Ф. Самадзода: «Гузариш ба низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ талаби замон аст»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 606
22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид, ки он ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Коршиносон бар он назаранд, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад. Ҳамчунин, барои баланд бардоштани рейтинги байналмилалии кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.
Вобаста ба ин, бо хоҳиши хонандагони рӯзнома мусоҳибае доштем бо Фирдавс Самадзода, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ва фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзномаи «Хатлон» мегардонем.
- Назари худро дар бораи гузариш ба низоми ҳисоббарорбаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъсири минбаъдаи онро дар пешрафти иқтисодиёт мамлакат мегуфтед.
- Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ”, ки 22 июни соли 2023 ба имзо расид, имрӯз мо дар раванди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ қарор дорем. Иҷрои Фармони мазкур ба рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.
- Ба ақидаи Шумо гузариш ба низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ чӣ афзалият ва бартарият дорад?
- Гузариш ба пардохти ғайринақдӣ ба сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мусоидат менамояд. Бояд дар назар дошт, ки минбаъд пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ танҳо ба таври ғайринақдӣ ҷараён мегирад.
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро дар назди банкомату хазинаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад ва боиси сарфаи вақту хароҷоти иловагии муштариён мегардад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳамияти хоси иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва қулай мегардонад.
- Ташкилотҳои қарзии молиявӣ баҳри ба даст овардани эътимоди аҳолии мамлакат ба хизматрасониҳои бонкӣ чӣ чораҳо андешидаанд?
- Тавре аз нишондиҳандаҳои оморӣ бармеояд, тайи солҳои охир шумораи шабакаи терминалии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) босуръат афзоиш ёфта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоду боварии аҳолии мамлакат ба воситаҳои муосири пардохтҳои электронӣ ва истифодаи он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.
Акасарияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия намудаанд.
Имрӯзҳо теъдоди зиёди шаҳрвандон дорандагони кортҳои пардохтӣ ва истифодабарандагони замимабарномаҳои махсуси бонкӣ мебошанд, ки тавассути онҳо метавонанд ҳангоми хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳисоббаробаркуниро ба таври ғайринақдӣ анҷом диҳанд. Ҳоло аксари ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои пешниҳоди навъҳои гуногуни хизматрасониҳои пардохтӣ тавассути телефонҳои мобилӣ барномаҳо таҳия карда истодаанд.
Инчунин, ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо иситифода аз технологияҳои муосири пардохтӣ як қатор хизматрасониҳои фосилавӣ, ба монанди бонкдории мобилӣ, интернет – бонкинг, пардохтҳо тавассути QR-рамз ва маблағҳои электрониро ҷорӣ намуда, тавассути онҳо ба муштариён барои ғайринақдӣ пардохт намудани ҳаққи молу хизматрасонӣ имкон фароҳам овардаанд.
Дар баробари ин, ҷиҳати ҳавасманд намудани муштариён ҳаққи хизматрасониро коҳиш дода, барномаҳои бонусӣ, кэшбэк, пардохти фоиз аз амалиёти гузаронидашуда ва дигар роҳу воситаҳои ҳавасмандгардониро пешниҳод менамоянд.
- Оё ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати амалӣ сохтани низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҳама воситаҳо ва инфрасохтори лозимаро муҳайё сохтаанд?
- Гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ на танҳо ба низоми бонкӣ вобастагӣ дорад, ҳамчунин андешидани чораҳои таъхирнопазирро аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ талаб менамояд.
Гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ зарурати ташаккули инфрасохтори дахлдори қабули пардохтҳоро дар назди мақомоти давлатӣ тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, вазорату идораҳо ва корхонаҳои давлатие, ки хизматрасонии пулакиро ба аҳолӣ пешниҳод менамоянд, бояд фавран низомҳои иттилоотию боллингии худро созмон дода, якҷо бо низоми бонкии мамлакат ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони мазкур ҳатман чораҳои зарурӣ андешанд.
Бо қабули Фармони мазкур аз ҷониби низоми бонкии мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар ин самт шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бо қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ дар ин самт ҳамкорӣ намуда истодаанд.
- Баъзе аз муштариёнро овозаҳои гӯё барои пардохт кардани хизматрасониҳои давлатӣ танҳо кортҳои пардохтии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” истифода мешавад, ба ташвиш овардааст. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?
- Дар ҷавоб ба ин савол бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Зеро ҳангоми пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ истифодабарии кортҳои пардохтии дилхоҳ ташкилотҳои қарзии молиявӣ имконпазир мебошад. Имрӯз бо талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон истифодаи кортҳои пардохтӣ аз низоми пардохти корти миллӣ ягон мамоният вуҷуд надорад ва аҳолӣ метавонанд бо кортҳои пардохтии дилхоҳ ташкилотҳои қарзии молиявӣ хизматрасониҳои давлатиро пардохт намоянд.
- Бархе аз намояндагони корхона ва муассисаҳо шикоят шикоят доранд, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дархости онҳоро дар хусуси гирифтан ва насби терминал сари вақт мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд. Назари Шумо дар ин масъала чӣ гуна аст?
- Ёдовар бояд шуд, ки бо мақсади иҷрои дастури роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2023, таҳти №16.3-66/2774 дар зери назди шуъбаи минтақавӣ аз ҳисоби мутахассисони шуъбаи назорати бонкӣ Ситоди корӣ оид ба таъмини иҷрои муқаррароти Фармони мазкур таъсис дода шудааст.
Дар доираи вазифаҳои гузошташуда Ситоди корӣ аз рӯи фаъолияти воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа дар самти иҷрои босифат ва саривақтии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, бурдани корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ ва таъмини саривақтии терминалҳои қабули пардохт ба корхона ва муассисаҳои давлатӣ тибқи дархости онҳо ҳамарӯза назорати қатъӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо натиҷагирӣ аз вохӯриву суҳбатҳо муайян гардид, ки мутаассифона, баъзе аз корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ, ки дар онҳо хизматрасониҳои муздноки давлатӣ анҷом дода мешаванд, то ин дам ҷиҳати гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ шароити лозима ва инфрасохтори заруриро муҳайё накардаанд ва баъд аз ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №586, аз 22 июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” дар муҳлати охирин ба амалисозии он шурӯъ намуда, дар як вақт бо шумораи зиёди дархостҳо ва талаби теъдоди зиёди терминалҳои пардохт бо КВД БД ҶТ “Амонатбонк”, инчунин дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат намудаанд, ки дар як вақт таъмини тамоми дархостҳои онҳо сарбории зиёдро барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба бор меоварад.
Мусъулини корхона ва муассисаҳое, ки барои насби пос-терминал ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ муроҷиат менамоянд, ки тибқи талаботҳои ҷойдошта насби пос-терминал сар карда, аз барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо то пайвастнамоии он як муддати муайянеро тақозо менамояд. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ бемаҳдудият омодаанд, ки дархости дилхоҳ корхона ва муассисаро мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро бо пос-терминал ва дигар воситаҳои электронӣ тибқи тартиб дар як давраи муайян таъмин намоянд.
“Хатлон”
Раиси вилоят намояндагии тиҷоратии Россияро қабул намуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич ва Сергеев Антон Александровичро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба изҳори назар карданд.
Давлаталӣ Саид ҳайати намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташриф ба маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои Тоҷикистону Россия мавқеи муҳим доад.
Тоҷикистону Россия ҳамчун шарикони стратегӣ гардиши молро мунтазам афзоиш дода, дар беҳтар намудани робитаҳои мустақими минтақаҳои ду ҷониб нақши босазо гузошта истодаанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот изҳор намуд, ки ба вилоят аз 26 кишвари хориҷӣ бо маблағи 838.4 миллион доллар сармоя ҷалб карда шудааст, ки бештари он ба Федератсияи Россия рост меояд. Барои таъмини рушди устувор ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушд ҷалби бештари сармояи мустақим аз Федератсияи Россия зарур аст.
Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич зимни мулоқот ба рушди бемайлони ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ишора карда, баҳри дастгирии субъектҳои хоҷагидорӣ андешаронӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки бо ҳайати гурӯҳи худ омодаанд, то ки баҳри рушди муносибатҳои тиҷоратӣ соҳибкоронро аз Федератсияи Россия ҷалб намоянд. Коренков Евгений Анатолевич, ҳамчунин қайд намуд: “Маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсу сан вилояти Хатлон диққати соҳибкорони моро ҷалб кардааст ва мо мехоҳем барои содирот кардани он, хусусан мевагиҳо ба Федератсияи Россия бештар ҳамкорӣ намоем. Ҳамчунин, баҳри бунёди боғҳои мевадиҳанда ва дастгирии лоиҳаҳо дар ин самт, мо ҳамеша омодаем”.
Раиси вилоят гуфт: “Мо ҳадаф дорем, ки бо роҳбарияти минтақаҳое, ки бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ дорем, вохӯрӣ ташкил намуда, бо ҳамватанон ва соҳибкорони муваффақ низ дар Федератсияи Россия мулоқоти судманд анҷом диҳем”. Ҳамзамон, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаи вохӯрии имрӯза ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
“ХАТЛОН”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...