Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳадяи Истиқлол ба соҳаи тандурустӣ


Ҳадяи Истиқлол ба соҳаи тандурустӣ



Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин шудани таҷҳизоти нав ва муосири тиббӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят беҳтар гардида, муроҷиати аҳолии вилоят ба муассисаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар марҳила ба марҳила коҳиш ёфта истодааст, ки ин ҳама самараи Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Дар ин давра дар соҳаи тиб навгониҳои зиёде рӯйи кор омаданд. Масалан, дар сохтори бистаринамоӣ дар ҳудуди вилоят дар 6 моҳи соли равон 19 навгонӣ, аз ҷумла, 15 усули нави ҷарроҳӣ роҳандозӣ гардид.

Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар шуъбаи осебшиносӣ ва ортопедии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар амалиётҳои ҷарроҳии мустаҳкамкунӣ бо пайвандакҳои қулфакдор дар дасту пойҳо ва бозу васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, дар беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Б. Воҳидов бори аввал амалиёти ҷарроҳии остеосинтези миниинвазивии биологӣ бо истифода аз пайвандаки титании эластикӣ дар 2 нафар кӯдак гузаронида шуд. Инчунин, Дар беморхонаи мазкур ва Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиён 2 амалиёти ҷарроҳӣ: дӯхтани захми сӯрохшудаи меъда ва рӯдаи 12-ангушта бо усули эндоҷарроҳӣ гузаронида шуд. Ғайр аз ин, дар муассисаҳои тандурустии вилоят 11 амалиёти ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми косу ронҳо гузаронида шудааст. Дар беморхонаи номбурда амалиёти ҷарроҳӣ дар косахона ва майнаи сар (краниотомия) бо гирифтани омоси калонҳаҷми нимкураи чапи майнаи сар гузаронида шудааст. Менингиомаи интрадуралии экстрамедулярии қисми гардании ҳароммағз дар ҳудуди муҳраи С3-С4 аз тарафи чап дар марҳилаи декомпенсатсияи дағал. 

Амалиёти ҷарроҳии ламинэктомияи муҳраҳои С3-С4-С5 бо гирифтани менингиомаи қисми С4 ҳароммағз гузаронида шуд. Ҳамзамон, ҷарроҳии краниотомияи устухони торак ва пушти сар аз рост бо гирифтани омоси дохилимайнагии кистозии солидии ҳиссаҳои торак ва пушти майнаи сар, дренажкунонии пӯшидаи шохачаи пеши меъдачаи паҳлӯӣ аз тарафи рост ва “Краниоэктомияи резексионии устухони паси сар бо гирифтани омоси нимкураи мағзча аз тарафи рост, краниотомияи устухони пешонаи сар аз рост бо гирифтани менингиомаи 1/3 пеши синуси сагиталӣ гузаронида шудааст. Ба 1 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии тармимии аутоиммунопластикаи мавқеи найчаи пешоббарор гузаронида шуд. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон аз ҷониби мутахассисони соҳавии вилоят бори аввал амалиёти ҷарроҳии нефрэктомия бо усули лапароскопӣ гузаронида шуд. Дар Маркази вилоятии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносули шаҳри Бохтари вилояти Хатлон баъди гузаштани ординатураи клиникӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия табобати  бемориҳои “Шукуфаи хушки фалсӣ” (“Псори- аз”), “Барас” (“Витилиго”) ва “Шукуфаи сайқалӣ” (“Красный плоскый лишай”) усули нурафшонӣ (Нурҳои ултрабунафш) бо дастгоҳи “ПУВА” ба роҳ монда шуд.

Яъне, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар аксарияти беморхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон мутахассисон фаъолияти пурмаҳсул дошта, ба натиҷаҳои нав ноил гардида истодаанд, ки боиси таҳсин мебошад. Яке аз ҳадафҳои Роҳбари давлат дастгирӣ намудани соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар Маркази вилоятии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносули шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҳуҷраи “Подологӣ” бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуд. Хусусан, дастгоҳи педикюрӣ барои табобати нохун ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст. Ба ҳамин монанд, Маркази вилоятии саратоншиносии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон усули нави таргентӣ (кимиёдармонӣ) ва амалиёти ҷарроҳии экстирпатсияи васеи бачадон бо усули Вертгелм ба роҳ монда шудааст. Дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб бошад, ҷарроҳиҳои нав: симпатэктомияи камаргоҳӣ ба 2 нафар ва ринотармим ба 4 нафар гузаронида шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии табибон таҷҳизоти муосири тиббӣ нақши созгор дорад. Аз ин лиҳоз, ба ин самти масъала низ диққати махсус равона гардидааст. Дар 8 моҳи соли 2023 ба Муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 017 ҳазору 875 сомонӣ таҷҳизотҳои компютерӣ, мизи корӣ ва дигар номгӯйи таҷҳизоти кории дохилиидоравӣ ворид карда шудааст. Инчунин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 23 миллиону 320 ҳазор сомонӣ маводҳои доруворӣ, таҷҳизот ва маводҳои муҳофизатӣ ворид карда шудааст. Ғайр аз ин, дар Маркази саломатии шаҳри Бохтар бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти “PASHA” таҷҳизоти муосир ELLEX SOLITAIRE LASER WITH SLIT LAMP (таҷҳизоти лазерии аргон) ба маблағи 152000 сомонӣ, ки истеҳсоли якҷояи Ҷопон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои табобати бемориҳои чашм мебошад, ворид карда шудааст. Таҷҳизоти мазкур алалхусус ҷиҳати пешгирии нобиноӣ алоқаманд бо оризаҳо аз диабети қанд мусоидат менамояд. Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 140 ҳазор сомонӣ ба Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии шаҳри Кӯлоб дастгоҳи эндоҷарроҳӣ ворид карда шудааст.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоят 2 озмоишгоҳи вирусологии сайёр, муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳои ташхисии вирусологӣ ворид гардид, ки дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят ва минтақа (шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб) ҷойгир кунонида шуда, фаъолият доранд. Дар Маркази вилоятии бемориҳои эндокринологии шаҳри Бохтар дастгоҳи гемоанализатори клиникӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо маблағи 139 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуда, айни ҳол фаъолият дорад. Дар шуъбаи урологии Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов дастгоҳи тиббии “Литотрипсияи расишӣ” ба маблағи 406 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ харидорӣ карда шудааст.

Ҳамин тавр, Истиқлоли давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ рушду пешрафт, навгониҳои пайдарпай, дарёфти усулҳои муосири табобати ва сифати беҳтари хизматрасонии тиббиро ҳадя намудааст, ки ҳамарӯза сокинони вилояти Хатлон аз онҳо баҳравар гашта истодаанд. Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар сол дар самти расидан ба қуллаи мақсуд як қадами устувор дар соҳаи тандурустӣ гузошта мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмин шудани таҷҳизоти нав ва муосири тиббӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят беҳтар гардида, муроҷиати аҳолии вилоят ба муассисаҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар марҳила ба марҳила коҳиш ёфта истодааст, ки ин ҳама самараи Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Фирӯза Шарифӣ,
муовини раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода