ИСТИҚЛ ОЛ ВА ЗАБОНИ МИЛЛӢ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 527
Ба даст овардани истиқлол дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият дигаргунӣ ва пешравиҳои назаррасро ба вуҷуд овард. Аз он ҷумла, забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ, забони давлатдорӣ ва забони расмии коргузорӣ маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба густариши бесобиқа даст ёфт.
Дар ин сатҳ густариш додан ва мақом бахшидан ба забони миллӣ бесабаб набуд. Зеро ба ҳамаи мо маълум аст, ки забон нишондиҳандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханрониҳои хеш чунин таъкид намудаанд: “Миллате, ки забони модариашро фаромӯш менамояд, бо мурури замон дар майдони таърих аз ӯ нишоне нахоҳад монд”.
Суханони нависандаи шинохта Адаш Истад, ки “Забони миллатро пояи миллат” гуфта буд, андешаи бо лоро тақвият мебахшанд. Дарвоқеъ, олитарин нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг ва ахлоқу биниш дар забони зиндаи худ муаррифӣ мешавад.
Илова бар ин забон ҳамчун воситаи муоширати як ҷомеаи мустақил метавонад ҷомеаро дар таркиби як воҳиди маъмурӣ муттаҳид созад. Ба мо маълум аст, ки дар мавридҳои муайяни таърихӣ забон, пеш аз ҳама, чун нишони ваҳдати миллӣ, чун силоҳи мубориза баҳри эҳёи миллат хидмат намудааст.
Дар масири пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ дар таъмини ваҳдату ягонагии миллат парчами муборизаи роҳи озодӣ ва истиқлол мегардад. Халқи тоҷик бо иқдоми зиёиён солҳои 80-уми қарни 20 муборизаи хешро баҳри Истиқлоли ҷумҳурӣ маҳз аз талош барои эълон кардани забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ карда буд. Дар давраи истиқлолхоҳӣ нақши забон боз ҳам зиёдтар чун нишони ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ зоҳир мегардад. Забон дар радифи дигар муқаддасоти миллат, чун Парчами миллӣ ва Суруди миллӣ, арзиши беандоза дорад. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳз аз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба забони тоҷикӣ шаҳодат медиҳад.
Забони мо забонест, ки бо он шоҳкориҳои олами адабиёт иншо шудаанд. Соҳибқирони шоирӣ-устод Рӯдакӣ бо ин забон басо шеърҳои холис ва нобе сурудааст. “Шоҳнома”-и безаволи ҳамосасарои беназир – Фирдавсӣ, ки нафистарин шоҳкори адабист, дар ҳаҷми шаст ҳазор байт бо ҳамин забони асил эҷод шуд; аксари асарҳои илмии алломаи Машриқзамин-Абӯалӣ ибни Сино низ зодаи забони модариаш-ҳамин забон аст. Асбоби эҷоди асарҳои илмию бадеии сухансароёни забардасте чун Форобӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Носири Хусрав, Ҷомӣ, Бедил, Сайидо, Аҳмади Дониш, устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигар намояндагони илму адаби тоҷик низ бо забони модариашон буд.
Ин аст, ки забони мо намоёнгар ва бозтоби ин ҳама илму адабиёти шуҳратманди миллати мост. Устод Садриддин Айнӣ дар ин бобат чунин гуфта буд: “Тоҷикон забони адабии ҳазорсола доранд”.
Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, омезиши тамаддунҳо, пуршиддат гардидани муборизаҳои идеологиву мазҳабӣ ва хурофотпарастӣ аз ҳар фарди соҳибватану солимақл, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишҳои амиқи илмӣ ва заковатмандии хосро талаб менамояд, ки барои амалӣ гардидани ин ҳадафҳо нақши забони миллӣ бениҳоят бузург аст.
Воқеан, дар бедории ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи солиму ғурури миллӣ забони модарӣ нақши беандоза дорад. Шоир Аскар Ҳаким дар ин бора гуфтааст:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.
Таъсиси ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ, васфи забони модариамон дар шеъру достонҳои шоирон, аз минбарҳои ҳамоишҳои байналмилалӣ садо додани лаҳни тоҷикӣ бо шарофати Истиқлоли Тоҷикистон мебошад. Шукргузорем, ки забони тоҷикии мо мақоми давлатӣ дорад.
Райҳона Раҳматова ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00