Дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 326
Дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини Роҳбари давлати тоҷикон – Пешвои миллат аз минбари ин созмон.
Ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳмилии аҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил ёфтани сулҳи тоҷикон.
Оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар якҷоягӣ ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.
Муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
Эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон ба ҳайси забони давлатӣ, эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии ҳалқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2008), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат.
Ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, гиромидошти Имоми Аъзам ва ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гароиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид.
Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун ва даҳҳо неругоҳҳои барқии дигар.
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 50 маротиба зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нисбат ба соли 1991 тақрибан 35 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст.
Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 ба зиёда аз 2800 адад расонида шудани теъдоди онҳо то имрӯз.
Рушди бахши хусусӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи маҷмуӣ маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 дарса ди пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташаккул ёфта, қариб 70 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
Таҷдид гардидани сохтори 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад хоҷагии инфродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунанд. Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991 қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад.
Ҷудо гардидани 75 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти кишвар, ки дар таъмини амнияти озуқавории сокинон ва давлат нақши арзанда дорад.
Дар зарфи се соли омодагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидани зиёда аз 25 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст.
Дастгирии илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3 500 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 645 ҳазор ҷойи нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 70 ҳазор нафар донишҷӯ ба 46 адад бо фарогирии қариб 260 ҳазор нафар донишҷӯ расонида шудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...