Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нақши занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ


Нақши занон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ




Истиқлол ҳамчун рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдорию бақои давлат, пеш аз ҳама, ба мардуми соҳибтамаддуни тоҷик озодии миллӣ дод. Мо ҳамчун кишвари мустақил соҳиби Артиши миллӣ, Нишони давлатӣ, Парчами миллӣ ва асъори миллӣ гардидем, аз ҳама муҳим давлати миллӣ бунёд намуда, дар арсаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудем.

Тамоми корҳои азиму назаррасеро, ки то имрӯз дар ватани маҳбубамон амалӣ намудем, бо мафҳуми арзишманди Истиқлол анҷом додем. Зеро маҳз Истиқлол ва ваҳдати миллӣ ба ташаккули давлати тозабунёди Тоҷикистон асоси воқеӣ гузошта, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи боэътимод гузошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ва боло бардоштани мавқеи занонро дар меҳвари сиёсати давлатдорӣ қарор дода, дар ин самт як қатор асноди меъёриву ҳуқуқӣ низ ба тасвиб расиданд, ки асоси самаранокии таъмини онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст.

Занону бонувон низ ҳамчун ниҳоди қудратманди ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибдавлатӣ иродаи устувори сиёсии роҳбарияти давлатро хуб дарк намуда, дар шароити хеле ҳассосу сарнавиштсоз дар тамоми ҷабҳаҳо мавқеи устувори худро нигоҳ доштанд.

Имрӯз низ фаъолияти сиёсии занон дар парлумони касбии мамлакат собит менамояд, ки онҳо бо дарки воқеият, дониши баланди сиёсӣ ва таҷрибаи ибратбахшу нодир метавонанд санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки ҳаёти имрӯзаи моро ба танзим медарорад, эҷод ва таҳия намоянд.

Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, дарк намудани масъулияти волидайн дар тарбияи мақсадноки фарзандон ва аз байн бурдани исрофкорӣ ва баъзе андешаҳои хурофотӣ мусоидат намудааст, далели возеҳ ба ин аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вобаста ба татбиқи самараноки стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо занону бонувон корҳои амалиро анҷом дода истодааст, ки натиҷаҳои қаноаткунанда дорад. Шумораи занону бонувони дар мақоми роҳбарикунанда фаъолиятдошта дар миқёси вилоят 13 887 нафарро ташкил дода, сол то сол малакаҳои сарварии худро такмил дода истодаанд.

Дар ин зимина зина ба зина боло рафтани шумораи занҳои роҳбарикунанда дар вазифаҳои хизмати давлатӣ низ эътирофи самаранокии фаъолияти занону бонувон дар ҷомеа аст, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ рӯ ба афзоиш аст. Имрӯз сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносию ташаббускорӣ ва сифатҳои касбии хизматчиёни давлатӣ вобаста буда, дар робита ба ин  шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон 540 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 210 нафар дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолияти назаррас доранд. 

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти озуқаворӣ арзёбӣ гардида, саҳми арзандаи занону бонувон дар рушди ин соҳаи афзалиятноки мамлакат хосса аст. Истифодаи самараноки обу замин ва аз як замин гирифтани ду ва ё зиёда ҳосил аз он, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифат ва дар ин замина истеҳсол ва афзун намудани маҷмуи маҳсулот, имрӯз дар баробари дигар вазифаҳо ба масъалаи мубрами занони кишоварз табдил ёфтааст. Бо таҳлил ва мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки имрӯз аксари қувваи қобили меҳнат аз ҳисоби занону бонувони дар деҳот зиндагӣ мекарда, яке аз қишрҳои асосии таъминкунандаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва омили фаровонии бозори истеъмолӣ арзёбӣ мешаванд. 

Шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон дар миқёси вилояти Хатлон ба 11 359 нафар мерасад, ки бо ин мавқеи устувор саҳми занонро дар таҳкими истиқлолияти озуқавории кишвар метавон муҳим арзёбӣ кард.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рушди соҳаи иҷтимоӣ ва бунёди инфрасохтори соҳа бо назари некбинонаи Пешвои муаззами миллат рӯ ба рушд аст. Бунёди садҳо муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ занону бонувони масъулиятшиноси вилоятро водор менамояд, ки дар рушди ин соҳаҳои меҳварӣ фаъолияти шоиста намуда, ҳифзи сиҳатии омма ва ҳадафҳои маорифпарваронаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакатро натиҷабахш амалӣ намоянд. Шумораи занони омӯзгор дар вилояти Хатлон 27865 нафар ва кормандони ниҳоди тандурустӣ 25602 нафарро ташкил намуда, бо ифодаи нақши зан ва модари босавод дар таълиму тарбияи фарзандон ва таъмини сиҳатии омма, бахусус ҳифзи саломатии модару кӯдак саҳми арзанда доранд. Зеро онҳо бо дарки вазъи печидаву мураккаби бархӯрди тамаддунҳо ва ба миён омадани масъалаҳои ҳассоси геополитикии хатарзои ҷаҳонӣ бо истифода аз донишу таҷриба, ҳисси баланди кордонӣ аз минбари баланди  андешаҳои комили худ ба фарзандон, пеш аз ҳама, мафҳуми соҳибдавлатӣ, мустақилият, озодандешӣ ва ташаббускориро меомӯзанд, то анъанаи насли калонсоли худро идома дода, дар таҳкими ин арзиши муҳими давлатдорӣ саҳми бориз гузоранд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ миллати соҳибтамаддуни тоҷик бо фарҳанги пурғановат дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор касб намуда, дар ташаккули илму фарҳанг низ муваффақ гардид. Ин арзиши бузурги таърихӣ ба занону бонувон имкон дод, ки рукни асосии фарҳанги миллӣ либоси миллиро бо тарҳи ҷадиду муосир ба оламиён муаррифӣ намояд.

Занон бо шумораи 1700 нафар дар ривоҷи анъанаҳои мардумӣ, завқи зебоипарастӣ, шуғли китобхонӣ ва тахайюли эҷодӣ дар камолу равнақи ин самти муҳими давлатдорӣ нақши меҳварӣ доранд, ки ифтихору шарафмандӣ аст.

Таърихи пурғановати гузаштаи миллати тоҷик собит менамояд, ки занону бонувон дар самтҳои гуногун дар ҳар давру замон дар ташаккули давлатдорӣ саҳми арзанда доштанд ва ин рисолатро дар замони соҳибистиқлолӣ низ густариш дода, дар таҳкими давлатдории миллӣ мавқеи худро мустаҳкам менамоянд.

Солҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, сиёсат вобаста ба шаклҳои гуногуни давлатдорӣ низ дигар мешавад, вале зан-модар, ки “ҷавҳари ӯро муҳаббату самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, ба ҳайси неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ҳамеша ба ӯ эҳтиёҷ дорад”. Яъне имрӯз рушду камоли тамоми самтҳои муҳими соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба фаъолияти босамари занону бонувон робитаи ногусастанӣ дорад.

Занону модарон аз дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ ва пешниҳод ба вазифаҳои роҳбарӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизро натиҷаи заҳматҳои шаборӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ менамоянд.

Дар масири обод намудани Ватан иродаи занону бонувон устувору қавӣ аст ва маҳз ҳамин якдилӣ ба занони саодатманд имкон додааст, ки дар ҳифзи  музаффариятҳои шоистаи ин неъмати бебаҳо ҳамеша омода бошанд.

Анзурат Абдусаломзода,
сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода