Истиқлол нишони саодатмандӣ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 248
Агар ба таърихи начандон тӯлонии соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар кунем, маҳз бо ташаббусу талошҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат он даврони мушкили бароямон маълум, ҳазорҳо қалб шод гардидаву миллат аз вартаи ноумедӣ раҳо ёфтааст. Миллате, ки 32 сол соҳиби Истиқлоли давлатӣ буда, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми шарифи кишвар зиндагии орому осуда дошта, давлат аз нигоҳи сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ марҳила ба марҳила пеш меравад. Ин файзу баракат, албатта, аз истиқлолият сарчашма гирифта, нишони саодатмандӣ аст.
Набояд фаромӯш кард, ки то соҳиб шудан ба Истиқлоли давлатӣ Роҳбарияти мамлакат талошу кӯшишҳои шабонарӯзӣ кардаанд, то миллати парешону дар давлатҳои бегона ғариб дубора ба Ватани азизашон -Тоҷикистон баргарданд.
Бо қалбу нияти нек иқдому ташаббусҳои созандаро Пешвои миллат пеша карданду мардумро сарҷамъ намуданд, ки чунин амалҳои ҷавонмардона аз рӯи дастуроти ислом аст. Бо ин мазмун дар ҳадис омадааст, ки Паёмбарамон фармудаанд: «Оё шуморо амале нишон надиҳам, ки аз рӯзаву намозу садақа афзал аст?» Гуфтанд: «Оре!» Фармуданд: «Он ислоҳи байни мардум аст».
Инак, дар фазои тинҷу ороми давлати соҳибистиқлоламон баъди авфу ислоҳи якдигар мардуми шарафманди кишвар дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳмгузорӣ намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватанпарварӣ тавассути меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ зиндагии осудаву зебо доранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои хеш чунин таъкид доштаанд: “Рисолати таърихии дин, ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем”.
Бояд ёдовар шуд, ки ин ҳама тинҷию осудагӣ, сарсабзиву хуррамии кишвар, пешрафту шукуфоии тамоми соҳаҳо, ки аз беҳдошти набзи рӯзгори мардум дарак медиҳанд, дар умум дастовардҳои соҳибистиқлолӣ мебошад.
Дар ин даврони рушду шукуфоӣ дар мавриди эътиқоди диниамон низ имкониятҳои фарохро соҳиб шуда, тамоми фароизи диниро бе мамнуният анҷом медиҳем.
Дар даварони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 масҷид вуҷуд дошта, 30 нафари ангуштшумор ба зиёрати хонаи Худо мушарраф гардида буданду халос. Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии кишварамон бошад, садҳо масҷид ба таври замонавӣ қомат афрохтаву ҳазорҳо нафар ба ибодат машғуланд. Шумораи ҳаҷравандагон низ дар кишвар хело зиёд буда, дар мавриди анҷом додани маносики ҳаҷҷи фарзиву умра, тамоми шароит дар кишвар фароҳам оварда шудааст. Рӯзҳои иди Саиди Рамазон ва Қурбон, ки қаблан рӯзҳои корӣ буд, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо эҳёи расму оинҳои суннативу миллиамон ин рӯзҳо рӯзҳои иду истироҳатӣ қабул шуданд.
Илова бар ин, давоми соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ ва динӣ низ эътибори ҷиддӣ дода шуд. Китоби муқаддаси Қуръони карим чор маротиба бо забони тоҷикӣ чоп шуда, ройгон ба мардум тақсим карда шуд. Инчунин, китобҳои «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи саодат»-и Имом Муҳаммад Ғаззолӣ, тарҷумаи «Муснад»-и Имом Абуҳанифа, «Ҳидояи шариф»-и Аллома Марғелонӣ ва даҳҳо китобҳои дигари динӣ аз ҳисоби буҷети давлат нашр шудааст, ки барои баланд бардоштани маърифати динии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Истиқлол бузргтарин неъмат, омили асосии наҷот ва рушду шукуфоии миллату давлат аст. Дар саҳифаи давлатдории мо ҳамасола 9-уми сентябр Рӯзи Истиқлоли давлатӣ пазироӣ мешавад ва истиқболи бо худ файзу баракат дорад. Имсол низ бо ҳисси баланди ватандорӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва бо вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ин санаи таърихии миллатро истиқбол гирифта, бо шукргузорӣ ин ганҷи бебаҳоро устувору ҷовидона ҳифз хоҳем кард.
Усмоналӣ Нурзода,
муовини раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...