Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истиқлол – мубашшири саодатҳо


Истиқлол – мубашшири саодатҳо




Истиқлол таронаи шарафмандӣ, суруди худсолорӣ, достони худшиносӣ ва тараннуми сарафрозиву ватансозист. Истиқлол гом гузоштан дар майдони ҳастӣ ва аз ҳавои озодӣ нафас кашидан аст. Истиқлол бунёди хонаи бузургест, ки исми ифтихории он кишвар ва давлати мустақил мебошад.
 
Имрӯзҳо, ки мо ин саодати беназир, яъне кишвар ва давлати мустақил дорем, бояд ба ёд биорем, ки чунин шараф ва хушбахтӣ ба мо чи гуна муяссар шуд. Дардо, ки ин ёдоварӣ хеле азиятдиҳанда аст. Кишвари харобгашта, 150 ҳазор куштаву гумном, як миллион гуреза 
иқтисодиёти фалаҷ ва яъс ноумедӣ. Ин буд ҳамаи он чизе, ки ба Ҳукумати тозатаъсис баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ мерос монда буд. Хушбахтона, садоқати роҳбари он ба миллат ва худфидоии миллат дар роҳи худсозиву ватанпарстӣ имкон дод, ки дубора кишвари мо ободу зебо гардад. Агар он харобиҳо натиҷаи ваҳдатгурезиҳои мо бошад, пас шукуфоиву зебоии бадастомадаро бояд натиҷаи ваҳдати миллӣ донист ва ҳукми мазкур ба таҳқиқ айни ҳақиқат ва оинаи воқеият мебошад.
 
Ваҳдати миллӣ, якдилию яктанӣ, ҳаммаромӣ - арзишмандтарин ва муқаддамтарин дастоварди сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо шарофату баракати он кишвари мо аз гирдоби ҷанги таҳмилӣ берун омад ва марҳилаи созандагиву ободонӣ шурӯъ гардид. Шоир дуруст мефармояд:
 
Буд киштии тақдири Ватан саргардон,
Дар баҳри ҳаводиси балову тӯфон.
Сад шукр, ба соҳили наҷоташ овард
Чун ҳазрати Нӯҳ Эмомалии Раҳмон.
 
Аз қадамҳои нахустин барои сарҷамъии миллат то замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истқрори сулҳ ва ризояти миллӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуд, ки ҳамаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони навин бо хатти заррин сабт ёфтаанд. Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи мо бо номи “Мактаби таҷрибаи сулҳи тоҷикон” дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор дорад.
 
Баҳори ваҳдати миллии мо бо баргардонидани гурезаҳо, халъи силоҳ ва садо додани зангӯлаҳои дарс дар мактабҳо оғоз ёфт.
Чун миллати мо аслан миллати сулҳдӯст, маърифатпарвар ва созандаву ободкор аст, дар андак муддат натанҳо харобаҳои ҷанги  дохилӣ бартараф шуданд, ки илова бар он дар натиҷаи сиёсати хирадмандони Сарвари кишвар Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам гузошт ва дар соҳаҳои мухталиф ба таври ҳайратангез пешрафтро соҳиб гашт. Ҳолиё кишвар лаҳза ба лаҳза зеботару шукуфотар шуда, сатҳи зиндагии мардуми он зина ба зина боло меравад. Ана, ҳамин аст як шамма аз васфи Истиқлол, ки метавонад муқаддимаи иншои мо бошад.
 
Истиқлол, ба таҳқиқ, беҳтарин саодат ва неъмат аст, ки таърих дар гардиши беҳисоби худ насиби кишваре ва ё миллате мегардонад. Истиқлол, яъне тақдири худро ба дасти худ навиштан, дар пеши касе сархаму мутеъ нагаштан ва соҳиби сарнавишти худ будан аст. Ва мо чи қадар ҷамъияти хушбахтем, ки ин саодати воло ва ин неъмати бебаҳо рақамхӯрда дар номаи аъмоли мо низ будааст.
 
Истиқлолро бояд дӯст дошт, ҳурмат кард, арҷ ниҳод ва иззат гузошт. Он бояд натанҳо ҷашни расмӣ ва давлатӣ, балки ҷашни хонаводагӣ ҳам бошад. Мисле ки дар идҳои Рамазону Қурбон аҳли хонавода якдигарро табрик мекунанд, дар ҷашни истиқлол низ бояд якдигарро оғӯш кунанд ва табрик бигӯянд, то ки кӯдак аз ҳамон хурдсолиаш чӣ будани истиқлолро дарк кунад ва онро муқаддас бишуморад.
 
Истиқлол ҷашнест, ки бар ҳама ҷашнҳои дигар бартарӣ дорад, зеро он модари ҳама ҷашнҳои дигари давлатию миллист. Истиқлол аст, ки ҳувияти миллиро таҳким мебахшад ва барояш ҷашн меофаринад, дуруст, мисли Қонуни Асосӣ, ки қонунҳои дигар худро бо он мувофиқ мегардонанд.
 
Агар ҳузури истиқлол ҳузури шодиву ифтихор аст, пас набудани он мояи сад ҳазор бадбахтиву сардаргумист. Дур намеравем, Афѓонистони ҳамсояро мисол меорем. Он зоҳиран истиқлол дорад, аммо бист сол ин кишвар аз ҷониби низомиёни амрикоӣ идора мешуд ва ҳоло аз ҷониби парвардаҳои кишвари дигар. Чун сарнавишти миллати ин кишвар ба дасти худаш нест, миллионҳо нафар гурезаву овораанд ва миллионҳои дигар аз шиканҷаву гуруснагӣ азият мекашанд.
 
Омили аз ҳама асосие, ки барои таҳким бахшидани истиқлол хидмат менамояд, маориф аст. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд: “Бунёди ҷомеаи мутамаддин бе маориф имконнопазир аст”.
 
Дар ҳақиқат, ҳар куҷое, ки дари маориф баста мегардад, дари ҷаҳолату таассуб боз мешавад.
 
Дар замоне, ки кишвари мо ба кадрҳои баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳои фановарӣ ниёз дорад, мутолиаи китобҳои бадеӣ аҳамияти вижа ба худ мегирад. Ҳакиме беҳуда нафармудааст: “Дар кишваре, ки Шекспир надорад, ҷустуҷӯи Нютон кори беҳуда аст”.
 
Ин ба он маъност, ки хониши китобҳои бадеӣ дар зеҳни хонандагон роҳро ба сӯи донистани илмҳои дигар боз мекунад, таҳкурсии аввалини илмҳои дақиқро мегузорад, завқи ихтирооти аҷибро дар ботин таҳрик мебахшад.
 
Ба таври маҷозӣ аввалин ихтироъкорони ҳавопаймоҳо онҳое буданд, ки афсонаи “гилеми паррон”-ро бофта буданд. “Мурғи сухангӯ” ҳамин радио ва “Ҷоми Ҷам”-и афсонавӣ намуди хаёлии “интернет” аст. Яъне орзуву омоли инсонист, ки рафта-рафта бо рушди илм фановарӣ ба воқеият пайваст мешавад. Он чӣ овардем, як намунаи содаи замина гузоштани китобҳои бадеӣ барои илмҳои дақиқ аст ва ба он метавон асарҳои фантастикиро ҳам илова кард. 
 
Китобхонӣ садди роҳи ҷинояткорӣ мегардад. Як адиби амрикоӣ чунин овардааст, ки вақте дар Чикаго ё Вирҷиния маҳбас месозанд, миқдори ҳуҷраҳои онро барои даҳпонздаҳ соли оянда ба назар мегиранд. Аммо чи гуна маъмурияти иолат медонад, ки шумораи маҳбусон дар даҳ-понздаҳ соли оянда чи қадар афзоиш меёбад ё кам мешавад? Адиб ба ин суол чунин посух медиҳад, ки барои ин омори китобхонони ҷавон дар китобхонаҳо мадад мерасонад. Агар миқдори китобхонҳои ҷавон зиёд бошад, шумораи ҷиноят камтар ва агар шумори китобхонҳо кам бошад, пас ҷиноят зиёд хоҳад шуд. Яъне китобхонӣ натанҳо ҷаҳонбинии одамонро такомул мебахшад, балки садди роҳи ҷинояткориву авбошӣ низ мегардидааст.
 
Шукри истиқлол мекунем, ки бо шарофтаи он дар кишвари мо озмунҳои зиёди маърифативу фарҳангӣ роҳандозӣ гардидаанд. Дар ин миён нақши озмуни “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” беназир аст. Дил лабрези фараҳ мегардад, вақте мебинем, ки пиру ҷавон, хурду калон, ва зиёиву деҳқон дар ҷустуҷӯи китобанд. Ин як башорат аст, башорат аз ояндаи нек, фардои рӯшан ва зуҳури насли донову пӯё.
 
Меҳано, шеъри туро бо килки ҷон хоҳам навишт,
Қитъа не, байту ғазал не, одстон хоҳам навишт.
Бо алифбое, ки бошад ҳарфҳояш ахтарон,
Васфи ҳуснат дар китоби сомон хоҳам навишт.
Дидаи зебонигар дорам, латифандешаам,
Сангҳоятро ба роҳам парниён хоҳам навишт.
 
Поянда бод Истиқлол, ки паёмовари хушиву саодатҳо ва оинаи ормонҳову орзуҳои миллат аст!
 
Зебуниссо ҚОСИМОВА,
омӯзгор, ғолиби озмуни “ Фурӯғи субҳи 
доноӣ китоб аст” дар номинатсияи назм

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода