Биё, бар сайри водии тиллоӣ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 307
Мегӯянд, ки меҳр дар чашм аст. Агар касеро, чизеро кам бинӣ, оҳиста –оҳиста меҳр дур шуда, аз хотираҳо ҳам зудуда мешавад. Аммо ин барои вожаҳои “Ватан” ва “ҳамватан” истисно аст. Аз зодгоҳу пайвандону дӯстон ҳарчи дур афтодӣ, меҳри онҳо бештар мегардад, дил ба дидори онҳо гум мезанад. Ҳар лаҳзаи дар Ватан будан дар хотира варақгардон мешавад, баҳору зимистон, тобистону тирамоҳи он дар қиёс беҳтарину гуворотарин менамоянд. Ҳатто сари дастурхон ҳам орзуманди бӯйи хушу шиноси нону оши тоҷикӣ мешавӣ. Дар мусофирӣ эҳсоси дӯст доштани Ватан муассиртар аст. Чаро мо дар зодгоҳи худ, дар хонаву кӯча, маҳаллаву коргоҳи худ хотирҷамъу бепарво аз ташвишҳои бегонагӣ ҳастем?
Оре, равони мо дар макону муҳити ошно, яъне ҷое, ки хуни нофамон рехтаву аввалин шинохти олам бо шири пистони модар, меҳри падар, меҳрубониҳои пайвандон ҳидоят шудааст, ором аст. Мо дилпур ҳастем, ки дар ватани худ бо одамони наздику шинос зиндагӣ дорем.
Барои ҳар як инсон ба гуфтаи Фарзона “Ватан ин қиблаву меҳроби ишқ” аст. Шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) зодгоҳи ман аст. Ҳамчун сокини маркази вилояти Хатлон хостам ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам ифтихори ватандориамро нисбати зодгоҳам иброз намоям. Донистани таърихи он чун як гӯшаи Меҳани азиз бароям шавқангез буду ҳисси кунҷкобиам боло гирифт.
Дар замони Шӯравӣ аз солҳои 40-ум фаъолият доштани ноҳия, шаҳр ва вилояти Қӯрғонтеппаро медонистам. Теппаи Қӯрғон чун рамзи ёдгорӣ аз гузаштагони имрӯз ҳам побарҷост. Шояд ҳар каф хоки он рози асрҳои пешинро дорад. Аз замони таъсиси давлатдории Бохтару Кӯшониён дар асрҳои III-II пеш аз мелод ин мавзеъ ҳамчун маркази тиҷоративу сиёсӣ номдор будааст. Ривояте, ки беки қалъаи имрӯзаи Теппа, ҳокими Левакант барои сохтмони он аз ҳар тоҷир овардани як халта ё як тоқӣ хокро ба шакли андози бозор ҷорӣ карда будааст, дар байни мардум машҳур аст. Қиссаи наҳри гирди теппа дар иртибот бо маликаи шаҳр Бибихонум низ вирди забонҳо буда, бо ҳамин ном шуҳрат дорад.
Ҳар меҳмон ё сайёҳе, ки ба Бохтар меояд, метавонад аз маълумот ва нигораҳо, экспонатҳои Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Бибихонум таассуроти бештар гирад. Дар он 2467 нигора, 24 гӯша мавҷуд аст, ки иттилои зиёдеро дар бар мегиранд. Вақте ки хостам дар бораи шаҳрамон маълумоти бештар дошта бошам, филми мустанади “Теппаи Қӯрғон-рамзи маркази Хатлон”-ро тавсия доданд.
Киностудияи Хатлонфилм бо таҳияи А. Маҳкамов ва коргардон И. Соҳибназар барои равшанӣ андохтан ба таърихи омӯхтанашудаи гузаштаи шаҳр бо таърихшиносон Д. Алимов, Ф. Наботов, З. Сатторова ва меъморон Ҳ. Мадалиев, собиқадорони шаҳр суҳбат оростаанд. 40 метр баландӣ доштани теппа, 12 метр будани ғафсии деворҳои он, ҳафриёти олимони шӯравӣ бо роҳбарии Б.А. Литвинов фактҳои ҷолибанд. Аммо ба ҳифз ва эҳёи ин гӯшаи таърихӣ саҳми Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров таъсиргузор будааст. Маҳз соли 1954-ум, ки Бобоҷон Ғафуров ба Қӯрғонтеппа сафари корӣ доштааст, ба аз байн бурдани теппа роҳ надодааст. Ӯ, ки таърихи миллати тамаддунофари тоҷиконро хуб медонист, нисбати теппаи Қӯрғон дурандешона муносибат кардааст. Китоби “Тоҷикон”-и ин алломаи бузург исботи таърихи Ватану халқи тоҷик аст.
Онро метавон муносибати беҳтарини ватанпарварона ба гузаштаи ниёгони худ ҳисобид. Боэътимодтарин хулосаҳои илмии Бобоҷон Ғафуров дар бораи давлатҳои Бохтари Кӯшон, тамаддуни шаҳрӣ доштани империяи Кӯшон, аз қадим дар ҷануби Тоҷикистон парастори оби наҳрҳо, аз ҷумла Оашхо, яъне Вахш будани мардуми ин водии атрофи дарёи Ому, дар асрҳои VII-VIII мақоми хос доштани шоҳи Хатлон Табарӣ Ассаболи турк, ба сохтмони каналҳои об, киштукор ва чорводорӣ машғул будани халқ, соҳиби хатти қадимии бохтарӣ будани мардуми ин диёр маълумоти муфассал додааст. Водии Вахшро водии тиллоӣ меноманд. Он бо заминҳои ҳосилхезу боғоти сермева ва обҳои дарёву чашмаҳои фаровон доштааш вобаста аст.
Дар китоби “Тоҷикон” шарҳи вожаи “Вахш” аз мадорики таърихӣ чун Худованд, рӯҳ ва Амударё таҳлил ёфтааст. Академик Бобоҷон Ғафуров ба иттилои Берунӣ такя намуда навиштааст, ки хоразмиён “вахшҳангом” ном иде доштанд. Вахш номи малакест, нозири дарё, аз ҷумла рӯди Ҷайҳун.
Дар катибаҳову нигораҳои Калкутта навиштаҷоти “Вахш Худои яккаву ягона” аз эътиқоди қадимии одамон ба обу дарё далолат мекунад.
Дар таърихи мардуми Осиёи Миёна будани димна, бинову қаср ва маъбадҳо бо ишора ба теппа-баландӣ зиёд аст. Арзи вуҷуд кардани Қаротеппа, Фаёзтеппа, Оқтеппа, Дилварзинтеппа, Хайрободтеппа, Зартеппа, Ҷондавлаттеппа, Олимбойтеппа, Кеҳантеппа, Хонақоҳтеппа, Чоргултеппа, Аҷинатеппа, Мунҷиктеппа, Балиликтеппа, Зангтеппа ва дар радифи онҳо Қӯрғонтеппа аз макони таърихӣ, маркази ҳокимияти бекон шаҳодат медиҳад. Сохтани қалъаи шоҳон дар баландӣ аз қадим маъмул будааст.
Дар воқеъ ҳар боре, ки номи Бохтарро мегирем, тавъам будани водии Вахш, дарёи Вахш, теппаи Қӯрғонро эҳсос мекунем, чунки яклухтии ин мавзеъ бо онҳо алоқаманд мебошад.
Тараннуми табиати гарм, аммо сероби ин водиро дар шеъри Зарандӯз дарёфтам:
Диёри офтобам, Вахши заррин,
Саропо ҳар заминаш обшор аст.
Биё, бар сайри водии тиллоӣ,
Ки майдони дили мо беканор аст.
Теппаи Қӯрғон бо манорааш, ки аз баландии парвози парандагон тамоми шаҳр чун дар рӯйи каф ҷилвагар мешавад, бо хонаҳои баландошёнаву роҳҳои калон, гулгашту сарсабзиаш чашми касро мебарад. 4 дари кандакорӣ ба чор тарафи олам ишора мекунад.
Хабари он ки раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба таҳияи лоиҳаи нави тармиму азнавсозии Теппаи Қӯрғон таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, хушҳолам намуд. Дар масоҳати 2,5 гектар сохта шудани Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо ҳамчун муаррификунандаи на танҳо Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар-водии Вахш аз тасмими ободкоронаву ватандӯстона маҳсуб мешавад. Ба наслҳо мерос гузоштани мавзеъҳои таърихию обод ин масъулиятшиносию бунёдкории Ватан аст.
Дар хотир дорам, ки дар баландӣ чойхонае буд, ки меҳмонони шаҳрро ҳатман ба онҷо таклиф мекарданд. Аз зинаҳои бисёри он фаввораҳои об ҷорӣ мешуданд. Ду ҳайкали машҳур-ду раққоси балет ва ду оҳубарра ҳамчун рамзи он зебоии теппаро меафзуданд. Дар ҳама ҷашну идҳо мардум дар гирди Теппа ҷамъ меомаданд. Тамоми чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии маркази вилоят дар ҳамин ҷо мегузашт. Дар ҷойи имрӯзаи бинои навсохт, аз тарафи чапи ҷӯйи Бибихонум обелиск-сутуни ёдбуд ва дар поёни он аз ситораи панҷгӯша оташи абадӣ фурӯзон буд. Собиқадорони шаҳр нақл мекарданд, ки дар замонҳои қадим мири шаҳр дар ин майдонча дори муҷозот доштааст. Дар солҳои инқилоб, мубориза бо босмачиён ҳам ин дорро барои қатли тарафдорони ҳокимияти советӣ истифода мекардаанд.
Мо-наврасони солҳои 70-ум барои худ ифтихор медонистем, ки маҳз дар назди ин ёдгорӣ ботантана ба сафи пионерону комсомолон қабул шавем.
Иди Ғалаба бар фашизм дар ҳамин мавзеъ бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил мешуд. Навхонадорон аз зинаҳои Теппа боло рафта, барои хотира акс мегирифтанд, ба пояи сутуни ёдбуд гул мегузоштанд. Ин ҳам арҷ гузоштан ба таърихи зодгоҳ буд.
Имрӯз ба шарофати Истиқлол аз соли 1999 барои ҳифзи таърихи миллати тоҷик маҷмааи Исмоили Сомонӣ бо пайкараву фаввораҳо, гулгашти зебое намоди ифтихору ватандорист. Анъанаи гулчанбаргузорӣ, қасамёдкунии сарбозон ва ҷавонон барои хизмати содиқона ба Ватан маҳз дар пояи пайкараи Исмоили Сомонӣ идома дорад.
Дар даромадгоҳи шаҳр трактори рамзие дар маҷмааи Ваҳдат гузошта шудааст. Дар солҳои 30- юм барои азхудкунии водии Вахш сафарбар шудани мардуми Суғду Рашт, Зарафшону Бадахшон на танҳо ба кандани каналу сохтмони роҳҳо, таъсиси колхозу совхозҳои пахтакорӣ ва боғдорӣ равона шуда буд, ваҳдати мардуми маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон дар меҳнати дастаҷамъона, зиндагӣ ва муносибатҳои ҳамсоядориву қаринӣ ифода мегардид. Водии Вахш ватани ҳамаи онҳо шуд. Олимон исбот кардаанд, ки агар дар сарзамине насли сеюми одамон таваллуд шавад, онҳо сокинони таҳҷоӣ ба ҳисоб мераванд. Ман ифтихор мекунам, ки зодаи ин диёрам, яъне бохтариям.
Дар солҳои аввали Истиқлоли Тоҷикистон душманони миллат аз маҳалҳои гуногун будани мардумро сӯистифода карда, барои талоши ҳокимият ба сангарҳои муқобил ҷудо карданд. Даргириҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо одамонро куштаву хонаҳои ободро вайрон ва ҳамсояҳои қадрдонро душман гардонид. Сокинони Бохтар аз ин фоҷиа хисороти зиёд диданд.
Ёд дорам, баъди тирборон шудани маҳалла, шаҳид шудани одамони бегуноҳ, гурезаву сарсон гаштани сокинони Бохтар амакбачаи модарам аз ин вазъияти ҷангу куштор, тороҷ шудани хонаву дар аз тарафи мухолифин дилхунук шуда, азми кӯчидан намуд. Мошини боркаш омода шуду вақти хайрухуш модарам бисёр талх гиристанд. Аҳли оилаи ҷавон ба Сирдарё мерафтанд. Баъд аз гусели онҳо ҳам модарамро ором карда натавонистем. Ман гумон кардам, ки дар рӯзҳои вазнини мотами наздикони шаҳидшудаамон модарам худро боз ҳам танҳо ҳис карданд.
-Шояд падару бародарам мебуданд, мо ҳам ба ватани аҷдодии худ мерафтем. Як гӯшаи ором, амн з ҷангу нотинҷиро ихтиёр мекардем. -аз дил гузаронидам ман.
-Беҳуда рафт, сарсон мешавад. -гуфтанд модарам. -Ватани мо Қӯрғонтеппа аст. Дар ҳамин ҷо таваллуд шудем, калон шудем. Ҳамаи хешу табор дар ҳамин ҷо. Инсон ҳеҷ вақт дар ҷойи бегона худӣ намешавад. Баракати Қӯрғонтеппа дигар аст. Дар бораи муҳоҷират дигар лаб накушодем. Қарори модарам қатъӣ буд: “Зиндаву мурдаи мо бо ҳамин шаҳр мешавад”.
Модарам ҳақ буданд. Амакбачаашон баъди чанд моҳи гурезагӣ, шаҳрвандӣ гирифта натавонистан, чизу чораи бурдаашро ба дигар муҳоҷирон тақсим карда, баргашт.
Дар ҳақиқат, дар тақдири мо-одамон ду чиз ғайриихтиёри мост: падару модар ва Ватан. Инро мо интихоб намекунем. Барои ҳамин меҳри Модару Ватан тавъам буда, ҳарду бароямон азизу муқаддасанд.
Бохтари мо имрӯз ҳам дар фазои сулҳу ваҳдат рушд мекунад. Агар пеш заводи трансформаторбарорӣ, комбинати гӯшту шир, фабрикаи дӯзандагии ба номи “50-солагии СССР”, заводи нуриҳои азотии Вахш дар Иттиҳоди Шӯравӣ номдор буданд, имрӯз даҳҳо корхонаву фабрикаҳои саноатӣ фаъолият доранд. Хиёбонҳои васеи мумфарши марказ, хонаҳои баландошёна, мағозаву бозорҳои калон, мактабу кӯдакистонҳои нав, коху театрҳо, коллеҷу донишгоҳ, боғу кӯчаҳои серодам симои шаҳрро дигар кардаанд.
Дар ҳар қадам одамони шиносро мебинӣ. Муҳити ошно ба дил фараҳ мебахшад. Ин эҳсоси ширину гуворои ватандорӣ маро ҳамроҳӣ мекунад. Меҳри Ватан аз муҳаббат ба зодгоҳ, ки як гӯшаи он аст, маншаъ мегирад.
Шеъри Рустами Ваҳҳоб гӯё аз забони ҳар як сокини Бохтар садо медиҳад, ки гуфтааст:
Ватан-эй муҳаббатсарои вуҷуд,
Ки моро зи ту ҳаст буду набуд.
Ба ҳар зарра хоки ту паймони мост,
Ба ҳар қатраи оби ту ҷони мост.
Дилором МАҲКА МОВА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...