доимӣ таъсис ёфтаанд.
Соли равон номгўи маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 223 намуд расонида шуд, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 1991-ум 132 номгўй зиёд буда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, имсол дар вилоят аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар маҷмуъ 92 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба истифода дода шуд ва то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва солҳои рушди саноат 2022-2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди 500 корхонаи саноатӣ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир ба нақша гирифта шудааст.
Раванди корҳи ободониву созандагӣ бо ҳидояти Сарвари давлат идома дошта, дар вилоят ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 6260 бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Соли гузашта ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ин ҳисоб 1522 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 24,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар суханрониаш зикр кард, ҳамасола баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар (1991 -2022) дар Хатлонзамин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5,4 маротиба, истеҳсоли ғалладонагиҳо 11,2 маротиба, картошка 12,8 маротиб, сабзавот 16 маротиба, полезиҳо 27 маротиба, меваҷот 12 маротиба, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз 3 то 7 маротиба, маҳсулоти чорводорӣ аз 3 то 8 маротиба ва саршумори чорво аз 2 то 4 маротиба зиёд гардид.
- Соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, васоити ахбори омма ҳамчун сармояи рушди давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии ррҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад, - идома дод раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Бунёди зиёда аз 3500 адад иншооти соҳи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 46 адад бо фарогирии қариб 260 ҳазор нафар донишҷӯ расонида шудани теъдоди муассисаҳҳои таҳсилоти олии касбӣ, қариб то 500 адад афзудани теъдоди муассисаҳои тиббии давлатӣ ва то ба 1750 адад расонидани бунгоҳҳои саломатӣ, ба зиёда аз 10 ҳазор адад расонида шудани теъдоди иншооти варзишӣ дар мамлакат далели гуфтаҳои боло буда, аз сиёсати бобарору муваффақи Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад.
Дастовардҳои вилояти Хатлон дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ хеле зиёд буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳаннӣ дахл мекунад. Ҳар дастоварди бузурги соҳибистиқлолӣ дар саҳифаи нави таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.
- Соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст, - таъкид кард раиси вилоят. - Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне Ватан ва Истиқлоли давлатӣ расидан ва онро гиромӣ доштан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост. Ман аминам, ки сокинони сарбаланди вилояти Хатлон бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва меҳанпарастии ибратбахш ҳамеша ҳомии Истиқлол ва озодии сарзамини арҷманди худ хоҳанд буд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии ҷамъомад барномаи пурмуҳтавои ҳунарии санъаткорони вилолят тақдими аҳли толор гардид.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00