А. Салимзода: «Дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 442
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамасола аз ҷониби мамлакат баҳри таъмини аҳолӣ бо озуқаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин бобат аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор қонуну қарорҳо, стратегияву барномаҳои дахлдор қабул гардидааст, ки дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат иқдоми саривақтӣ ба шумор меравад.
Вобаста ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳолати мелиоративии замин ва ҳосилнокии он, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, содироти меваю сабзавот ва ғайраҳо мусоҳибае доштем бо муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло.
Инак, фишурдаи онро манзури хонандаи рӯзномаи «Хатлон» мегардонем.
-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст. Муҳтарам Амонулло Файзулло, Хатлон вилояти аграрист, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин кадом корҳо ба анҷом расонида шудааст?
- Дар соли ҷорӣ тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 434315 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 192167 гектар ғалладонагиҳо, 134637 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 123251 гектар пахта, 36998 гектар сабзавот, 11762 гектар картошка, 16105 гектар полезӣ ва 42646 гектар (аз он 23467 гектар алафҳои бисёрсолаи солҳои гузашта) зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 511 гектар зиёд мебошад.
Таҳлили риояи таркиби кишти зироатҳои кишоварзӣ собит сохт, ки дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар сатҳи вилоят дурнамои кишт 108 фоиз таъмин гардида, нисбат ба соли 2022-юм 1845 гектар зиёд кишт карда шуд.
- Пешвои миллат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон ба ниҳодҳои марбута оид ба иҷрои ҳатмии барномаҳои қабулшуда дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партобу бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, пешгирӣ кардани раванди аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои корам, инчунин, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дастуру супориш доданд. Мегуфтед, ки дар ҳудуди вилоят дар ин самт кадом корҳо ба сомон расонида шудаст?
- Бо ин мақсад бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, №90, дар асоси қарори мазкур қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 апрели соли 2022, №136 Дар бораи “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” қабул карда шудааст.
Бо мақсади иҷрои қарори мазкур дар соли 2022 дар 1982 гектар заминҳои партов кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида, 353 гектари он ба намуди заминҳои обӣ ниҳолҳои бисёрсола ва зери сохтмон ворид карда шуд.
Заминҳои партов мувофиқи ҳисоботи солонаи замин ба ҳолати 1 январи соли 2023-юм 15834 гектар, аз он обӣ 14357 гектарро ташкил медиҳад. Соли 2023 дар майдони 2109 гектар заминҳои партоб кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида, 104 гектари он ба намуди заминҳои обӣ гузаронида шуд.
- Парваришу истеҳсоли маҳсулот дар гармхонаҳо яке аз омилҳои муҳими танзими нархҳои бозори истеъмолӣ дар фасли зимистон ва ташкили ҳазорҳо ҷойи иловагии корӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин самт дар вилоят чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?
- Бобати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, соле аз як замин гирифтани се-чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо, беҳтар намудани таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, мувофиқи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят ба ҳолати 1 августи соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида, аз ин ҳисоб 1849,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 853,1 тонна помидор, 371,7 тонна бодиринг, 621,5 тонна дигар сабзавотҳо истеҳсол гардида, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуд, ки ҷиҳати танзими нарх дар бозорҳо мусоидат намуд.
- Дар самти баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обу замин, ҳосилнокии зироатҳо ва аз заминҳои обӣ гирифтани ду-се ҳосил, ҳарчи бештар зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиш додани ҳаҷми содироти он ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ дар вилоят кадом чораҳои мушаххас андешида шудаанд?
- Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои обии ғалладона ва пиёзу картошкаи барвақтӣ, ки сари вақт ҷамъоварӣ карда шуд, ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1 сентябри соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят дар майдони 131300 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 101,4 фоиз таъмин гардид, ки нисбати дурнамои пешбинигардида 1800 гектар зиёд мебошад. Кишти гузаронидашудаи такрорӣ асосан 38705 гектар ғалладонагиҳо, 46806 гектар ҷуворимакка барои дон, 1870 гектар картошка, 2483 гектар зироатҳои техникӣ, 17911 гектар сабзавот, 6570 гектар полезӣ ва 16954 гектар зироатҳои хӯроки чорво мебошад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ дар майдони 22054 гектар, аз ҷумла 11616 гектар байни боғу токзорҳо, 5717 гектар чарогоҳхо, 2109 гектар заминҳои партоб ва 2612 гектар заминҳои зери сохтмони мелиоративӣ қарордошта кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд.
Дар асоси маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2023 аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 7430,8 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 5662,6 тонна тавассути нақлиёту тайёра, 1768,2 тонна тариқи роҳи оҳан берун аз ҷумҳурӣ, ба давлатҳои Федератсияи Россия, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Белорусия содирот карда шудааст, ки он асосан 21443,5 тонна сабзавот, аз ҷумла 1956,3 тонна пиёз, 718,5 тонна полезиҳо, 2900,8 тонна мевагиҳо, лимӯ, 1555 тонна ангур ва 113 тонна маҳсулоти дигар ташкил медиҳад.
- Солҳои охир дар натиҷаи тағйирёбии иқлими сайёра таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Оё таъсири ин раванд ба соҳаи кишоварзии вилояти мо ҳам мушоҳида мешавад?
- Соли ҷорӣ тағйирёбии иқлим, хусусан сардии моҳҳои декабр ва январ таъсири манфии худро ба зироатҳои кишоварзӣ расонид. Барои муайян намудани таъсири сардиҳо бо ҷалби олимони соҳа дар мавзеъҳое, ки картошка ва пиёз кишт шудааст, гурӯҳи корӣ дар ҳайати Президенти АИКТ Н. М. Асозода, роҳбари гурӯҳ, аъзои гурӯҳи корӣ академики АИКТ Т. А. Ахмедов ва профессори ДАТ С. М. Гулов ба намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Ҷ. Балхӣ, Дӯстӣ ва Кӯшониён 21 январи соли 2023 сафари корӣ анҷом дод. Гурӯҳи корӣ ҳолати майдони кишти пиёзи баҳорӣ, сабзии кишти такрорӣ, картошкаи барвақтӣ, карам, хандакҳои лимӯ, майдони анорзору анҷирро дида баромаданд.
Майдонҳои пиёз зичии муътадили растанӣ дошта, барги онҳо қисман осеб дидаанд, ки барои инкишофи ояндаи он таъсири манфӣ намерасонад.
Ҳосили сабзии кишти такрорӣ дар ҳамаи қитъаҳо бо сабаби ях бастани қабати 3-5 см хок тахминан 10-12 фоиз зарар дидааст.
Дар қитъаҳои картошкаи барвақтӣ, ки мувофиқи технологияи зарурӣ дар чуқурии 12-15 см, бо истифода аз нуриҳои минералӣ ва поруи маҳаллӣ шинонида шудаанд, лӯндаҳо осеб надидаанд, вале дар қитъаҳое, ки лӯндаи картошка дар чуқурии 5-8 см, бе истифодаи нуриҳои органикӣ шинонида шудааст, аз хунукӣ қисман зарар дидааст.
Ҳосили карам дар ҳамаи қитъаҳо осеб надидааст, аммо қисми болои ҳосили гулкарам ба ҳисоби миёна то 20 фоиз осеб дидааст.
Майдони хандакҳои лимӯ, бо гармии эҳтиётӣ таъминбуда, танҳо навдаҳои яксолаи нопухтарасида зери таъсири хунукӣ зарар дида бошад, дар майдони начандон калон буттаҳои лимӯ тахминан 10-12 фоизи навдаҳояшон зарар диданд. Аммо баъди чораҷӯиҳои агротехникӣ дар мавсими охири зимистон ва аввали баҳор ин ҳолат ислоҳшаванда буда, дар соли 2023 ҳосили дилхоҳ ба даст овардан мумкин аст.
Майдони боғҳои анор ва анҷир аз сардиҳои охири зимистон зарар дида, барои ҳосил гирифтан ғайриимкон мебошанд.
Захираи ҳосили бехпиёз, сабзӣ ва картошка дар анборхона ва сардхонаҳо аз хунукии ин давра зарар надидаанд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии хоҷагиҳои хурди осебпазир ба миқдори 112 тонна тухмии картошка барои майдонҳои зарардида ройгон тақсим карда шуд.
- Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар вилояти Хатлон дар доманакӯҳҳо ва талу теппаҳо имкониятҳои рушди ин соҳаи муҳим зиёд аст. Бинобар ин, кишоварзони вилоят оид ба амалишавии Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содироти меваю сабзавот кадом корҳоро ба сомон расонидаанд?
- Тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи ҳисоботӣ дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 183,0 гектар, боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 167,0 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 110,0 фоиз таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра 255,7 гектар боғҳо ва 112,5 гектар токзорҳо барқарор карда шуданд.
- Аз нигоҳи Шумо муҳимтарин дастовардҳои соҳаи кишварзӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар кадомҳоянд?
- Дар замони соҳибистиқлолии кишвар (солҳои 1991-2022) ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 5,4 маротиба, истеҳсоли ғалладонагиҳо 11,2 маротиба, картошка 12,8 маротиба, сабзавот 16 маротиба, полезиҳо 27 маротиба, меваҷот 12 маротиба, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз 3 то 7 маротиба, маҳсулоти чорводорӣ аз 3 то 8 маротиба, саршумори чорво аз 2 то 4 маротиба зиёд гардидааст.
- Ҳамчун, мутахассиси ҳамин соҳа, мегуфтед, ки бо мақсади таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии кишвар ва зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзӣ боз кадом корҳоро анҷом додан зарур аст?
- Имкониятҳои вилоят вобаста ба таъмини бозори истеъмолӣ хеле зиёд мебошад. Хусусан истифодаи самараноки зиёда аз 15000 гектар заминҳои партоб ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ метавонад ҳаҷми маҳсулоти кишоварзиро афзун намояд.
Кишоварзони вилоят дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузор бошанд.
- Ташаккур барои суҳбат!
Фаромӯз БОБОЕВ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...