Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “ПОЛЕ ЧУДЕС” иддаеро сарватманд намуд, вале баракат надод


“ПОЛЕ ЧУДЕС” иддаеро сарватманд намуд, вале баракат надод



Имрӯз дар Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳ асту оромӣ. Сулҳ ба мардуми мо истиқлолу озодӣ, ободию фаровонӣ, зиндагии тинҷу серу пурро дод. Ин ҳама неъматҳо аз ваҳдат аст ва он ба шарофати азму талошҳои шабонарӯзии  Сарвари оқилу донои кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.

Билол ҳамасола бо аҳли оилааш Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуда, шукронаи ваҳдату дӯстӣ, ободонии диёри азизамонро мекунад ва беихтиёр он рӯзҳои сахту наҳси ба сари тоҷикистониён омадаро пеши рӯ меорад.

...Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ. Ёдӣ он рӯзҳои сиёҳ қалбро пора-пора месозад. Ҷанг бадбахтиҳои зиёд овард. Он харобию ҷудоиҳо дорад. Манзилҳои ободро харобу мардуми ба ҳам дӯсту бародарро бо якдигар душман гардонду парешон намуд.

Билол бо ҳамроҳии аҳли оила ва наздикони худ бо ҳукми тақдир гуреза шуд. Онҳоро тарки Ватан, хонаву дари обод, ҷудоӣ аз дӯстони дерин осон набуд. Дар ғарибӣ ҳарчанд тани пӯшидаю шиками сер доштанд, аз неъмату муқаддасоти худ - Ватан дур буданд. Ёди меҳани азиз, обу хоки он, дидори ҳамсояҳо ва бародархондаҳояш аз манотиқи гуногуни диёрамон қалби ӯро месӯзонду ҷигарбирёну дидагирён менамуд. Ҳамарӯза даст ба дуо бурда, аз Эзиди пок зорию илтиҷо мекард, ки тоҷикони ғарибафтодаро дубора боз ба зодгоҳашон баргардонад.

Дар қумистони ҷангал, ки ҷойи қароргоҳҳои гурезагон буду хаймаҳояшон он ҷо ҷой гирифтаанд, қабрҳои нав пайдо шуданд. Шумораи онҳо рӯз ба рӯз меафзуд. Билол ин манзараи ҳузнангезро дида ғамгин мешуд. Ба худ мегуфт: “наход дигар ба Ватан барнагардему дар замини мулки бегона (Афғонистон дар назар аст) хок шавем. Не, не, банда ба умед аст, Ватан онҳоро фаромӯш намекунад”. Бо ин андешаҳо дар танҳоӣ хун мегирист ва пайваста чашми умед ҷониби Тоҷикистони азизаш буд. 

Шукри Худованди меҳрубон, ки ба миллати тоҷику тоҷикистониён Роҳбари ғамхору меҳрубон ва мардумпарварро дод. Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуд, ки мардуми парешонгаштаро то нафари охирин ба Ватан бармегардонад. Ин суханон барқвор, тавассути барномаи радиоии “Хоки Ватан” ба гӯши гурезаҳо расид. Ин хушхабар ташнагони Ватан, сулҳ ва дидори дӯстонро неру бахшид.

Он рӯзи деринтизори шодию дидорҳо ҳам фаро расид. Тоҷикистони парешон боз дар диёри биҳиштиву бобоии худ сарҷамъ шуда, аз пайи меҳнати озод, ободонии сарзамини хеш камари ҳиммат бастанд.

Вақти ба макони худ-хоҷагии имрӯзаи ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Кӯшониён баргаштан, ҳанӯз тарсу ваҳм аз қалбҳо бадар нашуда буд. Вале баъдтар онҳо эҳсос намуданд, ки барои тарс асосе ҳам набудааст. Баробари ворид гаштани фирориён ҳамсояҳои дар ин ҷо монда онҳоро бо нону намак ва оғӯши гарми хешутаборӣ истиқбол намуданд. Аз дари хонаи ҳар як гурезаи бозгашта бародарвор, бо як нони гарму косаи ҷурғот ё таом медаромаданд. Ҳамчунин, ба онҳо яке ҷиҳози хоб медоду дуюмӣ ашёи рӯзгор. Ҳамин тавр, онҳо дасти ҳамсояи бозгаштаро дар рӯзҳои барояшон душвор мегирифтанд ва кумаки хешро дареғ намедоштанд.

Билол хонаи худро дар ҳолати вайрона дарёфт. Он аз дасти ғоратгарону авбошони яроқбадасти мухолифин ба ин ҳолат расидаю асбобу анҷоми рӯзгораш низ ба яғмо рафта.

Завҷаи ӯ ҳар гоҳ шавҳарро таъкид мекард, ки аз бозор аз ашхоси арзонфурӯш чойнику пиёла, косаю табақ, дегу дигар асбобҳои рӯзгорро харида биёрад.

Мард бо ҳамин ният рӯзе ба бозор баромад. Ба бозори арзонфурӯшҳо рафт. Дар он ҷо ҳамсоядеҳаашро дида монд. Ӯ ба ин кор машғул будааст. Дар назди ӯ косаю қошуқ, чойнику пиёла ва дегу табақҳои зиёд гузошта шуда. Билол аввал косаю чойникҳоро аз назар гузаронд. Якбора авзояш тағйир ёфт. Моли ба фурӯшмондаи савдогар аз рӯзгори ӯ буданд.

Оҳи бадарде аз қалб баровард. Ин ҳама ашёи рӯзгорро бо меҳнати ҳалол, бо азоби бисёрсола харида буд.

-Ҳамсоя, ин молҳои рӯзгор аз они худатон аст?-пурсид Билол.

-Мани камбағал аз куҷо ин қадар ашёро меёбам?-посух дод ӯ ва афзуд. – Аз “Поле чудес” овардаам.

-Аз “Поле чудес”? Нафаҳмидам! 

-Дар рӯзҳои ҷанг мардум парешон шуда, хонаҳои худро партофта фирор карданд. Ана, пас аз ин дар деҳа аз ҷониби дузду ғоратгарони силоҳбадаст шаб “Поле чудес”, яъне дуздӣ сар шуд. Ҳар киро бахташ хандад, хонаи дороро ғорат мекард. Онҳо инро рамзи «оперативностью» пиндошта, “Поле чудес” мегуфтанд. “Поле чудес”- яъне дуздӣ қомати маро низ рост кард. -Ана ин чиникосаҳо қошуқи чӯбӣ, чойнакҳо пиёла ва дег бошад, дегмони хуб доштанд,-гуфт Билол.

-Шумо инро аз куҷо медонед? - якбора ба худ омада пурсид ҳамсоя.

-Онҳоро фурӯхта, маблағашро ба рӯзгор сарф кардам.

Билол дасти холӣ ба хона баргашт. Ин манзараро ба завҷааш нақл карда дод. Зан гиребон дошта тавба кард.

-Ҳеҷ гап не, мардак, чизе ки ба мо насиб накарда будааст, оё ба каси дигар насиб мекунад?

Не, албатта! Аз ин асбобу анҷомҳо фоида дида бошад, дар ҷойи дигар зарар мебинад. Бисёр, ғам нахӯред, моли дунё боз ёфт мешавад...

Рӯз бегоҳ шуд. Вақти шаб расид. Тақ-тақи дарвоза баланд садо дод. Завҷаи Билол дарвозаро кушод. Ҳамон фурӯшанда аз ҳамсоядеҳа бо аробаи пурбор вориди ҳавлӣ шуд. Аз соҳибхона узри бисёр хоста, лаб ба сухан кушад. -Як қисми боқимондаи асбобу анҷоми рӯзгори шуморо бозпас овардам. Он рӯзҳо ба ман гуфтанд, ки шумо дигар ба Ватан барнамегардед. Барои ҳамин ҳам “Поле чудес” кардам. Пули даромадам ба ман насиб накард. Гови ҷӯшоамро дуздиданд. Завҷаам бемор шуд, маблағи зиёде дар табобати ӯ сарф шуд. Аз мушкилоти зиндагӣ то ба имрӯз баромада наметавонам.

Билол ӯро бахшида, ба канор кашидаш. “Дигар ба “Поле чудес” машғул нашавед, пули аз он бадастомада ҳарому бебаракат аст”,-гуфт...

-Майлаш, тавба кардам,-гӯён мард бо даъвати соҳибхона сари дастархон нишаст...

P.S. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ваҳдат тантана дорад. Дар ин рӯз аз хонадони ҳар як бошандаи хоҷагӣ шодию сурур баланд садо медиҳад. Дар хоҷагӣ ҳоло, мисли пешин, миллату халқиятҳои гуногун дар як оилаи калон дӯстона кору зиндагӣ карда меоянд.

С. АТТОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода