КАФИЛИ ФАРДОИ ДУ РАХШОНИ МО
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 247
Дар қомуси фарҳанги худшиносиву худогоҳии миллатҳо, ки миллати тоҷик, бидуни шак, яке аз онҳост, маҳфумҳои Ватан ва Истиқлол бо ҳамдигар тавъаманданд. Паёми озодӣ ва мустақилият, ки 32 сол қабл дар фазои мамлакат танин андохт, аз як миллати сарфароз ҷаҳониёнро огаҳ кард ва мардуми ҳушманди сайёра ин башоратро, ки офтоби эҳё аз ҳарфаш тулуъ мекард, бо хушнудӣ истиқбол гирифт.
Воқеан, дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Бояд ёдовар шавем, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо – тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст.
Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ибтидои солҳои 90-ум кишварамон ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ин боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард. Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Олӣ ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати
дувоздаҳум)-ро баргузор намоянд.
Дар он вақт Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд.
Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгӯӣ, ҳақиқатҷӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шурои Олӣ нақши аввалиндараҷа мебозид. Он рӯзҳо ӯ савганд ёд намуда, гуфт: «…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Тавре ҳамагон шоҳид гардиданд, Пешвои миллат ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан баръало собит намуд.
Яке аз омилҳои дигаре, ки мардумро ба якдилӣ, муттаҳидӣ ва истиқлолият овард, ҳамин фазилатҳои табиии халқи мо буд, ки аз гузаштагон мерос мондааст. Дар муҳлати на он қадар тӯлонӣ халқи тоҷик ба дастовардҳое ноил гашт, ки ба садсолаҳо баробар аст. То чӣ андоза муҳим будани Истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи музаффариятҳои онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид намудааст ва моро пайваста ҳушдор медиҳад, ки истиқлолият ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошанд. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдориро мустаҳкам намуда, дастовардҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем.
Дар ин давраи таърихӣ, миллати тоҷик бо сарварии фарзанди фарзонаи хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои баланди сиёсию иқтисодиро фатҳ кард ва айни ҳол пешорӯи як зиндагии шоиста ва арзишманд қарор дорад.
Ба касе пӯшида нест, ки Истиқлолият номаи тақдири миллат, шарти пешрафти Ватанамон ба сӯйи ояндаи орому осуда, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
Бо раҳнамоию ҳидоятҳои Сарвари давлатамон халқи Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ба дигаргуниҳои бузург, сохтмони азиму неругоҳҳои барқӣ, кушодани нақбҳо, роҳу пулҳои аҳамияти маҳаллӣ ва байналмилалидошта, шаҳрсозию шаҳрдорӣ ноил гардад.
Имрӯз Истиқлолият ба рамзи ҳамбастагию дӯстӣ, пояндагию бунёдкорӣ ва ҳамдилию рафоқат табдил ёфтааст. Он сароғози комёбиҳову ободкориҳои мо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некуаҳволии ҷомеаи навин мебошад. Махсусан худогоҳию худшиносии миллии мо-тоҷикон ба Истиқлолият иртиботи қавӣ дорад. Зеро маҳз Истиқлолият наҷотбахш ва кафили фардои дурахшони мост. Аз ин рӯ, бояд дар ҳар қатраи хуни мардуми мо ҳисси баланди истиқлолхоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои муқаддаси Истиқлол ҳамеша ҷӯш бизанад ва Истиқлолро ҳамчун омили аввалиндараҷаи ҳастӣ, шарафу номус ва имону виҷдони инсонии худ ҳифз намояд.
Барои пойдорӣ ва устувории Истиқлолияти давлатӣ мо - маорифчиёнро лозим меояд, ки шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонидани насли наврас хеле муҳим аст. Пешвои миллат рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ зимни суханронии хеш ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи тиббии Данғара моро барои таҳким бахшидани иқтидори илмии донишгоҳ, татбиқи натиҷаи илмӣ дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассиса, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифадор намуд.
Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар машғулиятҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав усулҳои фаъоли таълим васеъ ҷорӣ гардида, омӯзиши технологияи муосир, корҳои эҷодиву техникӣ, фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон тақвият ёфта, дар ин раванд устодони донишгоҳ мунтазам аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд.
Раванди ободкориву созандагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сар то сари кишвар, алалхусус дар донишгоҳи азизамон бо суръати бесобиқа идома дорад. Раёсати донишгоҳ ба хотири рушди минбаъда ният дорад, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сохтмони бинои нави хобгоҳи 7-ошёна барои донишҷӯён, бинои 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ барои кормандонро сохта ба истифода диҳанд. Инчунин, раёсат дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ китобхона ва маркази компютериро барои зиёда аз 300 ҷойи нишаст, 250 компютер, маркази тестӣ, технопаркҳо, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ бо теъдоди 500 000 нусха китоб мавриди истифодабарии васеи донишҷӯён қарор дод.
Имрӯз, дар остонаи таҷлили солгарди Рӯзи Истиқлоли кишвар қарор дорем. Аз он шукргузорем, ки ваҳдат истиқлолияти моро ҳифз ва якпорчагии ватанамонро таъмин намуд, халқи парешонгаштаи тоҷикро ба ҳам овард, шуури миллии моро ташаккул дод, иттиҳоду якдигарфаҳмиамонро қавӣ намуд, осоишу некуаҳволии халқро таъмин кард, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ баланд бардошт.
Умедворем, ки ҳайати профессорону устодони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун фидокорони роҳи Истиқлолият дар таъмини пешрафту созандагӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, дар кафолати зиндагии осоиштаву пурнишоту бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва ҳифзи сарватҳои волои миллат саҳми арзанда мегузоранд ва ҷашни бошукӯҳи Истиқлолияти давлатиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бигзор, имсолу ҳама солҳои дигар таълиму тадрис, ки василаи беҳтарини худшиносӣ, ваҳдатдӯстию рафоқат, муҳаббат ба Ватан ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ба шумор меравад, дар фаьолияти гуногунпаҳлуи шумо ба муваффақияту комёбиҳо тавъам бошад.
Сайфиддин Давлатзода,
ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар
ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...