Тоҷикистонро дӯст медорам, беҳтар аз ҷон!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 370
Зимни мутолиаи як хабари матбуотӣ фаҳмидам, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кишвари Сурия 29 оилаи гурезаи тоҷикро (104 нафар) баргаардонидаанд. Тасмим гирифтам, ки дар мавзуи ватандӯстию ватанпарварӣ мақолае иншо намоям.
Халқи куҳанбунёду ҷафокашидаи тоҷик борҳо ба гирдоби сарнавишти талху тира гирифтор шудаву шаҳди ғарибию беватаниро чашидааст.
Ғарибию муҳоҷират, азоби дур аз Ватан, огаҳӣ ёфтан аз сарнавишти талхи гузаштаи халқи куҳанбунёдамон, бохтҳои ҳазорсолаҳо, имрӯз ҳамаи моро ба он водор месозад, ки Ватани азизи худро дӯст дорем ва садоқати бештар дошта бошем.
24 декабри соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба тасвиб расид, ки муҳтавои он аз сиёсати хирадмандона ва миллатсозии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Воқеан ҳам, ватандӯстию ватанпарастӣ арзиши муқаддасанд, ки дар мафҳумҳои зодгоҳ, кишвар, диёр, сарзамину Ватан ифода меёбанд. Дӯст доштани Ватан ин садоқатмандии шахсро нисбат ба сарзамини аҷдодӣ нишон медиҳад.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар татбиқу амалӣ гардидани қонуни мазкур нақши мондагоре гузошта метавонанд. Зеро кӯдакону наврасон маҳз дар мактаб меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватани азизи худро эҳсос менамоянд. Маҳз дар мактаб омӯзгорон дар раванди таълиму тарбия насли наврасро дар рӯҳияи худогоҳию эҳсоси ватандӯстӣ ва ормонҳои миллӣ тарбия менамоянд. Баъди шинос шудан ба таърихи бою қадимаи халқи куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик садоқату вафодории онҳо ба сарзамини аҷдодиамон бештар мегардад.
Дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ хонда будам, ки дар Бразилия як писарбачаи 12-сола дар маросими дафни муаллимаш бо ашки шашқатор мусиқии мотамӣ менавозад. Зеро муаллимаш дар раванди машғулиятҳо ва таълиму тарбия дар ниҳоди ӯ меҳнатдӯстӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватанро парварида будааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар манотиқи гуногуни кишварамон даҳҳо ёдгориҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла мақбараҳои шахсиятҳои намоёни адабиёту санъат, қалъаҳои нодири таърихӣ ва мавзеъҳои зиёди табиӣ аз нав эҳё ва барқарор карда шуданд.
Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 бошад, «Солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд. Дар ин замина, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо мавзеъҳои таърихию табиӣ, меҳмонхонаҳои наву замонавӣ, хатсайрҳои сайёҳӣ ва марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ бунёд гардиданд.
Мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва биҳиштосои Тоҷикистони азизамон, ки дар ҷаҳон назир надоранд, таваҷҷуҳи ҳазорон меҳмонон ва сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Албатта, ташрифи ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ, ки ба тамошои кишвари биҳиштосо ва афсонавии мо меоянд, ба буҷаи давлат маблағҳои зиёдеро ворид месозанд.
Кишвари Туркия ҳар сол аз ҳисоби сайёҳони хориҷӣ, ки барои тамошо ва зиёрати мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба шаҳри Куния ташриф меоранд, ду миллиард доллари амрикоӣ фоида ба даст меорад. Имрӯз соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромади иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Воқеан ҳам, меҳмонону сайёҳон, ки ба тамошои кишвари офтобию биҳиштосои мо меоянд, бо дидани табиати зебою назаррабо,ҷангалзорҳои беканору боҳашамат, боғҳои ҳамешасабзи мевадор, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш, дарёҳои ба қавле дорои «обҳои тиллоӣ», дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ ва чашмаҳои мусаффо ба ваҷд меоянд.
Як рафиқи хеле наздикам, қиссаеро нақл кард, ки он хеле мутаассир буда, меҳру муҳаббат ва садоқати ҳар шахси бомаърифатро ба Ватани азизамон дучанд менамояд.
-Охирҳои моҳи августи соли гузашта як гурӯҳи хурди сайёҳонро, ки аз кишвари Арабистони Саудӣ ба мамлакати мо ташриф оварда буданд, ҳамроҳӣ менамудам, -гуфт ӯ. -Аз пойтахти кишварамоншаҳри Душанбе тавассути шоҳроҳи Душанбе-Норак-Данғара-Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ба ноҳияи кӯҳсори Муъминобод расидем.
Баъди тамошои мавзеъҳои зебоманзар ва дилфиреби сарироҳӣ рӯзи дигар тавассути роҳи нави автомобилгард ва пули навбунёд, ки ноҳияи Ховалингро ба ноҳияи Муъминобод мепайвандад, мо вориди мавзеи хушбодуҳаво ва зебоманзараи Чилдухтарон шудем.
Мавзеъҳои зебоманзар, асрори кӯҳи Чилдухтарон, дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ҳавзу кӯлу чашмаҳои дорои обҳои хунуку мусаффо, дарахтони гуногуни ҳамешасабз, боғҳои сарсабзу пур аз меваҳои шаҳдбор, олами вуҳуш ва садои парандагони хушхон ба онҳо як ҷаҳон таассурот бахшид. Дар мавзеи Чилдухтарон маркази хизматрасонии сайёҳӣ, меҳмонхонаи наву замонавии панҷошёна, тарабхона ва ҳавзҳои оббозӣ дар хизмати онҳо қарор дошт. Тамошои кӯли обаш осмониранг, чашмаҳои оби хунук, қалъа ва дигар ҷойҳои таърихии маркази ноҳия хотироти онҳоро боз ҳам рангинтар намуд. Дар рӯзи охири саёҳат як марди миёнасоле, ки роҳбалади онҳо буд, ҳангоми хайрухуш ба ман гуфт, ки дар ҳақиқат шумо хушбахттарин одамонед, ки чунин Ватани зебо ва биҳиштосо доред. Воқеан хам, Ватани шумо биҳишти рӯи замин будааст. Мо чунин ватанро фақат орзу мекунем. Бояд тазаккур дод, ки Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳоест, ки дар он ягон дарё вуҷуд надорад...
Бале, Ватани мо биҳишти рӯи замин аст. Пас, чаро мо чунин Ватани зеборо дӯст надорем? Онро бояд зиёд дӯст дошт ва дар ҳама ҳолат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми он омодаву ҷонфидо бошем.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Шумо ҳаргиз фаромӯш насозед, ки марзи давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ буда, ҳимояи он рамзи нангу номуси ватандорӣ ва шаъну шарафи ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Ватан мебошад».
Хизмати Ватан бояд шиор ва мактаби ҷавонмардӣ бошад. Хусусан, дар вазъи имрӯзаи пуртазоду муташанниҷи минтақа ва ҷаҳон моро зарур аст, ки дар ҳифзи якпорчагии марзу буми кишварамон ҳамеша омода бошем.
Ба қавли шоир:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Мо бояд аз Ватани соҳибистиқлолу кишвари куҳанбунёди хеш ифтихор намоем ва дар ҳифзи манфиатҳои он, дифои Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру бедор бошем. Чароғи меҳри Ватан дар қалби ҳар яки мо-соҳибватанон бояд ҳамеша фурӯзон бошад. Бояд аз он шукрона намоем, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо халқи соҳибтамаддуни тоҷик боз соҳиби давлату Ватани соҳибистиқлоли хеш гардидаю имрӯз бемайлон рушду нумӯи тоза дорад. Барои ояндаи дурахшони он ҳеҷ чизро дареғ надорем. Ба қавли шоири ширинкалом Ато Мирхоҷа:
Парварад андешаи ман раҳнамоии дигар,
Кори дигар, фатҳи дигар, раҳкушоии дигар.
Ман барои гулшукуфти ин Ватан дорам ҳанӯз,
Дар бисоти хеш сад ҷони фидоии дигар!
Аъзам БОБОЕВ,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00