БУНЁДИ МИЛЛАТИ МУТАМАДДИН АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 442
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсили 2023-2024
Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд,
падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!
Боиси сарфарозист, ки имсол Рӯзи дониш, дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҷлил мегардад.
Дари хазинаи илму маърифат, дунёи дигари омӯзиши зебоии ҳаёт, саҳифаи наву рангоранги зиндагӣ бо табассуми малеҳу меҳрубонии падаронаи устодон имсол дар вилоят ба рӯи беш аз 100 ҳазор нафар наврасоне, ки бори аввал пой ба остонаи мактаб мегузоранд, боз хоҳад гашт ва тавре медонем, ин дӯстрӯякон ва волидайни онҳо бесаброна оғози соли нави таҳсилро интизоранд.
Маҳз масъулиятшиносӣ ва муносибати самимонаи волидону устодон барои дониш ва тарбияи дурусти ҳар як фарзанд таъсири мусбии худро мерасонад ва онҳоро ба қуллаи мурод, шукуфоии минбаъдаи Ватан ва дар ниҳоят ба эъмори Тоҷикистони мутараққӣ роҳнамоӣ месозад, ки ин амал аз ормонҳои аслии Пешвои муаззами миллат маҳсуб меёбад. Ҳар яки мову Шумо метавонем ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии устодону омӯзгорон эътимод карда, фарзандони худро ба дасти онҳо супурда, дунёи илму маънӣ ҳидоят созем. Дар ин рисолати бунёдгузор ба масъулиятшиносии падару модарон ва сидқан ба мактабу маориф, эҳтироми аҳли зиё, рушд додани соҳаи омӯзишу парвариш рӯ овардани аҳли ҷомеа умед баста, интизор дорем, ки аҳли илму маориф ва устодони соҳибзавқ барои ҳиссагузорӣ дар инкишофи давлату миллат, бахусус амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар, ширкат дар татбиқи барномаву чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва оммавию маърифатӣ бо масъулияти баланди созандагӣ фаъол ва саҳмгузор бошанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, сатҳу сифати таълим ва савияи донишу маърифатнокии шогирдон, ҳамзамон дар рушди неруи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита калон доштани кормандони соҳаро таъкид намуда, ҳамзамон дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф “сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд”.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри иҷрои самарабахши ин дастуру ҳидоятҳои сарнавиштсоз, ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд.
Зимнан, ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гардидани беҳтарин кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли илму зиё дар вилоят, дар баробари квотаю стипендияҳои Президентӣ ва бурсияҳои таҳсил барои илму касбомӯзии наврасону ҷавонони лаёқатманд, дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо таъсису роҳандозӣ гардидани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, мукофотҳои ҳавасмандсозӣ ва стипендияҳои номии раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорони ватанию маҳаллӣ ба олимону устодон, омӯзгорони варзида ва хонандагони аълохону эҷодкори муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, инчунин зери сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳандозӣ гардидани озмунҳои навтаъсиси соҳавии сатҳи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ феҳристи нопурраи тадбирҳои болозикр мебошанд, ки ин аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа, дарак медиҳанд.
Боиси хушнудист, ки соли равон дар радифи дигар дастовардҳои соҳа хатми муассисаи таълимӣ бо медали тилло ва аттестати аълои равиявӣ дар сатҳи вилоят ба 18 адад расид, ки нисбати соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.
Инчунин, ки дар ин давра баҳри мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, алалхусус Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза дар маҷмуъ 85 иншооти соҳаи маориф иборат аз 579 синфхона барои 13848 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуда, сохтмони 127 иншооти дигар бо теъдоди 817 синфхона барои 19 596 нафар хонанда идома дорад.
Айни замон дар 315 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохтмони иншооти соҳаи маорифи вилоят, иборат аз 2325 синфхона барои 55743 ҷойи нишаст идома дорад.
Ҳамчунин, дар 144 маҳаллаву деҳаҳои навбунёди шаҳру ноҳияҳои вилоят барои 68 507 нафар хонандагон таъсиси муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди қайд аст, ки соли нави таҳсили 2022-2023 дар вилоят наздик ба 56 адад муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1375 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва зиёда аз 1320 адад муассисаҳои томактабию марказҳои инкишофи кӯдак, мувофиқан наздик ба 845 ҳазор нафар хонанда, 81 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз ва зиёда аз 70 ҳазор кӯдакони синни томактабиро ба таълиму тарбия ва тайёру омодагии касбӣ фаро мегиранд, ки ба онҳо беш аз 51 ҳазор олимону устодон ва омӯзгорону мураббиён дарс хоҳанд гуфт.
Баҳри иҷрои самарбахши дастуру ҳидоятҳои сарнавиштсози Пешвои маорифпарвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмини рушди бонизому сифатноки соҳаҳои илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамарӯза талош ва пайваста тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ менамояд.
“Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва ҳамакнун озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” ва дар заминаи ин озмунҳо ҳавасмандгардонии шоёни довталабони муваффақу донишманд, устодони онҳо ва падару модарони ғолибон аз ғамхориҳои пайваста ва далели таваҷҷуҳи Президенти кишвар ба ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа мебошад.
Натиҷаи ин ҳама талошу тадбирҳо аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар қатори дигар муваффақиятҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 1053 медал ба даст оварданд, ки 38 тилло, 181 нуқра ва 834 биринҷӣ буда, нисбат ба соли гузашта 360 адад зиёд мебошад.
Сокинони шарафманди вилоят, алалхусус кормандону шогирдон ва алоқамандони соҳаи маорифи вилоятро ба оғози соли нави таҳсили 2023-2024, Рӯзи донишу дарси сулҳ табрику таҳният гуфта, саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию эҷодкорӣ ва баҳри расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, касбӣ ва омӯзгорӣ, муваффақият таманно менамоям.
Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...