Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Насли ояндасозро ҳидоятгар бошем


Насли ояндасозро ҳидоятгар бошем



Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳандӯстиву инсонпарварӣ ва хештаншиносию худогоҳии миллӣ, роҳ надодан ба гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои хатарноки ифротию тундгаро мебошад. Аз ин хотир, таъкид намудан ба маврид аст, ки мо дар ҳамдастию ҳамкорӣ бо оила, мактаб ва ҷомеа бояд наврасону ҷавононро аз мақсадҳои нопок ва оқибатҳои даҳшатбору хатарноки чунин гурӯҳҳо огоҳонида, онҳоро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ мусаллаҳ гардонем. Аз ҷониби дигар, дар ҳамин замина эшонро ба таҳсилу тадрис, донишандӯзии амиқ ва касбомӯзии замонавӣ равона созем.

Дар моддаи 6-уми боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «Падару модар, новобаста ба он, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Тарбия раванди бошуурона ва мақсадноки парвариши фарзанд аз ҷониби волидон, наздикон, хешу табор ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Рисолати падару модар дар ҳаёт қабл аз ҳама, таълиму тарбияи фарзандон ба шумор меравад. Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар таълиму тарбияи фарзанд падару модар, наздикони ӯ,
омӯзгор ва дар маҷмуъ тамоми аҳли ҷомеа муваззаф
мебошанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мубрам будани масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон таъкид менамоянд.

Бояд гуфт, ки мавқеи тарбия ҳамеша болотар аз таълим аст, зеро тарбия мақоми таълимро муайян менамояд. Тарбияи фарзанд аз вақти таваллуд ва ҳатто қабл аз он оғоз меёбад. Бинобар ин, вазифаи падару модар танҳо хурондану пӯшонидани фарзанд нест, балки онҳоро зарур аст, ки ба таҳсили фарзандони хеш эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои таҳсили фарзандони хеш тамоми шароитро фароҳам орад, то онҳо дар оянда ҳамчун шахси хушахлоқ, баркамол, зиндагидӯст ва ватанпараст ба воя расанд. Инчунин, бояд падару модарон дар якҷоягӣ бо мураббиёну омӯзгорон дар таълиму тарбияи насли наврас дастаҷамъона заҳмат кашанд.

Омӯзгор шаҳсутуни таълим ва тарбия ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бояд муаллим ва мураббӣ аз нигоҳи хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ комилан омода бошанд, чунки пешаи омӯзгорӣ аз шахс масъулияти бузургро талаб мекунад. Абӯали ибни Сино роҷеъ ба ин масъала чунин мегӯяд: «Тарбияткунандаи кӯдак бояд оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат бошад». Ҷойи шубҳа нест, ки бурду бохти масоили марбут ба таълиму тарбияи кӯдакон ба омӯзгор ва мураббии муваффақ ҳамбастагии ниҳоят қавӣ дорад. Барои боз ҳам хубтар иҷро намудани пешаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ муаллим бояд дар дили онҳо нисбат ба Ватан, модар, арзишҳои миллӣ меҳр пайдо
кунад.

Тарбияи ахлоқӣ яке аз омилҳои асосии беҳтар шудани сифати таълим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ба ин ҷиҳати тарбия бештар диққати махсус бояд дод. Дар таълими тарбияи ахлоқӣ омӯзиши ҳикояву афсона, шеъру достон, панду насиҳат аҳамияти басе калон доранд. Зеро баъзе омилҳои беруна, аз қабили таъсири муҳити атроф, кӯча, муносибат бо ҳамсолону калонсолон ба хонандагон осори худро боқӣ мегузоранд. Дар ин раванд бояд таъсиррасонии тарбияи ахлоқӣ дар муассисаҳои таълимӣ нисбат ба таъсиррасонии омилҳои беруна пурқувват бошад. Яъне, ин таъсиррасонӣ хонандаро бояд бештар ба тарбиякунӣ водор намояд. Хонанда бояд ҳар суханро хуб дарк кунад ва дар худ танҳо ҷанбаҳои мусбатро қабул намояд. Воқеан, имрӯз ҷавонони кишвари мо баҳри такмили донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ, омӯзиши эҷодкоронаву ихтироъкорӣ ва маҳорату малакаи хуби касбомӯзӣ азму талош доранд.

Ҷавонони саодатманд дар равиши ҷаҳонишавӣ муттакои асосии ҷомеа буда, баҳри баланд бардоштани садоқати ватандӯстона, дарки ҳодисоту воқеоти зиндагӣ, эҳтироми падару модар, ҳисси садоқат ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ саъю кӯшиш доранд. Илова ба ин, онҳо муқаддасоти миллии хеш-Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Истиқлолият, Конститутсия, забони давлатӣ ва асъори миллиро чун падидаҳои арзандаву дурахшон гувоҳ аз устуворию пойдории кишварамон мисли гавҳараки чашм пос медоранд.

Вазифаи ҳама гуна муассисаҳои таълимӣ, махсусан аз муассисаҳои таълимии томактабӣ сар карда, то муассисаҳои олии касбӣ дар амал татбиқ намудани назарияи таълим ва тарбия мебошад. Тарбия бо таълим робитаи ногусастанӣ дорад ва бамаврид аст, ки бигӯем, асоси таълим тарбия мебошад. Тарбия одобу рафтор аст ва ба назари донишмандон, ахлоқ фалсафаи амалии ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

Ҷавонони мо, ки худ ояндасози миллат мебошанд, бояд бидуни бозгӯӣ ва таъкидҳо, дар заминаи эҳсоси қадршинсӣ барои таҳқим ва такмили арзишҳои миллӣ собитқадамона гом бардоранд. Дар ин замина наврасону ҷавонони мо дар симои худ метавонанд нангу номуси миллӣ, фаҳмиши баланди орифона ва худшиносиву меҳанпарастии аҷдодии хешро бо қувваю мадори рустамона ва фарҳангу маърифати зарифона дарёфт намоянд.

Замони муосир тақозо менамояд, ки бояд оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам равобити қавӣ дошта, якҷоя дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандӯст саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

Раҳимаи Саидҷалол,
омӯзгори МТМУ №53-и шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода