Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Тоҷикистон дар ҷойи якум!


Тоҷикистон дар ҷойи якум!



Тоҷикистон бо шумораи се медали тилло, се нишони нуқра ва як медали биринҷӣ дар радабандии Гран Прии Душанбе-2023 оид ба ҷудо мақоми якумро аз худ кард.

Ёдрас мешавем, ки аввалин бор дар таърих мусобиқаи мазкур дар пойтахти Тоҷикистон рӯзҳои 2-4 июн доир гардид ва ҳазинаи ҷоизаҳояш 100 ҳазор евро буд.

Президенти IJF ҷаноби Мариус Визер изҳор дошт: «Муҳит дар Гран Прии Душанбе мисли барқ буд! Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва президенти он, ҷаноби Исмоил Маҳмадзоирро барои ҳама шавқу ҳавас, заҳмат ва фидокорӣ табрик мегӯем. Мо шоҳиди натиҷаи заҳматҳои душвор гаштем, заҳмати оилаи ҷудои тоҷик, ки соҳиби 7 медал, аз ҷумла се тилло гардид».

Дар ин мусобиқаи бонуфуз 315 варзишгар аз 40 кишвари мухталиф, ки намояндагии панҷ қитъаро доранд, ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар Гран Прии Душанбе-2023 ҷамъан 34 ҷудокор намояндагӣ карданд.

Барандагони медали тиллои мусобиқа 3000 евро, медалҳои нуқра 2000 евро ва ғолибони ҷойи сеюм 1000 евро мукофотпулӣ гирифтанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода