32 соли қадамҳои устувор дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 473
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба мушкилоти зиёде дучор гардид. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои хоҷагии кишварро фаро гирифт. Барои рафъи мушкилӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён гузошта шуд.
Ҳамин буд, ки Ҳукумати кишвар ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани рушди иқтисоди миллӣ устуворона қадам гузошта истодааст.
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ, оид ба се ҳадафи стратегии мамлакат- саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мусоҳибае доштем бо муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат. Инак, муҳтавои онро пешкаши хонандаи рӯзномаи «Хатлон» менамоем.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегиро саноатикунонии босуръати мамлакат эълон карданд. Муҳтарам Заробиддин Қудрат, мегуфтед, ки ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф дар вилояти Хатлон кадом корҳо анҷом дода мешаванд?
- Саноатикунонии босураъти кишвар бе амалӣ намудани се ҳадафи дигар, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат ғайриимкон мебошад. Ҳадафҳои зикргардида занҷирае мебошанд, ки рушди иқтисодиёти кишвар аз онҳо вобастагии калон дорад.
Дар баробари ин, рушди соҳаи кишоварзӣ, бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, аз қабили консервабарорӣ, макаронбарорӣ, қаннодӣ, нону маҳсулоти нонӣ, ширу маҳсулоти ширӣ, бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва асал, ресандагӣ, матоъбарорӣ, истеҳсоли трикотаж, пойафзолбарорӣ, ҷуробу либосҳои бачагона, варзишӣ, мактабӣ ва дӯзандагӣ мусоидат менамояд. Барои амалӣ намудани саноатикунонии босуръат, пеш аз ҳама, коркарди ашёи хомро, ки дар вилоят истеҳсол мешавад, то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ мондан зурур мебошад.
Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо Барномаҳои рушди саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, металлургияи ранга, саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди маҷмуии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026 қабул гардидааст. Бо амалӣ гардидани ин Барномаҳо садҳо корхонаҳои саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки ин барои ташкил намудани ҷойҳои кории нав ва маҳсулоти тоза шароит фароҳам меоварад.
Дар самти нассоҷӣ аллакай дар вилоят ҷиҳати коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар корхонаи нассоҷии “Чунтай Данғара Син Силу текстил” амалӣ ва ба роҳ монда шудааст. Корхона бо технология ва таҷҳизотҳои муосири аврупоӣ муҷаҳҳаз буда, дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб меравад.
Дар самти истеҳсоли семент низ вилоят ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Дар баробари таъмин намудани бозори дохилӣ, содироти он низ ба роҳ монда шудааст. Аз се корхонаи бузурги истеҳсолкунандаи сементи ҷумҳурӣ корхонаҳои “Чжунгтсай моҳир семент” ва “Хуаксин Ғаюр семент”, ҳар кадоме бо иқтидори 1,2 миллион тонна дар як сол, дар ноҳияи Ёвон фаъолият менамоянд. Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани ин корхонаҳо воридоти семент аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ қатъ гардид.
Барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ марҳила ба марҳила корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, ҳасиб, яхмос, макарон, равған, қаннодӣ, маҳсулоти нонӣ ва дигар намуди маҳсулот сохта мешаванд.
Соли 2022 ҳиссаи соҳаи саноати коркард 64,1 фоиз, истеҳсол ва таъминоти неруи барқ об ва гази табиӣ 35,9 фоизро ташкил дод, ки бахши маҳсулоти саноатӣ аз энергетика дар сатҳи 28,2 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят саҳми саноат нисбат ба энергетика нисбати соли 2020- ум 7%, соли 2021-ум 11,8% ва дар соли 2022-ум 28,2% зиёд гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз амалишавии барномаҳои қабулгардидаи соҳаҳои саноат гувоҳӣ медиҳанд. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани таносуби соҳаи саноат нисбат ба соҳаи энергетика ин аз тарафи соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода дода шудани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мебошад.
- Мегуфтед, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон чӣ қадар корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шудаанд? Ҳамчунин, дар ин самт боз кадом корҳо ба нақша гирифта шудаанд?
- Соли ҷорӣ дар вилоят шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 800 адад расидааст. Дар доираи солҳои рушди саноат - 2020-2026-ум 500 адад корхонаҳои саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин соли 2020-ум 37 корхона, соли 2021-ум 123 коргоҳу корхона, соли 2022-ум 106 корхона, 22 коргоҳ ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 90 корхона сохта, ба истифода дода шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 4000 шаҳрванди вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Коргоҳу корхонаҳо дар самти маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, равған, макарон, коркарди гӯшти мурғ, истеҳсоли орд, панир, матоъ, трикотаж, пойафзол, докаи тиббӣ, мебел, нахи пахта, маҳсулоти ширӣ, яхмос, банду басти писта, мош, наск, нахӯд ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Тибқи тадбирҳои андешидашаванда, то охири соли 2026 сохтмони зиёда аз 200 корхонаи нав пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, корхонаҳои гӯгирдбарорӣ, ҷӯроббарорӣ, гипсокартон, шифербарорӣ, филтрҳои гуногун барои нақлиёт, маҳсулоти ширӣ, корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Вахш, Бохтар, Шаҳритус, Ёвон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
- Имрӯзҳо дар корхонаҳои вилоят кадом навъи маҳсулот истеҳсол карда мешавад?
- Дар корхонаҳои саноатии вилоят зиёда аз 200 намуд маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла 60 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ, 41 намуди масолеҳи сохтмонӣ, 48 намуд масолеҳи нассоҷӣ, 10 маҳсулоти резинӣ ва пластмасӣ, 14 маҳсулоти кимиёвӣ, 8 намуд мебел, 3 намуди мошинсозӣ, 4 намуд маҳсулоти доруворӣ, 3 намуди таҷҳизоти барқӣ, 5 намуди хӯроки чорво истеҳсол мешавад. Сол ба сол сохта ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ боиси афзудани намудҳои маҳсулоти нав мегардад.
- Барои рушди минбаъдаи саноати вилоят дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ нақшаи чорабиниҳои рушди соҳаи саноатро барои солҳои 2022-2026 тартиб додааст. Ин нақша иҷрои кадом корҳоро пешбинӣ мекунад?
- Президенти кишвар пайваста дар баромадҳояшон оид ба нарасидани мутахассисони дорои касбияти баланду забондон таъкид менамоянд, ки дар корхонаҳои саноатии вилоят низ нарасидани чунин мутахассисони варзида ба назар мерасад. Дар ин самт бояд масъалаи тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф дар сатҳи ҷумҳурӣ аз тарафи олимон, вазорату кумитаҳои дахлдор дар доираи стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 омода карда шаванд. Ба роҳ мондани ҳамкории донишкадаву донишгоҳҳо бо молистеҳсолкунандагон тариқи комплексӣ дар сатҳи зарурӣ ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир барои истеҳсоли маҳсулоти босифат, барои соҳибкорон сода ва кам кардани намудҳои иҷозатнома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда, ки ба рушди ҷалби сармоя мусоидат менамояд, лозим аст.
- Дар масъалаи содироти маҳсулоти саноатӣ нишондиҳандаҳо чӣ гунаанд?
- Бо таъсиси истеҳсолоти нав содироти маҳсулоти саноатӣ низ тамоюли афзоишӣ дошта, дар соли 2022 аз вилоят 31,4 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 75,2 миллион доллар, 11,8 ҳазор тонна калобаи ришта ба маблағи 44,4 миллион доллар, 1226,9 тонна матоъ ба маблағи 5,1 миллион доллар, 480,4 тонна маҳсулоти аввалияи дору ба маблағи 7 миллион доллар, 418,4 ҳазор тонна семент ба маблағи 15,3 миллион доллар, 772 тонна намаки ошӣ ба маблағи 10,5 ҳазор доллар, 884,8 тонна гачкартон ба маблағи 309,5 ҳазор доллар ва 1686,9 миллион кВт/соат неруи барқ ба маблағи 72,7 миллион доллар, 4628 тонна орд ба маблағи 2,5 миллион доллар, дар маҷмуъ ба маблағи 225,1 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 56,9 миллион доллар ва ё 33,8 фоиз зиёд мебошад.
Суръати маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби семент ба миқдори 12, 1 ҳазор тонна, калобаи ришта 4,9 ҳазор тонна ва намаки ошӣ 106 тонна коҳиш ёфта бошад, дигар намуди маҳсулот, аз он ҷумла нахи пахта 8589,6 тонна, матоъ 1226,9 тонна маҳсулоти дорувории аввалия 341,8 тонна, гаҷкартон 884,9 тонна ва неруи барқ 382,9 миллион кВт/соат афзудааст.
Бояд қайд кард, ки коҳишёбии содироти калобаи ришта, маҷмуан ба роҳандозии содироти маҳсулоти марҳилаи навбатӣ (матоъ), ки дар ин давра 1226,9 тоннаро ташкил медиҳад, ба миён омадааст. Ба ибораи дигар, агар коҳишёбии маблағи содиротӣ аз ҳисоби калобаи ришта 92,8 ҳазор доллар ва ё 4886,8 тоннаро ташкил карда бошад, пас аз ҳисоби содироти матоъ ин нишондиҳанда ба маблағи 5,1 миллион доллар афзудааст. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз вилоят 20130,2 тонна нахи пахта, 6142,8 тонна калобаи ришта, 1785,1 тонна матоъ, 206,7 тонна семент содирот шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3113, 6 тонна нахи пахта, 914,2 тонна матоъ зиёд ва 854,5 тонна калобаи ришта, 38,2 ҳазор тонна семент кам содирот шудааст.
-Рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст. Дар ин самт дар вилоят чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
- Соҳаҳои хоҷагии халқи вилоятро бе таъминоти барқи хушсифат тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Дар вилоят дар ин самт дар доираи лоиҳаҳои таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои НБО-и Сарбанд, дастгоҳҳои тақсимоти кушодаи 220 кВ, 110 кВ дастгоҳҳои тақсимоти пӯшидаи 35 кВ ва дастгоҳҳои тақсимоти пӯшидаи 6 кВ ба маблағи 136 миллион доллар таъмир карда шуд, ки аз ин ҳисоб иқтидори он аз 240 ба 270 мВт расонида шуд. Таҷдиди НБО-и Норак идома дорад ва агрегати якум пурра таҷдид шуда, ба кор шуруъ кардааст, ки ин барои таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ имконият фароҳам меорад.
Дар се соли охир бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқи пойгоҳҳои обкашӣ, аз серборӣ озод намудани трансформаторҳои зеристгоҳҳо ва кам кардани талафоти неруи барқ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар ноҳияи Дӯстӣ дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ “Гулобод” (Ғаровутӣ) трансформатори қуввагии 16000 кВА ба трансформатори қуввагии 40000 кВА иваз карда шуд.
1. Дар ноҳияи Панҷ дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ “Бандар” трансформатори қуввагии иқтидораш 10000 кВА ба трансфоматори иқтидораш 16000 кВА иваз карда, инчунин контури заминваслаи зеристгоҳи мазкур аз нав карда шуд.
2. Дар ноҳияи Қубодиён дар зеристгоҳи 220/110/10 кВ-и “Румӣ” ба ҷои трансформатори иқтидораш 125000 кВА, ки аз соли 2009 корношоям гардида буд, трансформатори иқтидораш 125000 кВА васлу насб гардид.
Аз соли 2009 то моҳи апрели соли 2021 ин зеристгоҳ бо як трансформатор кор мекард. Баъди васлу насби трансформатори 2-юм бо иқтидори 125000 кВА эътимоднокии таъминоти барқ ба хоҷагии халқ ва пойгоҳҳои обкашии ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва қисман ноҳияи Дӯстӣ хеле беҳтар гардид.
3. Дар шаҳри Бохтар дар зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ-и “Пахтаресӣ” корҳои таҷдиду азнавсозии таҷҳизотҳои барқии 220 кВ, аз ҷумла васлу насби васлакҳои барқии элегазии 220 кВ бар ивази алоҳидакунак ва кӯтоҳваслаки 220 кВ АТ-1 ва АТ-2, трансформатори ҷараён, ҷудокунаки 220 кВ ва барқгиракҳои 220 кВ ба анҷом расонида шудааст.
Дар ДТК 110 кВ бахши 1 ва 2 контури заминвасла бо пуррагӣ аз нав карда шуда, бинои ГШУ таъмир ва рангубор карда шудааст.
4. Дар ноҳияи Хуросон дар зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и “Амон” трансформатори иқтидораш 10000 кВА ба 16000 кВА иваз карда шуд.
5. Дар ноҳияи Қубодиён барои беҳтар намудани таъминоти барқи пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими обёрӣ, паст намудани сербории трансформаторҳои зеристгоҳи 110/35/6 кВ “Шаҳритус-Обшор” корҳои сохтмонӣ оид ба насби трансформатори қуввагии иловагии Т-3 (10 МВА) бо пайвастҳояш (васлаки элегазии 110 кВ , ҷудокунаки 110 кВ, трансформатори ҷараён 110 кВ, ДТК-6 кВ иборат аз шаш чашмак) ба анҷом расонида шуда, зери шиддат гузошта шуд.
6. Дар шаҳри Кӯлоб дар зеристгоҳи 220/110/10кВ “Хатлон” трансформатори иқтидораш 125000 кВА, аз таъмини капиталӣ бароварда шуд.
7. Дар зеристгоҳҳои 110-220 кВ корҳои таъмирӣ ва рангубор намудани таҷҳизотҳои барқӣ, аз ҷумла зеристгоҳи 220/110/10 кВ «Пахтаресӣ», зеристгоҳи 110/10 кВ «Сада», 110/35/10 кВ «Ломоносов», 110/35/10 кВ “Носири Хусрав” , 110/35/10 кВ “Чашма”, 110/35/6 кВ “Кӯлоб-Дарё”, 110/35/10 кВ “Коргар” иҷро карда шудааст.
8. Бо мақсади аз серборӣ озод намудани зеристгоҳи 220/110/10кВ “Дарёканор”(Ҷангал) ХҲ-110 кВ Л-ГХБ (Ганҷ-Хоҷабулбулон), ки солҳои тӯлонӣ аз соли 2012 дар ҳолати корношоямӣ қарор дошт, баъд аз гузаронидани корҳои таъмирӣ дар 35,1 км хатти ҳавоӣ, ивази оиқҳои корношоям, васли кунҷакҳо дар пояҳои оҳанин ва ивази ноқил гузаронида, моҳи сентябр зери шиддат ва бор гузошта шуд.
9. Бо мақсади таъмини амнияти бехатарӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии амалҳои террористӣ ва экстримистии динӣ, назорати доимии вазъи ҷамъиятӣ дар биноҳо, иншооти муҳими давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар зеристгоҳҳои “Пахтаресӣ”, “Ломоносов”, “Қӯрғонтеппа”, “20-солагии Истиқлолияти ҶТ”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, “Восеъ”, “Шугнов”, “Даҳана”, “Ховалинг”, “Амиршоев”, “Сиёҳфарк” ва “Фархор-Обшор” камераҳои мушоҳидавӣ васл гардидаанд. Дар оянда васли камераҳои мушоҳидавӣ дар дигар зеристгоҳҳои ҳалқавӣ ба нақша гирифта шудааст.
- Аз нигоҳи Шумо, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ боз кадом корҳо амалӣ карда мешаванд?
- Ҳамагон медонанд, ки барои ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, чи хеле дар боло қайд намудам, ин ба итмом расонидани лоиҳаҳои таҷдиди НБО-ҳои “Норак” ва “Сарбанд” ва ба анҷом расонидани иншооти аср НБО-и “Роғун” мебошад. Бо ба анҷом расонидани ин корҳо, дар баробари таъминоти бозори дохилӣ бо неруи барқ, содироти он ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда мешавад.
-Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори дигар ҳадафҳои стратегӣ ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида мешавад. Лутфан, мегуфтед, ки дар вилояти Хатлон барои амалисозии ин ҳадафи стратегии мамлакат чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
- Баҳри баромадан аз бунбасти коммуни-катсионӣ дар 32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи бунёди шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва пайвастани Тоҷикистон бо роҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, кушода шудани роҳи оҳан ва 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон кишвари мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт ва ҳадафи дуюми стратегиамон амалӣ шуда истодааст.
Соли 1994 сохтмони роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ба масофаи 132 километр бо қувваи сохтмончиён ва муассисаҳои нақлиётии вилояти Хатлон оғоз шуда, он соли 1999 ба итмом расонида шуд, ки шаҳри Кӯлобро бо маркази вилоят ва Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон ва давлати Россия пайваст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Вахдат-Ёвон дар соли 2016 умеди аз дастрафтаи сокинони вилояти Хатлонро бозгардонид.
Сохтмону ба истифода додани ду нақби азими мошингузар, нақбҳои Озодӣ (Шаршар) ва Хатлон (Чормағзак), ки дар маҷмуъ 6653 метрро ташкил дода, масофаи ин роҳи автомобилгард даҳҳо километр наздик ва имконияти дар ҳама фасли сол бе монеа рафтуомад карданро фароҳам овардааст, мардумро аз ин мушкилӣ раҳонид.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои автомобилгард, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди Панҷи Поён - Бохтар, Восеъ - Ховалинг, Данғара-Кангурт, Кангурт – Балҷувон – Ховалинг, таҷдид ва сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе- Бохтар, Кӯлоб-Муъминобод, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб мавриди истифода қарор дода шуда, лоиҳаи роҳи автомобилгарди Ҳулбук -Темурмалик – Кангурт, Балҷувон-Сари Хосор идома дорад.
Лоиҳаи таҷдиду аснавсозии роҳи автомобилгарди Данғара - Бохтар дар се қисмат амалӣ гардида истодааст. Қисмати сеюми роҳи мазкур Данғара – Лолазор аз ҷониби пудратчӣ ширкати ватании ҶДММ “Идеал Сервис” буда, корҳои сохтмонӣ бо маром идома ёфта, айни замон мумфаршкунии қабати якуми роҳ пеш рафта истодааст. Тибқи нақшаи тасдиқгардида моҳи декабри соли ҷорӣ таҷдиди қитъаи мазкур ба анҷом расонида мешавад.
Дар қисматҳои якум ва дуюми лоиҳа (Бохтар-Левакант ва Левакант-Лолазор) 24 июни соли 2022 тендер эълон гардида, дар қитъаи Бохтар-Левакант ширкати Nanjing Communication Engineering Co LTD -и Ҷумҳурии мардумии Чин ва дар қитъаи Левакант-Оқмазор бошад, ҶСП “Заводи асфалту бетон”-и шаҳри Душанбе ғолиб омаданд. Айни ҳол дар қитъаҳои мазкур васеъкунию мустаҳкамкунии таҳкурсии роҳ ва дигар корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Дар таъмиру азнавсозии роҳҳо 181 коргар ва 85 техникаи роҳсозӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Дар таҷдиди роҳи автомобилгарди Меҳробод – Темурмалик - Кангурт корҳои заминӣ ва таҳкурсии роҳ ба анҷом расонида шудааст. То ба имрӯз роҳ пурра асфалтпӯш гардидааст.
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Қизилқалъа - Ҷарбуҷа – Гулбаҳор - Термиз ва роҳи оҳани Бохтар - Термиз, ки солҳои зиёд аз фаъолият бозмонда буд, ба фаъолият оғоз кард. Роҳи автомобилгард ва роҳи оҳан, ки онро “раги хунгард” мегӯянд, ба сокинон ва иқтисодиёти вилоят басо манфиатовар буда, ҳаҷми боркашонию мусофирбар якчанд мароти-
ба афзун гашт.
Дар миқёси вилоят дар соли 2022 дар умум ба масофаи 2969 километр роҳ ба маблағи умумии 156 миллиону 516 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ гузаронида шудааст. Дар 7 моҳи соли равон бошад, дар умум ба масофаи 1592 километр роҳ ба маблағи умумии 62 миллиону 71 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 23 миллиону 930 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз шумораи болозикр, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳру ноҳияҳо ба масофаи 11,5 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 16,2 километр сангфарш ва дар 1296 километр роҳҳо таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст. Инчунин, бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ бошад, таъмири асосӣ 57 километр, таъмири ҷорӣ 7 километр, 204 километр роҳҳо сангфарш ва 35 адад пулу қубурҳо таъмиру азнавсозӣ шуданд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи санадҳои дахлдор шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди аҳамияти маҳаллидошта вазифадоранд, ки маблағҳои заруриро ҷудо намоянд.
Аммо ба муассисаҳои роҳнигоҳдории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2022 танҳо ба маблағи 7 миллиону 390 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ басанда нест.
Дар 7 моҳи соли равон бошад, аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо танҳо ба маблағи 4 миллиону 76 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудаасту халос. Дар ин муддат аз ҷониби Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик ва минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ягон сомонӣ маблағ гузаронида нашудааст, ки ин амал ба нигоҳдории ҳолати роҳҳо таъсири манфӣ расонида, боиси вайрону валангор гардидани роҳҳо мегардад.
Корҳои анҷомдодашуда имконият фароҳам меорад, ки рафту омад, боркашонӣ, мусофирбарӣ ва маҳсулоти саноативу кишоварзии дар вилоят истеҳсолшуда тариқи ин роҳҳо ба бозорҳои давлатҳои дуру наздик дастрас карда шавад.
- Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Суҳбароро
Фаромӯз БОБОЕВ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...