Бадахшон – як гӯшаи биҳиштии Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Ҳунарҳои мардумӣ / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 557
Чанде пеш бо супориши рӯзномаи “Хатлон” дар доираи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доштем. Ҳадаф нишон додани зебогиҳои ин диёри зебоманзар буд. Ин иқдоми мо ба сафари бобарори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои ин вилоят сурат гирифт. Дар қатори сокинони хушбахти шаҳри Хоруғ мо ҳам Пешвои миллатро пешвоз гирифтему аз ифтитоҳи иншоотҳои нав хурсанду сарфароз будем. 31 гузориши видеоӣ ҳам аз ҷойҳои таърихӣ ва манзараҳои зебои ин сарзамин пешниҳоди бинандагон намудем.
Сарчашмаҳои хеле зиёдро дарёфт кардан мумкин аст, ки таърихи тӯлонӣ доштани ин сарзамини афсонавиро бо далелу фактҳои дақиқ собит менамоянд. Бояд қайд намоем, ки чун аз Бадахшон Роҳи бузурги Абрешим мегузашт, рафтуомад ва муҳоҷирати ақвоми мухталиф дар ин ҷо ба мисли намоишгоҳе аз нажодҳо ва забонҳо табдил ёфтааст. Аз назари қавмшиносӣ бештари аҳолии Бадахшони Афғонистон тоҷикони форсизабонанд, ки дар ҳавзаи Кӯкча ва ноҳияи Дарвоз умр ба сар мебаранд. Дар Бадахшони Тоҷикистон бошад, бино бар иттилои М. А. Бубнова, аҳолии муқимӣ тоҷикон буда, бо забонҳои шарқии эронӣ аз қабили шуғнонӣ, рӯшонӣ, вахӣ, язгуломӣ, маъмул дар солҳои охир “забонҳои бадахшонӣ, ё худ забонҳои помирӣ” ҳарф мезананд. Манзур аз гуфтаҳои боло ин назаре ба таъриху тамаддуни Бадахшон мебошад, ки бе худшиносӣ, худогоҳӣ инсоният инкишоф ёфта наметавонад.
Бо боварӣ метавонем гӯем, ки он нақшае, ки пешакӣ гузошта будем, ба ҳадафамон расидем. Нахуст аз як мушоҳида сарфи назар карда наметавонем, зеро инсон ҳар куҷое, ки наравад, муқоиса мекунад.
Мо аз шаҳри Кӯлоб то шаҳри Хоруғ дар 13 соат расидем. Аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то шаҳри Хоруғ аз канори дарёи Панҷ сафарамон идома кард. Диққати моро роҳҳои ду тарафи дарё ба худ ҷалб кард. Роҳи мо мисли оина ҳамвору зебо, аммо роҳи ҷониби Афғонистон хеле вайрону даҳшатнок ба назар мерасид.
Дар наздикии ноҳияи Дарвоз оби дарё баланд шуда, тақрибан 50 метри роҳи сокинони он сӯи дарёро пӯшонида буд. Мардум ба он ҷо меомаданду намедонистанд, ки чӣ гуна гузар кунанд. Инчунин, дар чандин ҷойи дигар сангҳо фаромада буду роҳро маҳкам карда буд. Аҷобаташ ин аст, ки ин роҳро, ки як мошин базӯр мегузарад, сокинони маҳаллӣ бо қувваи даст кандаанд. Медонед, чӣ хел? Дар ҳамон кӯҳҳои сар ба афлок худро тариқи банд аз боло овезон карда, бо дастгоҳи сангкафон, ки бо қувваи барқдиҳандаи ҳамроҳ кор мекунад, овезон карда, роҳро кандаанд.
Бояд зикр намоем, ки роҳҳои мо то ноҳияи Дарвоз мисли оина ва аз ноҳияи Ванҷ сар карда, роҳро тамири олӣ карда истодаанду дар назар аст, ки то соли 2026 ба пуррагӣ ба истифода дода шавад. Пешвои миллат ҳам дар ин сафарашон бо сохтмончиён вохӯрда, барои тезтар ва босифат омода намудани роҳ маслиҳатҳо доданд. Ҳини сафар мушоҳида кардем, ки дар чанд қитъа кор бо маром рафта истодааст.
Мо аввал ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба Дарвозу Ванҷу Рӯшону Шуғнону Хоруғ рафта расидем. Дар ноҳияи Ванҷ, деҳаи Водхуд каме истироҳат кардему манзараҳои афсонавии ин диёрро наворбардорӣ намудем. Дар ин ҷо зардолуву себу тутҳо нав расида буданд. Дар ин деҳаи хурд корхонаи коркарди санги мармар фаъолият мекунад, ки сокинони маҳаллӣ дар он ба ҷойи кор таъмин ҳастанд.
Як кӯҳи сарбаафлокро дидем, ки дар қуллааш равшанӣ намудор буд. Аз сокинон аз равшаниву кӯҳ пурсидем. Гуфтанд, ки ин кӯҳи мармар аст ва дар болояш тракторҳо кор мекунанд ва сангҳоро майда карда, ба корхона ворид менамоянд.
Сипас ба Хоруғ расидему дар меҳмонхонаи «PAMIR PAIAСE» шабро саҳар кардем. Шароити ин ва дигар меҳмонхонаҳо дар сатҳи олӣ буду муносибат самимӣ ва таомҳои болаззат. Соҳаи сайёҳӣ дар ин шаҳр рушд кардааст ва бархе аз мардумони маҳаллӣ меҳмонхонаҳои одӣ сохта, сайёҳони дохилӣ ва хориҷиро хуш қабул мекунанду зиндагиро пеш мебаранд.
Сайёҳони хориҷӣ хеле зиёд ба чашм мерасанд. Онҳо дар дидани манзараҳои зебои ин гӯшаи ватан роҳат карда, бо дучархаву мотосиклҳо сайру саёҳат мекунанд. Мардум ҳам бо онҳо муносибати хуб дошта, ба ҳар як мушкилашон сари вақт расидагӣ менамоянд.
Хоруғ шаҳри зебо шудааст. Субҳи босафое дорад. Сад шукр, ки имрӯз барои зиндагии ҳаррӯзаи мардум аз русто то шаҳр ҳамаи шароитҳои рӯзгор муҳайё гардидаанд. Имрӯз модареро намебинӣ, ки дар шаби тор бо таби баланди фарзандаш оҷиз мондааст. Зеро ҳатто дар ҳар як рустои дурдаст бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароити муосири кумаки аввалия фаъолият доранд. Ҳоло ягон кӯдаки ятиме аз муроқибати давлат берун намондааст.
Дар Хоруғ хонаҳои сарбафалаккашида, роҳҳои ҳамвор, ҳавои тоза, хонаю дари ободи мардум ба кас рӯҳу ҳаловати тоза мебахшад. Имрӯз Хоруғ барҳақ нигинест дар ангуштарини Бадахшон гардидааст. Қасри фарҳанг, Маркази ҷавонон, Маркази саломатӣ, бозори пур аз маҳсулоти ниёзи аввала дар хизмати ҳаррӯзаи мардум қарор доранд. Магар ин ормону орзуҳои деринаи аҷдоди мо набуд? Ҳама ҷо тозаву озода, бонизом ва гулгулшукуфон. Қариб дар ҳама соҳаҳо пешравӣ дида мешавад. Мардум аз пайи зиндагӣ ва кор ҳастанд.
Мо ба якчанд ҷо сафар кардем: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, майдони Исмоили Сомонӣ, Телевизиони Бадахшон, бозори марказӣ, хонаҳои урфии бадахшонӣ, чашмаи Пири Шоҳносир дар Шуғнон, болои кӯҳ, Боғи ботаникии Помир ба номи А.В.Гурский ва дигар ҷойҳо. Мо дар бораи ҷойҳои рафтаамон маълумот намедиҳем, зеро бо навишти як мақола мо онҳоро ба пуррагӣ ҷо дода наметавонем, ки нишонии гузоришҳои видеоиамонро дар поёни матн меоварем. Фақат дар бораи хонаи урфии бадахшонӣ чанд сухан мегӯем.
Мо дар бораи хонаи урфии бадахшонӣ ду гузориш дар ҳаҷми 38 дақиқа омода кардемему дар фксбуку ютуб нашр намудем. Ончунон маълумотҳои аҷиб гирифтем, ки кас дар ҳайрат мемонад. Ин гузоришҳоро то имрӯз зиёда аз 100 000 маротиба мардум тамошо кард. Вокуниши мардуми оддӣ ва равшанфикрон хеле олӣ буд. Наворро паҳн мекарданд ва назари худро зери он менавиштанд.
Ҳатто якчанд сокини ин минтақа дар шарҳ навишта буд, ки мо то имрӯз чунин маълумоти таърихӣ надоштем. Хонаҳои урфии бадахшонӣ таърихи аҷибе доранд ва аз хонандаи ин сатрҳо хоҳиш мекунем, ки барномаҳои видеоии моро дар ин бора ҳатман бубинад.
Чунон ки мегӯянд, бозор оинаи шаҳр аст. Ба бозори марказии шаҳри Хоруғ рафтем. Мардум масъули дасти худро, аз қабили тоқиву куртаву ҷӯроби бадахшонӣ ба савдо гузоштаанду зиндагиро пеш мебаранд. Синну соли савдогарон гуногун буд, ва бузургсолон низ ба назар мерасид, ки гиёҳҳои шифобахш ва куртаву тоқӣ мефурӯхтанд. Тоқиҳо аз 80 то 100 сомонӣ, куртаҳо барои кӯдакон то 250 сомонӣ, ҷӯроб то 80 сомонӣ ва муҳраҳо то 300 сомонӣ нарх доштанд. Таваҷҷуҳи сайёҳон ҳам ба ин намуди маҳсулот зиёд буд. Дар бозор сокинони минтақаҳои гуногун ба савдо машғуланд.
Аҷибаш ин буд, ки мо на дар бозор ва на дар кӯчаҳо гадое надидем. Аз сокинон вобаста ба ин пурсидем ва гуфтанд, ки дар ҳақиқат дар шаҳри Хоруғ ҳеҷ гадое вуҷуд надорад. Гуфтанд, ки замоне чанд лӯлие ба ин ҷо омада буд ва сокинон онҳоро ба ҷойҳои аввалаашон баргардониданд.
Сокинони шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он зиндадилу оромтабиат мебошанд. Эшон маъракаҳои хурсандиашонро дар тарабхонаву ҷойҳои тафреҳӣ мегузаронанд. Баъди тановули хӯрок ба рақс мебароянду хурду калон зебо мерақсанд. Ин манзараҳо хеле тамошобобу диданӣ ҳастанд. Мо ҳам вақт ба рақс ҳамроҳ мешудему ба хурсандиашон шарик мегардидем.
Мо дар ин гӯшаи зебои Ватан танҳо ба хубиву меҳрубониву инсонияти эшон шинос шудем ва таассуроти ҷолиб бардоштем. Инсонҳои самимӣ, меҳрубон, хоксору фурутан ва ҷавонмарду ғаюр. Дар дӯстӣ содиқ буда, дар пастиву баландии рӯзгор дар паҳлӯят мебошанд. Дурӯғро хеле бад мебинанд ва аз шахси дурӯғгӯ канора меҷӯянд. Дар он ҷо кӯчаҳо ором, ҳама аз пайи зиндагии осудаанд.
Дар қисмати охир аз ватандорони азиз даъват ба амал меорем, ки ҳатман ба ин гӯшаи зебои ватан биояд ва аз тамошои манзараҳои зебояш ҳаловат барандд. Яке аз омилҳои ба ҳам омадан ин рушди сайёҳии дохилӣ аст. Мо бо ҳамватаноне вомехӯрем, ки баъзе гӯшаҳои Тоҷикистонро то ҳол надидаанд. Аз ин рӯ, аввал бояд ба саёҳати Тоҷикистон бароем!
Хайр, Бадахшони нозанин! Боз ба тамошоят меоем!
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ ,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00