Ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноташон гуногун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 362
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара як қатор иншооти таъиноташон гуногун бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маври ди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Баистифодадиҳии бинои Шуъбачаи КДАМ дар Данғара
Бо иштироки меҳмонон дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара бинои Шуъ бачаи Данғарагии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супорида шуд.
Бинои мазкур дар доираи таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,09 сотих қитъаи замин сохта шуда, шакл ва намои берунаи бино бо истифода аз усулҳои баланди меъморӣ бунёд ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз се ошёна, болохона ва таҳхона иборат мебошад. Фармоишгари иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дастгирии соҳибкорон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бо маблағи умумии 5 миллион сомонӣ сох та шудааст.
Мавриди зикр аст, ки барои гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ дар саҳни бино бо тарҳи замонавӣ бо баландии 25 метр Парчами давлатӣ барафрохта шуда, гирду атрофи он сафолакпӯш ва гулу гулкорӣ карда шудааст.
Боздид аз муассисаи таълимӣ
Дар идома, меҳмонон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти “Пушинг”, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховат манди деҳа пурра аз таъмири асосӣ бо харҷи 9,5 миллион сомонӣ бароварда шуд, дидан намуданд.
Муассисаи таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, ки аз 25 синфхона, 4 кабинети фаннӣ (компютер, физика, химия, биология), 4 лаборатория, ҳуҷраи табиб, муҳосибот, бойгонӣ, маъмурият, утоқи сарпешоҳанг, хонаи омӯзгорон, толори фарҳангӣ бо 110 ҷойи нишаст, ошхона барои 48 ҷой иборат мебошад. Синфхонаи компютерӣ бо 20 адад компютер, кабинетҳои фаннӣ бо 2 адад тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз гардо нида шудаанд (маблағи муҷаҳҳазгардонии муассиса зиёда аз 650 ҳазор сомони ро ташкил медиҳад).
Гуфта шуд, ки дар саҳни муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои бо зии футбол ва баскетбол омода карда шудааст. Ҳамзамон, гармидиҳии муасси саи таълимӣ пурра барқарор карда шуда, дар он буғхона бо назардошти техно логияи ҳозиразамон, ки дар фасли зимистон тамоми ҳуҷраҳоро бо ангишт гарм нигоҳ медорад, насб карда шудааст.
Бунёди муассисаи нави таълимӣ
Дар деҳаи Рахшонзамини Ҷамоати деҳоти “Корез” бо иштироки меҳмонон бинои муассисаи нави таълимӣ барои 500 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Гуфта шуд, ки муассисаи нави таълимӣ бо мақсади бартараф намудани но расоии ҷойи нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи маз кур, ки соли 2004 барои 422 нафар хонанда дар як баст сохта шуда буд, бинобар афзоиши хонандагон ва ба 1756 нафар расидани шумораи хонандагон зарурат пеш омад. Вобаста ба ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сар моягузории Бонки исломии рушд аз тарафи ҶДММ “Сохтмон - Ваҳдат” иншооти мазкур сохта шуд.
Муассисаи мазкур аз ду ошёнаи дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ва утоқи кории директор иборат мебошад.
Биноҳои иловагии муассиса аз буғхона, анбори ангишт, ҳоҷатхона, ҳавзи обгирӣ ба миқдори 50 м3 , манораи обгирӣ бо ғунҷоиши 2,5 тонна, зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 220 кв/с, майдончаи варзишии футбол, волейбол ва баскет бол иборат мебошад.
Ҳамзамон, барои гарм намудани муассиса дар фасли зимистон дар тамоми утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо гармидиҳандаҳои буғӣ васл карда шуда, назди би нои иловагӣ сафолакпӯш ва сабзпӯшу гулкорӣ карда шуда, дар масоҳати 40 м2 алафҳои ҳамешасабз, ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шудааст.
Ифтитоҳи бинои иловагии назди муассисаи таълимӣ
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои мил лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои иловагии назди муассисаи таълимии №8 барои 530 ҷойи нишаст дар ду баст дар деҳаи Хуррамзамини Ҷамоати деҳоти ба номи И. Шариф ба ис тифода супорида шуд.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ бо мақсади бартараф намудани нора согии ҷойи нишаст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи маз кур сохта шудааст. Соли 2017 барои 1000 нафар хонанда дар ду баст бунёд шуда буд, ки шумораи хонандагон афзоиш ёфта (950 нафара), ба 1650 нафар расидани хонандагон зарурат пеш омад. Вобаста ба ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузории Бонки исломии рушд аз тарафи ҶДММ “Сохтмон - Ваҳдат” сохта шуд.
Бинои таълимӣ дар масоҳати умумии 7308 м2 , ки масоҳати зери бино 568 м2 ташкил медиҳад барои 530 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Муассисаи мазкур аз ду ошёна, дорои 10 синфхонаи таълимӣ, 1 синфхонаи компютерӣ ва хонаи омӯзгорон, утоқи кории директор мебошад.
Азнавсозии биноҳои КолЛеҷи политехникии ДДД
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таълимии муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи политехникии Донишгоҳи давлатии Данғара аз ҷониби Дирексияи иншооти сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ карда шуд.
Бинои таълимии иншоот аз чор ошёна иборат буда, 27 синфхонаи таълимӣ, чор утоқи корӣ ва се озмоишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар муассисаи таълимии Коллеҷи политехни кии Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯйи 20 ихтисос мутахассисон дар соҳаи хоҷагии халқ, махсусан соҳаи саноати сабук омода менамояд. Муассиса бо корхонаҳои саноатии ноҳия, аз ҷумла Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ҶСП “Ҷунтай Данғара син силу Текстил”, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳамкориҳои зич дорад.
Ба истифодадиҳии Бунгоҳи саломатӣ
Ба хотири ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти марказҳои саломатӣ, осон кардани мушкили мардум барои ташхису табобат аз тара фи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмону муҷаҳҳазгардонии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин замина дар деҳаи Моҳпораи Ҷамоати деҳоти “Пу шинг” бунгоҳи саломатӣ ба истифода супорида шуд.
Дар иншооти мазкур ба 104 хоҷагӣ, яъне 763 нафар сокинони деҳа хизматра сонии тиббӣ расонида мешавад. Бунгоҳи тиббӣ, иборат аз 3 ҳуҷраи корӣ бо на зардошти ҳуҷраи қабули маризон ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, ташноб ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз сохта шудааст.
## **Бунёди бинои 5-ошёнаи хобгоҳ**
Дар кӯчаи ба номи К. Қурбонови Ҷамоати шаҳраки “Данғара” бинои 5-ошёнаи хобгоҳ ба истифода супорида шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, фармоишгари иншооти мазкур ҶДММ «Комил 2010», ва пудратчии асосии он ҶДММ «Комил 2010» ба ҳисоб меравад. Иншоот аз рӯи нақша аз 5 ошёна ва 186 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ, барои бештар аз 600 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар бино барои донишҷӯён ша роити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.
Ҳамзамон, дар ҳар як ошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён толорҳои дарстайёркунӣ, хонаҳои либосивазкунӣ, ошхона, ташноб ва ҳаммом пешбинӣ гардидааст. Саҳни хобгоҳ сафолакпӯш ва гулу гулкорӣ карда, ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст.
Таҷдид ва азнавсозии корхонаи хишт
Дар деҳаи Сафобахши Ҷамоати деҳоти “Сафобахш” аз ҷониби ЧДММ “Меъ мори Данғара” собиқ корхонаи хишт таҷдид ва азнавсозӣ карда шуд.
Вобаста ба амалӣ намудани солҳои 2022–2026 “Солҳои рушди саноат” ва «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» то ба имрӯз бо ҷалби соҳибкорон бунёди 28 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ, дӯзандагӣ, ширӣ, ҳасиб, меваву сабзавот, макарон ва равғани растанӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2022-юм 7 адад ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 2 адади он ба истифода дода шуд ва ба истифодадиҳии 4 адади дигар дар соли 2023 пешбинӣ гардида аст.
Гуфта шуд, ки корхонаи хишти мазкур, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз монда буд, дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ аз ҷониби ҶДММ “Меъмори Данғара” мавриди азнавсозӣ қарор гирифт. Иқтидори истеҳсолии он дар як сол 3 миллион дона хишти сохтмониро ташкил медиҳад. Таҷҳизотҳои он аз Ҷумҳурии халқии Хитой ворид карда шудааст. Барои 20 нафар ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуд.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...